logo

мулоқотҳо

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Яман аз натиҷаи мулоқотҳо изҳори қаноатмандӣ карданд

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН:


Намояндагони мӯҳтарами васоити ахбори омма! Дар мулоқот ва музокироти муфассалу муфид, ки дар ҷараёни сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Яман, Ҷаноби Олӣ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон доир гардиданд, самтҳо ва арсаҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бори дигар- баъд аз сафари порсолаи расмии ман ба Яман -мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд.
Мо зарурати ба сатҳи шоиста баровардани ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманди байни ду кишварро таъкид намудем. Дар шароити рушди босуръати иқтисодии Тоҷикистон ва, бахусус, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои зиёди судманди иқтисодӣ, ин ҳамкорӣ метавонад густариш ёбад ва омили рушди муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст гардад. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар мо эҷоди заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориро идома дода, санадҳои муҳими дуҷонибаро, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расонидем.
Мо ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ду кишварро арзишманд медонем ва қаноатмандем, ки дар ин иртибот тавофуқоти муҳим ба даст омадаанд.
Дар ҷараёни мулоқоту музокирот роҷеъ ба масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ низ табодули афкору назариёти муфид сурат гирифт.
Қобили зикри хос аст, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои созандагӣ, ҳусни ният ва эҳтироми мутақобил сурат гирифтанд. Мо аз натиҷаҳои сафари Ҷаноби Олӣ ба кишварамон қаноатмандем ва мутмаинем, ки татбиқи паймонҳои ҳосилшуда оғози накӯи марҳилаи муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Яман мегардад.

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии
Яман Алӣ Абдуллоҳ СОЛЕҲ:


Ман аз сафар ба Тоҷикистон ва вохӯрӣ бо Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хурсандӣ ва саодат мекунам. Ва барои шумо мегӯям, ки роҳҳои таҳким бахшидани дӯстии байни Тоҷикистон ва Яманро Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кушоданд. То ҷое, ки шумо медонед, соли гузашта сафари расмии Ҷаноби Олӣ ба мамлакати мо сурат гирифта буд. Муносибатҳои Яман ва  Тоҷикистон қадима ва таърихӣ мебошанд. Рағбати холисонаи роҳбарияти ҳар ду кишвар имконият медиҳад, ки муносиботи Тоҷикистон ва Яман то ба сатҳи ҳамёриҳои ростин бирасад ва ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар хидмат бикунад.
Инчунин мо чанде аз масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро, ки мавриди эҳтимоми муштарак мебошанд, мавриди баррасӣ қарор додем. Аз ҷумла, мавзӯи бӯҳрони Ховари Миёнаро. Ва мо ҷонибдории ин масъаларо аз ҷониби кишварҳои олами ислом тақозо намудем ва дар Яман онро пайгирӣ мекунем.
Пешниҳод месозем, ки дар минтақаи Ховари Миёна сиёсати ҷангхоҳона ва ҷангҷӯёнаро пеша накунанд.
Дар мавриди муносибатҳои дуҷониба мо ба мувофиқа расидем, ки  комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Яман таъсис дода шавад, то дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам оянд. Мо иттилоъ доштем, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари шумо сулҳ оварданд, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш гардонданд. Дар чанд соле, ки ба Тоҷикистон сарвар ҳастанд, ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд ва мо аз ин муваффақиятҳо ифтихор дорем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 782

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед