logo

ҳуқуқ

ДАЪВОҲО МОҲИЯТАН БАРРАСӢ ШУДААНД

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» матлаби рӯзномаи «Ҷумҳурият» «Вазирону раисон дар иҷрои фармони № 622 фориғболанд» (15 июли соли 2014, № 134 (22439) ва мақолаи шаҳрвандон А. Гадоев, М. Шарифов, С. Сангинов ва дигар сарварони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Зафаробод бо номи «Президент қарзро бахшид, ҶСК «Суғдагросерв»… не» аз 27 феврали соли 2014, № 41 (22346) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷа муайян гардид, ки аризаи даъвоии ҶДММ «Суғдагротехинвест»-и шаҳри Хуҷанд нисбат ба хоҷагии деҳқонии «Диловар»-и ноҳияи Зафаробод оид ба рӯёндани 75797,28 сомонӣ 21 феврали соли 2012 ба Суди иқтисодии вилояти Суғд ворид ва бо таъйинот аз 15 марти соли 2012 истеҳсолоти парванда бинобар тасдиқи созиши оштии тарафҳо қатъ карда шудааст.
Ҳамзамон аризаи даъвоии ҶДММ «Суғдагротехинвест»-и шаҳри Хуҷанд нисбат ба хоҷагии деҳқонии «Сафар»-и ноҳияи Зафаробод дар бораи рӯёндани 9894,36 доллари ИМА мутаносибан ба 47086,27 сомонӣ 21 феврали соли 2012 ба Суди иқтисодии вилояти Суғд ворид ва бо таъйинот аз 15 марти соли 2012 баррасии парванда бинобар тасдиқи созиши оштии тарафҳо қатъ гашт.
Аризаи даъвоии ҶДММ «Суғдагротехинвест»-и шаҳри Хуҷанд нисбат ба хоҷагии деҳқонии «Абдумалик»-и ноҳияи Зафаробод дар бораи рӯёндани 9518 доллари ИМА мутаносибан ба 45295,26 сомонӣ 21 феврали соли 2012 ба суди номбурда ворид ва бо таъйинот аз 15 марти соли 2012 бинобар тасдиқи созиши оштии тарафҳо истеҳсолоти парванда қатъ гардид.
Аризаи даъвоии ҶДММ «Суғдагротехинвест»-и шаҳри Хуҷанд нисбат ба хоҷагии деҳқонии «Сомониён»-и ноҳияи Зафаробод оид ба рӯёндани маблағи қарз ба миқдори 50081,33 доллари ИМА мутаносибан ба 238332,04 сомонӣ 21 феврали соли 2012 ба Суди иқтисодии вилояти Суғд ворид гардида, бо таъйинот аз 17 апрели соли 2012 истеҳсолоти парванда бинобар тасдиқи созиши оштии тарафҳо қатъ шуд.
Аризаи даъвоии ҶСП «Суғдагротехинвест»-и шаҳри Хуҷанд нисбат ба хоҷагии деҳқонии «Пахта»-и ноҳияи Зафаробод дар бораи рӯёндани маблағи қарз ба андозаи 3197,17 доллари ИМА мутаносибан ба 15215,01 сомонӣ  21 феврали соли 2012 ба Суди иқтисодии вилояти Суғд ворид гардида, бо таъйинот аз 30 марти соли 2012 бо сабаби оштии тарафҳо қатъ гашт.
Аризаи даъвоии ҶСП «Суғдагросерв»-и ноҳияи Спитамен нисбат ба хоҷагии деҳқонии «Шаршара»-и ноҳияи Зафаробод оид ба рӯёндани маблағи қарз, фоиз ва зарари расондашуда ба маблағи 100000 доллари ИМА ба суди номбурда 15 августи соли 2012 ворид ва бо ҳалнома аз 3 октябри соли  2012 қонеъ карда шуд.
Аризаи даъвоии ҶДММ «Суғдагросерв»-и ноҳияи Спитамен нисбат ба хоҷагии деҳқонии «Шомаҳмад»-и ноҳияи Зафаробод оид ба рӯёндани маблағи қарз, фоиз ва ҷарима ба маблағи 7000 доллари ИМА 15 августи соли 2012 ба Суди иқтисодии вилояти Суғд ворид ва бо ҳалнома аз 2 октябри соли 2012  қонеъ гардид.   
Ҳамчунин бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 6 сентябри соли 2012 даъвои ҶСП «Суғдагросерв»-и ноҳияи Спитамен нисбат ба хоҷагии деҳқонии «Шамтуч -2»-и ноҳияи Зафаробод дар бораи  рӯёндани 10000 доллари ИМА маблағи қарз, фоиз ва ҷарима қонеъ гашт.
ҶСК «Пахтаи Нов»-и ноҳияи Спитамен ба Суди иқтисодии вилояти Суғд бо аризаи даъвоӣ нисбат ба хоҷагии деҳқонии «Тагоб»-и ноҳияи  Зафаробод оид ба рӯёндани 8749,10 сомонӣ 13 октябри соли 2011 муроҷиат намуда буд. Даъво бо ҳалнома аз 20 декабри соли 2011 қонеъ шудааст.
Ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки даъвоҳои тарафҳо бо парвандаҳои мазкур моҳиятан баррасӣ гардида, аз ҷониби суд қарорҳои дахлдор қабул шуда, нисбат ба онҳо аз ҷониби иштирокчиёни парванда шикояти кассатсионӣ пешниҳод нагардидааст ва онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд.
Ба Суди иқтисодии вилояти Суғд парвандаҳо бо ҷавобгарии хоҷагиҳои деҳқонии «Заҳматобод», «Даҳкат», «Маматқул Бобо», «А. Турсун», «У. Аҳмад» ва «Холмурод»-и ноҳияи Зафаробод ворид нашудаанд.
Тибқи талаботи моддаи 96 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» санҷиши қонунӣ будани санадҳои судие, ки судҳои поёнӣ қабул кардаанд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз тарафи суди болоӣ сурат гирифта, тарафҳои норизо аз санадҳои судии қабулгардида метавонанд нисбат ба онҳо бо шикоят ба суди болоӣ муроҷиат намоянд.
Вобаста ба ваҷҳи шикоят оид ба ҳаракатҳои иҷрочиёни Суди иқтисодии вилояти Суғд тазаккур медиҳем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2008, № 408 истеҳсолоти иҷро аз тобеияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шудааст.
Бинобар ин, муроҷиаткунандагон метавонанд доир ба ҳаракатҳои иҷрочиёни Суди иқтисодии вилояти Суғд ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Ҷ. САИДЗОДА,
муовини аввали раиси Шӯрои адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2014    №: 183    Мутолиа карданд: 580

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед