logo

ҳуқуқ

НАҚШИ СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

Т. СОБИРЗОДА,
раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд  

«Адолати том ва таъмини ҳаққу манфиатҳои ҳамаи аъзои ҷомеа, муассисаю созмонҳо дар ниҳоят ҳалли худро дар фаъолияти мақомоти судӣ меёбанд. Сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва пешрафти муносибатҳои бозорӣ маҳз ба фаъолият ва кафолати судӣ эҳтиёҷ доранд».
 Эмомалӣ РАҲМОН 
 
Мақомоти адлия ва судҳо дар Тоҷикистон баъд аз Инқилоби Октябр, дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ созмон ёфтанд ва рушди онҳо дар шароити мураккаби таърихӣ амалӣ мегардид. Дар натиҷаи тохтутози дастаҳои босмачиён ҳуқуқвайронкунӣ торафт авҷ гирифта, мақомоти махсуси назоратӣ вуҷуд надоштанд. Дар чунин вазъ судҳои қозиёт аз рӯи қонунҳои шариат амал менамуданд.
Баъд аз тақсимоти миллӣ - ҳудудии Осиёи Миёна ва ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон, Кумитаи инқилобӣ ва Ҳокимияти муваққатӣ бо дарки аҳамият ва зарурати мақомоти адлия дар таъмини қонуният, ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ аз рӯзҳои аввал барои созмон додани мақомоти адлия ва судҳо тадбирҳои амалӣ андешиданд. Яке аз чунин чораҳо қабули қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, аз 14 декабри соли 1924, «Дар бораи созмон додани Комиссариати халқии адлия» ба ҳисоб меравад.
Мақомоти адлия ва суд аз рӯзҳои аввали таъсиси худ дар кори татбиқи қонуният, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тарбияи ҳуқуқӣ саҳми босазо гузоштанд. Халқи тоҷик бо арзи эҳтиром ва сипосгузорӣ кору номи неки Т. Сайфиддинов, М. Неъматуллоев, М. Саъдуллоев, Н. Ширинов, Р. Маҳкамов, З. Шарифов, С. Хоҷиёров, Ҷ. Имомов ва дигаронро, ки дар сарчашмаи созмондиҳии мақомоти адлия ва суд истода, содиқона барои рушд ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мубориза бурдаанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Дар ин замина, бо мақсади такмили низоми судӣ - ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ дар мамлакат дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 14 декабри соли 1999 № 48, мақоми нави коллегиалӣ - Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаи он аз пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили мақомоти судию ҳуқуқӣ, мусоидат ба мустаҳкам шудани мустақилияти судҳо, таъмини ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо, хоста гирифтан ва тайёр кардани номзадҳо ба вазифаи судягӣ ва коромӯз - судя, такмили ихтисоси онҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо иборат аст.
Имрӯз Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз ниҳодҳои босалоҳият табдил ёфта, раванди ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст. Дар ин росто, дар ҳамаи соҳаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, фаъолияти мақомоти давлатӣ мунтазам такмил ва рушд меёбад. Ҳамин тавр, ислоҳоти сохтори судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тағйир додани мақомоти арбитражи давлатӣ ба судҳои арбитражӣ ва баъд ба судҳои иқтисодӣ анҷом ёфт, ба раванди ташаккули ҳокимияти судии мустақил ва самаранок мусоидат намуд.
Тавре маълум аст, то соли 1992 баҳсҳои иқтисодӣ аз тарафи арбитражи давлатӣ баррасӣ мегардиданд. Ташкил ва тартиби фаъолияти мақомоти арбитражи давлатӣ аввалин маротиба дар қонун «Дар бораи арбитражи давлатӣ дар СССР», ки аз тарафи Шӯрои Олии ИҶШС, аз 30 ноябри соли 1979, ба тасвиб расид, сабт ёфт. Дар асоси ин санад Низомнома дар бораи Арбитражи давлатии назди Шӯрои Вазирони ИҶШС ва қоидаҳои баррасии баҳсҳои хоҷагӣ аз тарафи арбитражҳои давлатӣ қабул шуданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арбитражи давлатӣ дар фаъолияти худ Низомнома дар бораи мақомоти Арбитражи давлатиро, ки бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, ба роҳбарӣ мегирифт.
Баъди соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 сентябри соли 1991, дар иқтисодиёти мамлакат ислоҳоти куллӣ ба амал омада, шаклҳои гуногуни моликият арзи ҳастӣ намуданд. Ҷойи муносибатҳои нақшавӣ - идоракуниро дар иқтисодиёт, алоқаҳои муътадили мустақилонаи хоҷагидорӣ ва мубодилаи озоди молию пулӣ гирифт. Меъёрҳои ҳуқуқие, ки пеш фаъолияти арбитражӣ ва тартиби ҳал намудани баҳсҳои хоҷагидориро ба танзим медароварданд, акнун ба талаботи шароити нав ҷавоб намедоданд. Аз ин рӯ, зарурати баланд бардоштани нақши арбитраж, васеъгардонии салоҳият ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи он ба миён омад. 10 марти соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки дар онҳо тартиби ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ инъикоси худро ёфтанд.
Қонунҳои зикршуда мақомоти арбитражиро ба додгоҳҳои ҳакамӣ - мақомоти юрисдиксионии мустақил, ки қобилияти ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидориро сарфи назар аз шакли моликият доранд, табдил дод. Баъдтар додгоҳи ҳакамӣ ба судҳои иқтисодӣ табдил ёфта, мақоми онҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, сабт гардид. Маҳз бо ташкил ёфтани муносибатҳои бозорӣ ва рушди он талабот ба таъсиси сохтори судии мустақил, ки махсус барои баррасии баҳсҳои иқтисодии байни субъектҳои хоҷагидорӣ мувофиқ гардонда шудаанд, ба миён омад.
Бинобар зарурияти такмили минбаъдаи қонунгузории мурофиавии хоҷагӣ соли 1995 ду санади нав - Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардид, ки асоси ҳуқуқии сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ гаштанд. Онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомоти комили ҳокимияти судӣ ифода намуда, бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рӯйи парвандаҳои иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти судӣ гузоштанд.
Дар қатори судҳои юрисдиксияи умумӣ ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қароргирифта, манфиатҳои қонунии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият ва шаҳрвандон дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодиро дар доираи салоҳияти муқарраркардаи қонун, судҳои иқтисодӣ амалӣ мегардонанд. Судҳои иқтисодӣ системаи ягонаи судиро ташкил медиҳанд, ки бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шудааст. Имрӯз дар мамлакат 5 суди иқтисодӣ фаъолият дорад, ки системаи судии дузинагиро ифода менамоянд ва Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳамин сохтор шомил мебошад. Дар ин судҳо 38 судя кор мекунад, аз ин 8 нафар дар Суди иқтисодии вилояти Суғд адолати судиро таъмин месозад.
Дар солҳои 1992-2014 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқшиносони варзида ва мутахассисони баландихтисос, аз қабили Ф. Абдуллоев, Б. Худоёров, У. Давлатов, А. Ғоибназаров, Н. Носиров, А. Ашӯров, Лола Азизова, О. Ибронов ва дигарон масъулияти роҳбариро ба зимма доштанд. Айни замон ҳуқуқшиноси шинохта Н. Мансуров раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мавсуф роҳбарии ин мақоми бонуфузи мамлакатро, ки дар рушди босуботи иқтисодиёт, бо таъмини шаффофияти фаъ-олияти мақомоти судӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва ғанӣ гардондани қисми даромади буҷет нақши калидӣ дорад, бо сарбаландӣ пеш бурда истодааст. Муовинони ӯ В. Фатҳиддинов, А. Қодиров, М. Ширинҷонова, судяҳои собиқадор А. Бобохонов, Р. Исматов, С. Эмомова, М. Фаёзова, М. Алиева, З. Абдуллоева, Н. Нозилов, М. Шоҳиён, Х. Назарова, Р. Камолов дар пешрафти мақомоти судӣ нақши назаррас мегузоранд.
Гузашта аз ин, дар давраҳои гуногуни фаъолияти судҳои иқтисодӣ (солҳои 1995 - 2004) собиқ судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Ширинҷонов, Р. Ҷӯраев,  И. Гулов, Х. Комилова, М. Қаҳҳорова ва дигарон дар рушду такомули заминаи илмӣ - амалӣ ва ғанӣ гардондани таҷрибаи ягонаи баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ, саҳми арзанда гузоштаанд. Дар Суди иқтисодии вилояти Суғд давоми солҳои 1995 - 2010 судяҳои арзанда, ба монанди Ҳ. Алиматов, В. Низомов, Ш. Холиқова, М. Кенҷаева роҳбарии судро ба зимма доштанд.
Айни замон, мо дар пешорӯйи ҷашни 90 - солагии мақомоти судӣ қарор дорем. Судҳои иқтисодӣ ҳамчун шохаи ҳокимияти судии мамлакат дар ин чорабинии муҳими умумидавлатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд ҷиҳати рушди босуботи иқтисодиёт, низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти судӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва ғанӣ гардондани қисми даромади буҷети давлатӣ аз тамоми воситаҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд.
Вазифаҳои дигари мо - кормандони мақомоти судӣ ин баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мебошад. Имрӯз бо ибтикори бевоситаи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Зафар Нусрат дар Маркази таълимии судяҳои назди Шӯрои адлия курсҳои такмили ихтисос ташкил гардидааст, ки ба пешрафти кори судяҳо мусоидат мекунад. Шароити дигаре, ки барои судяҳо фароҳам оварда шудааст, ин дар конфронсу машғулиятҳои илмӣ - амалии минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намудани онҳост.
Тавре дар боло ишора намудем, судҳои иқтисодӣ дар ғанӣ гаштани буҷети давлатӣ нақши муҳим мебозанд. Маълумоти оморӣ собит менамояд, ки аз ҳисоби парвандаҳои танҳо дар давоми солҳои охир баррасигардида ба фоидаи давлат ва ташкилоту идораҳо миллионҳо сомонӣ маблағи зарари расондашуда, бақияпулии андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ рӯёнда шудаанд.
Ҳамин тавр, дар соли 2009-ум 1482 парвандаи иқтисодӣ, соли 2010-ум 775 парванда, соли 2011 бошад 823 парвандаи иқтисодӣ барои баррасӣ ба истеҳсолот қабул шудааст. Давоми соли 2012 - 738, соли 2013 - 729 ва дар 5 сол 4547 адад ариза ба истеҳсолот дида шудааст. Аз ҳисоби умумии аризаҳои даъвоии ба истеҳсолот қабулшуда давоми ин солҳо 4101 парвандаи иқтисодӣ ҳаллу фасл шуда, маблағи умумии даъво 428 587 355 сомониро ташкил дода, баъди баррасӣ бо ҳалномаҳои судӣ талаби даъво ба маблағи умумии 316 515 495 сомонӣ қонеъ гаштааст.
Аз ҳисоби парвандаҳои давоми ин солҳо баррасишуда ба фоидаи буҷети давлатӣ (маҳаллӣ) миллионҳо сомонӣ маблағи боҷи давлатӣ рӯёнда шудааст. Масалан, соли 2009  ба фоидаи буҷети давлатии маҳаллӣ 2 130 664 сомонӣ боҷи давлатӣ, соли 2010-ум 1 835 980 сомонӣ, дар соли 2011 бошад ба фоидаи буҷети давлатӣ 2 071 326 сомонӣ, соли 2012-ум 2 214 806 сомонӣ ва дар соли 2013-ум 2 295 416 сомонӣ, дар маҷмӯъ давоми ин солҳо 10 548 192 сомонӣ маблағи боҷи давлатӣ рӯёнда шудааст.
Ғайр аз ин, солҳои 2009 - 2013 аз тарафи суди иқтисодӣ 506 аризаи даъвоии мақомоти давлатӣ оид ба рӯёндани маблағи зарари ба давлат расондашуда ба андозаи 178 984 765 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъди баррасӣ дар 435 ҳолат талаботи даъво асоснок дониста шуда, бо ҳалномаҳои судӣ зарарҳои расонда ба маблағи умумии 157 058 776 сомонӣ барқарор карда шудааст.
Суди иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2014 фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани вазифаҳои судӣ, иҷрои Нақша - чорабиниҳои тарҳрезишуда равона намуда, чун солҳои қаблӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардид. Дар нимсолаи аввал кормандони мо 69 парвандаи иқтисодиро аз рӯи даъвоҳои мақомоти давлатӣ оид ба рӯёндани зарари аз ҳисоби насупурдани маблағи қувваи барқ, об, газ ва пардохтҳои ҳатмии дигар расондашуда ба маблағи умумии 20 572 234,11 сомонӣ баррасӣ карданд. Баъди баррасии судӣ маблағи зарари расонда дар ҳаҷми 19 856 431,43 сомонӣ рӯёнда шуда, ба ҳамин миқдор ба ҳисоби давлат барқарор гардид. Чунончи, аз ҳисоби парвандаҳои баррасишуда рӯёндани маблағи истифодаи неруи барқ, об, газ, ба таври маҷбурӣ ситондани бақияпулии андозҳо, боҷи давлатӣ ва барқарор намудани товони зарар ба ҳисоби буҷети давлатӣ ва корхонаву ташкилоти дахлдор ба тариқи зерин сурат гирифтааст.
Маблағи бақияи андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ 5 168 364,61 сомонӣ, рӯёндани маблағи хизмати обрасонӣ 4 962 225,36 сомонӣ, маблағи зарари аз вайронкунии талаботи экологӣ ба давлат расондашуда 378 271,89 сомонӣ, ҳаққи истифодаи қувваи барқ 9 347 571,12 сомонӣ.
Дар нимсолаи аввал аз тарафи Суди иқтисодии вилоят барои рӯёндани боҷи давлатӣ ба мақомоти андоз 56 варақаи иҷро ба маблағи 428 326,42 сомонӣ ирсол шудааст. Дар ин давра зимни пешниҳоди даъво аз тарафи даъвогарон 1 014 148 сомонӣ маблағи боҷи давлатӣ ба буҷети давлат ворид гардидааст. Ҳамин тавр, маблағи умумии боҷи давлатии дар марҳалаи аввали судӣ рӯёндашуда, бо назардошти пардохти он ҳангоми пешниҳоди даъво 1 442 474 сомониро ташкил дод. Ин нишондиҳандаҳо аз он далолат медиҳанд, ки Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ нақши назаррас гузоштааст. Ҳамзамон, ҳайати кормандони мо тасмим гирифтаанд, ки дар давоми сол нақшаи чорабиниҳоро пурра ба иҷро расонда, бо ҳамин ҷашни бузурги умумидавлатӣ - 90 - солагии мақомоти судиро сазовор истиқбол намоянд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2014    №: 182    Мутолиа карданд: 539

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед