logo

ҳуқуқ

ПОЙДЕВОРИ БОЭЪТИМОД

«Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид», - омадааст дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ.

Дар ҳақиқат, Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар, таҳким ва рушди давлатдорӣ заминаи воқеӣ гузошт. Он на фақат қонуни асосӣ, балки санади махсусест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад.
Мувофиқи Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи  Тоҷикистон эълон шудаанд.
Дар натиҷаи ду ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимоамалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар андешаҳои демократӣ ба Конститутсия ворид гардиданд. Ин ҳама барои устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард. 
Конститутсия мазмуни демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистонро муқаррар мекунад, ки барои пурра татбиқ шудани ин мафҳум арзишҳо ва сифати ормонҳои мардуми мо вақту замони муайян зарур аст. Конститутсия, инчунин як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, маҳали зист, озодии сухан, меҳнат, истироҳат ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намуда, ҳифзи судии онҳоро кафолат додааст, ки ин ҳам ифодакунандаи моҳияти демократӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маюб ва занон, боздоштани татбиқи ҷазои қатл ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат медиҳад.
Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро дар кишвар фароҳам оварда, барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва нақшаву лоиҳаҳои созанда ва болоравии нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт. Ин санади олии ҳуқуқӣ, ки 20 сол муқаддам мардуми шарифи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ барои худ ва наслҳои оянда қабул кард, бахтномаи миллат ва ҳуҷҷати бузургест, ки дигар қонунҳои қабулшудаю қабулмешуда аз он сарчашма мегиранд ва об мехӯранд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба таври доимӣ дар устувории он ҳамчун як рукни муқаддасоти миллӣ азму талош намоем.

Фурқат ҶАББОРОВ,
судяи Суди шаҳри Истаравшан   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2014    №: 185    Мутолиа карданд: 570

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед