logo

маориф

«НИГАРОНӢ АЗ МАКТАБҲОИ САДАМАВӢ»

(«Ҷумҳурият», №33 15 феврали соли 2014)

Бо мақсади фароҳам овардани шарити мусоиди таълимӣ барои хонандагон, зарурати сохтмони муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо ва биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ қарор доранд, тасдиқ карда шуд.
То имрӯз дар доираи барномаи мазкур  муассисаҳои таълимӣ пурра аз хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо бароварда шуда, аз 284 муассисаи таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта,  бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 166 бинои муассисаҳои таълимӣ азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Тибқи барнома дар ҷумҳурӣ 208 муассисаҳои таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дошта, иҷроиши он ба уҳдаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва сармояи хориҷию дохилӣ гузошта шуда, айни замон 127 бинои муассисаи таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Дар барнома сохтмони нотамоми 75  мактаб ворид гардидааст, ки то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои нотамоми 14 муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 32 бинои муассисаи таълимӣ  идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки дар давоми амалӣ намудани Барномаи мазкур  танҳо аз ҳисоби маблағҳои барои Вазорати маориф ва илм ҷудошуда 48 миллиону 289 ҳазор сомонӣ равона карда шудаст. 
Иҷрои Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо ва биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ қарор доранд. Дар ин давра, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 72,3 фоизро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ 3836 муассисаи таҳсилоти умумӣ   фаъолият дошта, аз он 476 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бинои 1691 муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва бунёд шудани деҳаҳои нав, баъд аз қабули барномаи зикргардида ба таври илова 18 адад муассисаи таълимӣ дар хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо пайдо шудаанд. 
Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сохтмони  муассисаи таълимии №19 деҳаи Роҳи Ленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, сохтмони муассисаи таълимии №58 деҳаи Шӯрқишлоқи ноҳияи Восеъ ва сохтмони муассисаи таълимии №19 деҳаи Чӯбеки ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар вагонхона қарор доранд, оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Дар назар дошта шудааст, ки 15 муассисаи боқимонда, ки одатан аз 2 - 4 синфхона иборат мебошанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сохта мешаванд.
Вобаста ба вазъи физикии муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри  Панҷакент дар назди 31 муассисаи таълимӣ биноҳои таълимӣ ва ё синфхонаҳо барои 6884 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Оид ба 10 муассисаи таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳем, ки аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ лоиҳаи сохтмони муассисаи таълимии №61 деҳаи Моғиён омода гардида, маблағгузории иншоот ба Фонди Саудии Рушд пешниҳод карда шуд. Инчунин, дар доираи амалигардонии марҳилаи чоруми Фонди глобалии таҳсилот сохтмони муассисаи таълимии №18 деҳаи Артуч ва № 56 деҳаи Сӯфиён ба нақша гирифта шуда, соли 2015 сохтмони иншооти мазкур оғоз карда мешаванд.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм сохтмони муассисаи таълимии №16 деҳаи Тагноб ва сохтмони муассисаи таълимии №43 деҳаи Ҳуснобод идома дошта, навбати аввали сохтмони муассисаи таълимии №19 деҳаи Чӯбек ба истифода дода мешавад.
Илова ба ин, аз ҳисоби марҳилаи чоруми Фонди глобалии таҳсилот сохтмони муассисаи таълимии №39 деҳаи Пахтаобод ва №45 деҳаи Бузахона ба нақша гирифта шуда, соли 2015 сохтмони иншооти мазкур оғоз мешавад. 
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сохтмони муассисаи таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар деҳаи Оббурдон соли 2012 ба анҷом расида, сохтмони толори варзишӣ дар назди муассисаи таълимии мазкур соли равон ба истифода дода мешавад. Инчунин, аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Демнора соли равон сохта ба истифода дода шуд.  
Бояд қайд намуд, ки бар асари заминларзаи рӯзҳои 10-11 ноябри соли 2013 дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ рухдода, 4 муассисаи таълимӣ дар шаҳри Ваҳдат ва 1 муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ зарар дида, дар ҳолати садамавӣ қарор гирифт.
Дар шаҳри Ваҳдат сохтмони бинои нотамоми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 иборат аз 4 синфхона дар деҳаи Шӯри Боло ба анҷом расонида шуд.
Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ сохтмони бинои иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар назди мактаби № 80 деҳаи Арбобдара ва  сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди мактаби №115 деҳаи Ҷарбошии шаҳри Ваҳдат ба нақша гирифта шуда, айни замон дар иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Таҷдиду барқарорсозии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини ноҳияи Ҳисор, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди мактаби №23 деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо ва сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди мактаби №16 деҳаи Янгиобод ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад. 
 Сохтмони мактаб барои 320 ҷойи нишаст дар деҳаи Тошбулоқи ноҳияи Ҳисор ба маблағи 1 миллиону 877 ҳазор доллари ИМА идома дошта, мувофиқи нақшаи пешакӣ бинои мазкур моҳи октябри ҳамин сол ба истифода дода мешавад.
  Дар доираи амалисозии марҳилаи чоруми Фонди глобалии таҳсилот ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода шуданд. Тибқи нақша ба марҳилаи чоруми Фонди мазкур сохтмони 22 бинои иловагӣ дар назди мактабҳо, таҷдиду барқарорсозии бинои 2 мактаб ва сохтмони 2 бинои шуъбаи маориф ворид карда шудааст. 
 Ҳамчунин сохтмони мактаб барои 1176 ҷойи нишаст дар деҳаи Арчаи ноҳияи Фархор, сохтмони мактаб барои 1176 ҷойи нишаст дар деҳаи Дониёрқули ноҳияи Бохтар, сохтмони мактаб барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Лиҷҷаки ноҳияи Ваҳдат  ва сохтмони мактаб барои 320 ҷойи нишаст дар деҳаи Тошбулоқи ноҳияи Ҳисор идома дошта, тибқи нақша иншооти мазкур соли равон ба истифода дода мешаванд.
Илова ба ин, сохтмони нотамоми 15 муассисаи таълимӣ барои 9860 ҷойи нишаст, бо маблағи 24 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА ба марҳилаи сеюми лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо», ки аз ҳисоби қарзи Фонди Саудии Рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, ба марҳилаи сеюми лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна», ки аз ҳисоби маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, сохтмони 7 бинои мактаби нотамом ворид мегардад.
Аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод сохтмони 6 муассисаи таълимӣ идома дошта, ба  марҳилаи сеюми барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони 14 муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба нақша гирифта шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб барои солҳои 2014-2019» зиёда аз 100 муассисаи таълимӣ сохтмону азнавсозӣ карда мешаванд.
Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 330 бинои муассисаи таълимӣ идома дошта, то охири соли равон сохта ба истифода додани зиёда аз 240 бинои муассисаи таълимӣ дар назар дошта шудааст.

Эҳсони ХУШБАХТ,
котиби матбуотии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2014    №: 183    Мутолиа карданд: 887

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед