logo

ҳуқуқ

ОЙИННОМАИ ЗИНДАГӢ

Гулчеҳра МАҲМАДИЕВА,
мудири бахши шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие,
ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз
мегарданд».
(Моддаи 14 Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон)

6 ноябри соли 1994 дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хатҳои заррин сабт шудааст. Дар ин рӯзи таърихӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Агар ин санад барои мо ойинномаи зиндагӣ бошад, пас барои аҳли башар шиносномаи давлат ба ҳисоб меравад. Зеро дар он марому мақсади мо, роҳи сиёсии интихобкардаамон, меъёрҳо ва принсипҳои сохти давлатдории тоҷикон дарҷ гаштааст.
Сарвари давлат ҳангоми таҳияи Конститутсияи нав, ҳамчунин ба мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда , таъкид карда буд, ки мазмуну мундариҷаи ин санад бояд пурра ҷавобгӯи ҷомеаи пешрафта бошад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистони моро ҷаҳониён ҳамчун давлати соҳибистиқлол мешиносанду эътироф мекунанд. Махсусан суханрониҳои Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ боис гаштааст, ки  ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мероси баланди фарҳангидошта шиносад ва эҳтиром кунад.
 Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ кафолати устувории давлату давлатдориамон мебошад. Он дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мо тағйироти куллӣ ворид намуд. Ин ҳуҷҷат шаҳодатномаи адолатхоҳӣ, бунёдкорӣ, сулҳҷӯиву ваҳдатталабии мардуми Тоҷикис-тон аст. Мо - сокинони ин диёри озодаро лозим аст, ки барои рушди муносибатҳои навини иҷтимоӣ ва тарғибу ташвиқи арзишҳои ҷомеаи мутамаддин ва давлати демократӣ ҳар як сатри Сарқонунро гаштаву баргашта омӯхта, эҳтиром ва риоя намоем.
Конститутсия барои фароҳам овардани сулҳи комил ва ризоияти миллӣ нақши асосӣ бозид. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият даровард. Мо сокинони диёр роҳи ояндаи худро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав бармало дидем. Дарк кардем, ки дар мамлакат ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дорост. Яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад. Зеро қонуният омили асосии оромӣ ва шукуфоии меҳани мост. Маҳз дар ҳамин сурат мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ - эъмори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона муваффақ шавем.
Дар дебочаи Конститутсия омадааст:
«Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Ҳар як сокини диёр муваззаф аст, ки ин суханҳоро муқаддас шумурда, аз рӯи онҳо амал намояд. 6-уми ноябр 20 - солагии қабули Конститутсияро ҷашн гирифта, ҳамаи он бурду бохте, ки Тоҷикистони азизамон тӯли ин солҳо доштааст, пеши назар меорем. Ҳамагон шоҳид будем, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон замоне  сари қудрат омад, ки сохторҳои давлатӣ  фалаҷ шуда буданд. Мардум ба ояндаи нек бо шубҳа менигаристанд. Аз нахустин рӯзҳои роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар кори давлатдорӣ истеъдоду ҳунари фавқулода нишон дод. Ӯ дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи миллат масъулияти барқарорсозии сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи озоду кишвари ободро ба уҳда гирифт. Дар як муддати кӯтоҳ гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, харобаҳо ба ободӣ табдил ёфтанд, садҳо мактаб, кӯдакистон, беморхона, роҳу иншооти азим қомат рост карданд.
Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, дурбинона, сулҳдӯстона, меҳанпарварона, одилона ва оқилонаи Сарвари давлат миллати тоҷик аз парокандагӣ раҳо ёфт ва ба аҳли олам дорои фарҳанги чандинҳазорсола будани худро собит намуд. Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардида, забони ширину ноби тоҷикӣ давлатӣ гашт. Хизматҳои Сарвари давлат дар роҳи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, боло бурдани худшиносию худогоҳии мардум, пешрафти иқтисодиёт ва маънавиёт, раҳоии  кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти ғизоӣ хеле назаррас аст.
Сарвари давлат борҳо таъкид кардааст, ки боарзиштарин дороии Ватан ин неруҳои ақлӣ ва зеҳнӣ буда, ба қадри эҷодкорон расидан ин баробар аст ба қадри волидайн расидан. Дар моддаи 40-и Конститутсия омадааст: «Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти ақлӣ дар ҳимояи қонун аст». Ин аст, ки имрӯз эҷодкорони кишварамон озодона эҷод карда, асарҳои тарбиявӣ офарида, дар тарбияи насли наврас ҳиссагузор мебошанд.
Ман низ чун узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба пешвози  20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби панҷуми худ «Чордодарон» - ро ба дасти чоп додам. Хостам ба воситаи ин роман дар замири дили ҷавонон тухми меҳру муҳаббат, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ваҳдати миллӣ бикорам, зеро ин ҳама осон ба даст наомадааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2014    №: 185    Мутолиа карданд: 500

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед