logo

маориф

ОЁ КИТОБИ ДАРСӢ ФУРӮХТА МЕШАВАД?

Бо фаро расидани соли нави хониш нигаронии волидайнро дар мавриди дастрас кардани китобҳои дарсӣ, дар мактаб аз хонандагон дархости маблағ ва то 30 сомонӣ боло шудани нархи китобҳои дарсӣ ба бор овард; масъалаҳое, ки тибқи қонунгузории кишвар роҳандозиашон манъ аст. Таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ дар асоси Низомномаи Вазорати маориф ва илм сурат мегирад. Пас ин нархи гарони китобҳои дарсӣ, талаби маблағ аз хонандагон ва рӯзи аввали хониш, пардохти 450 сомонӣ барои хонандагоне, ки дар синфи 1-ум қабул мешаванд, аз куҷо манша мегирад?

Момагул Шодиева, сокини шаҳри Ваҳдат, мегӯяд, ки рӯзи аввали хониш омӯзгорон ба фарзандонаш рӯйхати китобҳои дарсиро пешниҳод кардаанд, то аз бозор бихаранд.
- Дар бозорҳои шаҳри Ваҳдат китобҳоро наёфтем ва ба пойтахт, шаҳри Душанбе, роҳ пеш гирифтем. Дар ин ҷо дар фурӯшгоҳи «Олами китоб» китобҳои дарсӣ аз 30 то 50 сомонӣ нарх доранд. Ман бояд то 12 китоби дарсӣ бихарам. Чӣ тавр? Вақте Вазорати маориф ва илм имконияти бозорро бо китоби дарсӣ таъмин кардан дорад, чаро мактабҳоро таъмин намекунад? Чаро дар бозор бо нархи гарон барои хонандагон пешниҳод карда мешавад, аммо дар мактаб бо нархи дастрас не? Ҳамагӣ 3 китобро бо нархи 20, 25 ва 30 сомонӣ харидам, зеро барои боқимонда китобҳо маблағам нарасид. Пас хонандагони дигар чӣ кор мекунанд, бе китоб ба мактаб мераванд? Ин аст мушкили маорифи мо, ки монеи таҳсили босифати онҳо мегардад,- мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» фурӯши китобҳои дарсиро манъ кардааст. Китобҳои дарсӣ танҳо дар асоси меъёри ҳуҷҷатӣ тариқи шартнома ба хонандагон ба иҷора дода мешавад. Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илм арзиши баланди китоби дарсӣ то 13 сомонӣ аст.
Комил Исоев, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм, мегӯяд, ки сарфи назар аз назорати шадиди нашри китобҳои дарсӣ бо роҳҳои гуногун вориди бозор мешаванд. Аммо китобҳои дарсие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илм дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шудааст, камтар аз 13 сомонӣ арзиш доранд.
- Мо ҳоло барои оянда фармоиши нашри китобҳоро ба роҳ мондем. Барои соли хониши 2014 фармоише, ки буд, сари вақт китобҳоро нашр карда, ба вазорат супоридем. Дар анбор китобҳое ҳам хобанд, ки мактабҳо дархост намекунанд. Ҳолатҳое мешавад, ки бинобар аз эътибор соқит донистан ё пеш омадани эҳтиёҷот давоми соли хониш ҳам китоб нашр мекунем. Аммо ягон китоби дарсии нашркардаи мо вориди бозор намешавад. Барои соли ҷорӣ 19 номгӯйи китоби дарсӣ фармоиш шуда буд, нархи баланди он 13 сомонӣ аст ва сари вақт нашр карда, ба фармоишгарон супоридем. Ягон дона аз фармоиш зиёд нашр намекунем. Ҳоло мақомоти дахлдор китобҳои дарсиро аз мағозаҳо мусодира карда, ба анбори мо оварданд ва тафтишот рафта истодааст. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳам дар ин масъала ба мо ҳамкорӣ дорад. Барои чӣ волидайн дар ин масъала ба мо муроҷиат намекунанд?- иброз дошт Комил Исоев.
Соли ҷорӣ 1 миллиону 7200 хонанда дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, гимназияҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд. Агар аз 1 миллион хонанда 10 сомониӣ маблағ ҷамъ шавад, 17 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин ҷо миллионҳо сомонӣ чарх мезанад. Пас беш аз 10 миллион теъдод китоби дарсӣ дар раванди таълим зарур мебошад. Барои онҳое, ки мехоҳанд бозори фурӯши худро гарм нигоҳ доранд, имконияти «судманд» аст. Дар мағозаи маъруф ба «Олами китоб»-и пойтахти кишвар китобҳои дарсии «Забони модарӣ» ва «Математика» аз 25 то 30 сомонӣ арзиш доранд. Вақте аз фурӯшандаҳо аз куҷо дастрас кардани китобҳои дарсиро суол додем, ҷавоби дақиқ гирифта натавонистем. Ба ҷуз он, ки «апа, мехаред, гиред 25 сомонӣ, арзон мекунам. Намехаред, милисаен, ки ин қадар мепурсед?».
 Комил Исоев мегӯяд, ки набояд мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мушкили норасоии китоби дарсиро дар соли хониши соли ҷорӣ дошта бошанд. Зеро фармоишоте, ки дода буданд, пурра иҷро шудааст:
- Дар нашри китобҳо норасоии маблағ ва дер нашр шудан ҷой дорад. Аммо ба ин маъно нест, ки барои маблағ ба бозор барорем. Солҳои пеш китобҳои дарсӣ дар хориҷи кишвар нашр мешуд, назорати воридот ва қочоқи он каме душвор буд. Маблағҳои буҷетӣ ба хориҷи кишвар мерафт. Ҳоло китобҳои дарсӣ пурра дар кишвар нашр мешавад. Дар ҳар як мактаб бахши китобдорӣ фаъолият мекунад. Китобдор ё директори мактаб китоби махсуси тақсими китобҳои дарсиро дорад. Ин китоб барои се сол пешбинӣ шудааст. Волидайн чанд китоберо, ки бо кадом арзиш мегиранд, дар китоби махсус имзо мегузоранд. Мо ҳар як дафтари китобдориро дар мактабҳо тафтиш мекунем. Камбудии бо нархи зиёд фурӯхтани онро намеёбем. Ҳол он ки нархнома ва муқаррароти истифодаи китоб дар санаде дар китобхонаҳои мактабҳо аст. Волидайн бояд донанд, ки ҳатман дар дафтар имзо мегузоранд, ки дар чанд сомонӣ чанд китоби дарсӣ харидаанд.
Зокир Боев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, ки омӯзгорон тавассути фарзандаш китоб фиристоданд ва нархи ҳар як китобро 25 сомонӣ гузоштаанд.
- Агар омӯзгор мехост, метавонист фаҳмонад, ки бояд волидайн омада дар китоб имзо гузоранд. Ҳатман ба ман занг мезаданд ё хаттӣ ду ҷумла менавиштанд, ки барои китоби дарсӣ гирифтани фарзандатон ба мактаб ташриф биоред. Он гоҳ ман мерафтам, онҳо тартиби гирифтани китоби дарсӣ ва дар китоб имзо гузоштанро мефаҳмониданд. Аммо бо вуҷуди ин рафтам, ки чаро китобҳо гарон аст? Гуфтанд, нашри тозаанд. Дар бораи имзо дар дафтари қайди китоб ҷойи гап нест. Шояд худашон имзо гузоранд?- мегӯяд Зокир Боев.
Ҳамидулло Фақиров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, бо директорон ва китобдорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияҳо ва литсейҳои чаҳор ноҳияи пойтахт машварати корӣ доир намуд. Мавсуф баъди суолҳои мо оид ба масъалаҳои дар боло зикршуда дар соҳа хоҳиш кард, то дар ин машварат иштирок кунем. Суолҳои худро рӯ ба рӯ ба директорони мактабҳо иброз намуда, ошкоро рафти онро тавассути васоити ахбори омма инъикос намоем. Ҳамин тавр шуд.
- Мактаб даргоҳи муқаддас аст. Медонам, камбудиҳо, вазниниҳо ва норасоиҳо ҳаст, аммо масъулият ва иҷрои он муҳимтар мебошад. Вақте ҷойе мешунавам, ки мактаб вазифаи худро анҷом намедиҳад, аламовар аст. Набояд, фаъолияти мактабро чунин арзёбӣ кард. Шояд камбудӣ дар рафтори омӯзгор бошад ва бояд бо кумаки волидайн онро ислоҳ кунем. Масҷид ҷойи муқаддас барои эътиқод бошад, мактаб ҷойи муқаддас барои шахсият гардидан аст. Ҳоло хонандагон аз гимназия ва литсейҳои то 1000 доллар арзишдошта ба мактаб баргашта омада истодаанд. Пас ин обрӯи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст, набояд ин шарафро зери суол барем. Волидайн ҳам дар амалҳои ғайриқонунии омӯзгорон ва таълим дар мактаб даст ба даст бошанд. Соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мактабҳои шаҳри Душанбе натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварданд. Пас чаро мо меҳнати чандинсоларо бо як-ду рафтори бемасъулиятонаи чанд омӯзгор барбод диҳем? Ба меъёри таҳияшуда бояд риоя кунем. Волидайн набояд ба рафти дарс халал расонанд, аз хонанда маблағ талаб карда шавад, маблағро аз рӯи Оиномаи қабулшуда, бояд тариқи суратҳисоб қонунӣ супоранд, - иброз дошт Ҳамидулло Фақиров.
Директорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба мо дархости маблағ аз хонандагонро рад карданд.
Раёсати маорифи шаҳри Душанбе робитаи волидайн бо роҳбариятро ба роҳ мондааст. Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯйхати ному насаб, вазифа ва рақамҳои телефонии мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахтро дар даромадгоҳҳо овезон кардаанд, то бо пеш омадани масъалае мустақиман бо роҳбарияти маорифи ноҳия ва шаҳр муроҷиат кунанд. Масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии пойтахт мегӯянд, ки то ба ҳол ягон муроҷиати телефонӣ ё хаттӣ аз волидайн нагирифтаанд. Пас бо пайдо шудани масъалаҳо волидон ба мутасаддиёни соҳа муроҷиат намекунанд?

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2014    №: 184    Мутолиа карданд: 1026

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед