logo

ҳуқуқ

РИОЯИ САРҚОНУН ВАЗИФАИ ҲАР ТОҶИКИСТОНИСТ

Саидумар МАҶИДОВ,
 ҳуқуқшиноси дастгоҳи
раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе     

Ба шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Бори аввал бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сокинони мамлакат ба ҷонибдории ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз раъй доданд ва яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият, қабули ҳамин санади олии ҳуқуқӣ аст.

Қабули Конститутсия имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори дигар кишварҳои мутамаддини дунё қадамҳои устувори худро дар роҳи эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гузорад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишварамон мебошад. Ин санади муқаддас Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони сокинони мамлакатро дар бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд амалӣ сохт.
Дар моддаи 5-и Сарқонун инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардидаанд. Аз ин ҷиҳат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи қонунҳои асосии замони шӯравӣ тафовути куллӣ дошта, ҳамзамон ба муқаррароти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон мувофиқ мебошад.
Баҳри амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия дар ҷумҳурӣ силсилаи қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расиданд, ки ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи моро ба танзим дароварданд. Ба шарофати Сарқонун тоҷикистониён соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардиданд. Воқеан, Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар, таҳким ва рушди давлатдорӣ заминаи воқеӣ гузошт ва меъёрҳои он эътибори олии ҳуқуқӣ доранд.
Бо назардошти дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсии ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба Конститутсия ду маротиба- 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки ба устувории меъёрҳои он ва пешрафти ҷомеа мусоидат намуданд. Дар асоси ду ислоҳоти конститутсионӣ, аз ҷумла аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардиданд, тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ шуд, ба низоми судӣ Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дохил гаштанд.
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, дар асоси он гузариши ҷомеа аз низоми сиёсии якҳизбӣ ба низоми сиёсии нави бисёрҳизбӣ таъмин гардид. Дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ таъсис ва фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ оғоз ёфт. Аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 3 ҳизби сиёсӣ - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амал мекунанд.
Хусусияти дигари меъёри Конститутсия дар он аст, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Натиҷаи ҳамин сиёсати сулҳҷӯёна аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар самтҳои гуногун бо бисёр кишварҳои хориҷӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Айни ҳол дар ноҳияи Фирдавсӣ 63 корхонаю ташкилоти муштарак фаъолият намуда истодааст, ки ин шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад. Меъёрҳои моддаи 9-и Конститутсия муқаррар менамоянд, ки «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Дар ин маврид вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ, ҳар як рукни ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба сифати мақомоти давлатии мустақил, новобаста аз якдигар доираи муайяни фаъолияти худро дошта, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ амал менамоянд. Чунин тақсимоти ҳокимият барои таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мусоидат намуда, дар дасти як мақоми давлатӣ ҷой доштани тамоми ҳокимият истисно мегардад. Дар баробари ин, таҷзияи шохаҳои ҳокимият ба он худсариҳои гуногуне, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мекунад, роҳ намедиҳад. Аз ин рӯ, маҳз боби шашуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти маҳаллӣ бахшида шуда, ҳокимияти иҷроия низ ҳамчун яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дар қатори ҳокимияти қонунгузор ва судӣ дар доираи салоҳияти худ мустақилона амал мекунад.
Тавре аз талаботи моддаи 12 Конститутсия бармеояд, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Пӯшида нест, ки бо қабули Сарқонун дар Тоҷикистон моликияти хусусӣ рушд ёфта, давлат ба ин шакли моликият таваҷҷуҳи хос дорад, ки ин аз меъёрҳои конститутсионӣ бармеояд.
Самараи Конститутсияи даврони истиқлолият аст, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиёда аз 1388 корхонаю ташкилоти хусусӣ (ҷамъиятӣ), аз ҷумла 5 бозори калонтарини ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Дар ҳамаи ин ободкориҳо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр, назаррас аст. Бояд гуфт, ки таъмини фаъолияти озоди иқтисодии корхонаю ташкилотҳои хусусӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад.
То қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) зинаҳои поёнии ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳраку деҳаҳо низ мавҷуд буданд. Ҳоло дар шаҳраку деҳа мақоми нав - ҷамоат ҳамчун мақоми худидоракунии шаҳраку деҳот амал мекунад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот робитаи зич дошта, барои амалӣ гардидани нақшаҳои онҳо мусоидат намуда, ҳамзамон ёрии молӣ мерасонанд. Тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонанд татбиқи ваколатҳои алоҳидаи худро дар асоси шартнома ва бо маблағгузории ин ваколатҳо ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузоранд.
Мувофиқи моддаи 76-и Конститутсия ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда, онҳо вазифадоранд, ки иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд. Дар ин робита, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №253, аз 29 апрели соли 2009, дар бораи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2019»-ро таҳти назорати доимӣ қарор додааст. Мақомот дар раванди татбиқи барнома ҳамчун ҳамоҳангсоз нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандустӣ ва худшиносию худогоҳии онҳо, ҳамчунин риоя ва эҳтироми Конститутсия бо сокинони маҳаллаҳо, ҷавонону донишҷӯён ва онҳое, ки дар хизмати давлатӣ қарор доранд, семинар - машваратҳо гузаронда истодааст.
Аз нуқтаи назари мо, дар тӯли 20 соли амали Конститутсия он дастовардҳое, ки насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ва азму талоши сокинони мамлакат мебошад. Бесабаб нест, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ба инобат мегиранд. Гузашта аз ин, дастовардҳои мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз бисёр ҷиҳат ба қабули Конститутсия алоқаманд мебошанд. Тоҷикистон давоми бист сол, ки аз қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз мегузарад, дар ҳамаи самтҳо ба натиҷаҳои хеле назаррас ноил шуд. Обрӯи мамлакат бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон хеле боло рафт. Тоҷикистон бо бунёдкориҳои хеш ба сӯи фардо қадамҳои устувор мегузорад.
Имрӯз ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нигариста, шукрона мекунем, ки халқи шарафманди тоҷик барои шукуфоии Ватани маҳбуб ва шинохти ҳарчи бештари он аз сӯи ҷомеаи ҷаҳон пайваста талош дорад. Хулоса, риояи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2014    №: 182    Мутолиа карданд: 604

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед