logo

ҳуқуқ

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

РОЗИҚЗОДА Рухсат Мирзоолим,
 судяи Суди вилояти Суғд

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.
Эмомалӣ РАҲМОН

20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои мо - тоҷикистониҳо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар аҳамияти вижа ва шукӯҳи хоса дорад.  Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон, ки  баёнгари  соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, сарнавишти худро тибқи  муқаррароти ин санади олии ҳуқуқӣ муайян намуда, самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои  хоҷагии халқи мамлакатро мушаххас гардонд.
Ин санади тақдирсоз, ки онро  Бахтномаи миллат низ мегӯянд, дар таъмини Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ нақши бориз гузошт. Гузашта аз ин, дар шинохти Тоҷикистон  ҳамчун субъекти баробар ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ  нақши калидӣ бозид.
Мутобиқи  моддаи 1- и Сарқонун Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ  ва ягона  эълон гардидааст. Он давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи нав, ки илҳомбахш ва  поягузори он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва бори нахуст эълон намудани муқаррарот дар бораи амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти  қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил асос гузошт.
Маҳз пас аз қабули Конститутсия зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ,  қабули қонунҳои конститутсионӣ ва санадҳои асосие, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад. Бо ин мақсад 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» ба тасвиб расид, ки дар заминаи он соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул гардиданд. Бо қабули қонунҳои номбурда ба фаъолияти Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ, судҳои  ҳарбӣ оғоз бахшида, сохтори судии мамлакат ба танзим даромад.
Дар як вақт бо ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди судҳои ҷумҳурӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 14 апрели соли1997,  таҳти №692  Барномаи махсуси ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба тасвиб расид. Он ҳамчун яке аз самтҳои муҳими талаботи объективии рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин байн як қатор кодексҳои нав, аз қабили ҷиноятӣ, оила, меҳнат, манзил, гражданӣ (дар 3 қисм), мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ,  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии иқтисодӣ,  иҷрои ҷазо, одоби судяҳо  ва силсилаи қонунҳо қабул  шуданд,  ки дар таҳия ва баррасии онҳо судҳои ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузоштанд.
Боиси зикр аст, ки 26 сентябри соли 1999 бо роҳи  раъйпурсии  умумихалқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд ва барои сохтмони давлати воқеан ҳам демокративу ҳуқуқбунёд қадами устувор гузошта шуд. Дар натиҷаи ин тағйиру иловаҳо Тоҷикистон соҳиби порлумони касбӣ ва доимоамалкунанда гардид. Ваколатҳои Сарвари давлат  васеъ гардида, бо ин асос бо Фармони Президенти мамлакат,  аз 14 декабри соли 1999, таҳти №48 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо ҳамин дар таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ қадами навбатӣ гузошта шуда, бори аввал ҳокимияти судӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баромад.
Сипас, 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки он муносибатҳоро оид ба тарзи ташкил ва фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ ва Шӯрои адлияро вобаста ба масъалаҳои таъмини ташкилӣ ва моддӣ-техникии судҳо, фаъолияти коллегияи тахассусӣ, тартиби санҷиши тахассусӣ ва ҷавобгарии интизомии судяҳо, таъмини моддӣ ва ҳимояи иҷтимоии судяҳо, инчунин тарзи ташкил ва фаъолияти дастгоҳи судҳоро ба танзим медарорад.
Тағйиру иловаҳое, ки  ба Конститутсия 22 июни соли 2003 ворид гардиданд, дар баробари фаро гирифтани асосҳои сохтори кон-ститутсионӣ, ҳуқуқу озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, инчунин салоҳияти мақомоти судиро ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатии аз номи давлат баромадкунанда ва аз тарафи судяҳои мустақил, масъул ва танҳо ба қонун итоаткунанда амалӣ намуданро муайян намуданд. Ҳамзамон, ин тағйиру иловаҳо имкон доданд, ки ваколати судяҳо ба муҳлати 10 сол дароз ва дар ҳамин замина барои наздик шудан ба меъёрҳои байналмилалӣ  шароит фароҳам оварда шавад. Мутобиқи тағйиру иловаҳо синни  номзадҳои ба вазифаи судягӣ пешниҳодшаванда набояд аз 30 кам  ва аз 65 зиёд бошад.
Тибқи моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, ҷиҳати таъмини кафолатҳои конститутсионӣ суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассиса, қонуну адолатро, ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ҳифз намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки “Барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он то имрӯз корҳои назаррасро ба анҷом расонидем”. Ба гуфтаи Сарвари давлат, ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил ва ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ идома ёфта, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул мегарданд. Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст. Ин барнома то охири соли равон бояд ба Президенти кишвар пешниҳод шавад.
Судяҳои Суди вилояти Суғд баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дигар қонунҳои амалкунанда оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати судӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ кор карда, баҳри пешрафти кишвари азизамон - Тоҷикистон саҳми назарраси худро мегузоранд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2014    №: 181    Мутолиа карданд: 560

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед