logo

ҳуқуқ

ТАҲКИМБАХШИ МАҚОМОТИ СУДӢ

А. НАЗАРЗОДА,
муовини раиси Суди вилояти Хатлон

Адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бошад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Сокинони мамлакат 6 ноябри соли равон бистумин солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Боиси хушҳолист, ки таҷлил аз ин ҷашни бузург бо навадумин солгарди мақомоти судии кишвар рост меояд. Пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нав дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии мамлакат тағйироти куллӣ ба амал овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.
Конститутсия қонуни асосии давлат аст, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, асосҳои системаи сиёсати ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро муқаррар мекунад. Қабули Конститутсия шакли идора, намуду сохти давлатӣ, тартиби ташкили системаи асосии адолати судиро таҳким мебахшад. Мақомоти судии Тоҷикистон дар давоми солҳои фаъолияти худ қонуният, ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии халқро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифз намудаанд ва минбаъд низ ҳифз хоҳанд кард.
Агар мо ба таърихи ташкилёбӣ ва ҳолати тоинқилобии мақомоти судӣ дар Тоҷикистон назар афканем, дармеёбем, ки вазифаи асосии судҳо таъмини қонуният, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ будааст. Маврид ба зикр аст, ки пас аз пош хӯрдани давлати шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, аз аввал душманони миллат бо ҳар роҳ мехостанд давлати ҷавони тоҷиконро аз байн бибаранд. Ақлу заковати миллати тоҷик пирӯз гардид ва дар Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон созмони ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт ва он минбаъд дар таҳкими истиқлолият, ваҳдат, сулҳу субот, худшиносии миллӣ нақши муҳим бозид.
Мақомоти судии Тоҷикистон дар он солҳои нооромӣ қарорҳои Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16 ноябри соли 1992 ва дастуру супоришҳои Cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри оромии ҷомеа, якпорчагии давлати навини тоҷикон корҳои назаррасеро ба сомон расонданд. Пас аз қабул гардидани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва бехатарии давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти судии ҷумҳурӣ супориш доданд, ки лоиҳаи қонунҳоеро таҳия намоянд, ки ба талаботи замон ва меъёрҳои байналмилалии марбут ба рушди низоми судӣ мувофиқ бошанд. Бинобар ин, соли 1995 як қатор қонунҳои конститутсионӣ, назири «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судҳо» таҳия ва қабул шуданд, ки нақши ҳокимияти судиро дар ҷомеаи навини тоҷикон баланд бардоштанд.
Аввалин маротиба тибқи меъёр-ҳои Сарқонун ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим карда шуд. Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардида, барои таҳкими ҳокимияти судӣ, таҳияи дархостҳо оид ба ислоҳоти судӣ, хоста гирифтану пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ, озод намудани судяҳо аз вазифа Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ғайр аз ин, 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он бевосита аз меъёрҳои Конститутсия буда, тарзи ташкил ва фаъолияти судҳо, ҳамчунин фаъолияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои таъмину ташкили моддиву техникии судҳо ба танзим медарорад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаи касбӣ ва дараҷаи дониши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 марти соли 2003, дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо ташкил карда шуд, ки имрӯз баҳри баланд бардоштани сатҳи малакаи касбӣ ва дараҷаи дониши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо мақоми махсусеро доро мебошад.
Тибқи талаботи моддаи 84 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд. Мустақилияти судҳоро моддаҳои 84 ва 87 -и Сарқонун кафолат медиҳанд. Дар моддаи 84 омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Мувофиқи моддаи 87 судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Маврид ба зикр аст, ки барои таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 июни соли 2007, тасдиқ гардида, ин ислоҳот то соли 2011 идома ёфт. Инчунин Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 идомабахши он ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буда, дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳия шудааст.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 23 апрели соли 2014, бори дигар таъкид карданд, ки бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда дар ҳоли таҳия шудан аст. Мақсад аз таҳияи барномаҳои мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муасиссаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо мебошад.
Мақомоти судии Тоҷикистон дар ҷараёни рушду такомули худ борҳо тағйири сохторӣ ёфтаанд, ҳарчанд моҳияти фаъолияти асосии онҳо-таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд тағий-рнопазир мемонад. Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, бигзор Конститутсия боз садсолаҳо роҳнамои халқи мо ба сӯи ҷомеаи озоду пешрафта ва мутамаддин бошад, то ки давлати тоҷикон дар сафи давлатҳои тараққикардаи дунё қарор бигирад.
Ин ҳама натиҷаи дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, мо - судяҳоро вазифадор месозад, ки бо дилу нияти пок, хидмати содиқона ба ҳалқ, саҳм гузоштан дар ободию шукуфоии сарзамин, пеш аз ҳама, баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандии давлати навини тоҷикон, рушди демократия ва пойдорию устувории Ватани азизамон -Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2014    №: 184    Мутолиа карданд: 704

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед