logo

ҳуқуқ

КАФОЛАТИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ

Ғуфрон БОЙМАТОВ,
адвокати машваратгоҳи ҳуқуқии шаҳри Қайроққум,
узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд

Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин омили муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризоияти шаҳрвандӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар ҷомеа буда, волотар аз қонун ва дигар санадҳои меъёрист, ки асоси давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар он инъикос меёбад.
Эмомалӣ РАҲМОН

Таҳти мафҳуми Конститутсия дар илми ҳуқуқшиносӣ қонуни асосии дорои қувваи олии ҳуқуқӣ дарк карда шуда, истилоҳи он ҳанӯз дар Рими қадим арзи ҳастӣ дошт. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, инъикосгари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, танзим ва ҳифзу кафолати онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ арзёбӣ намудааст. Зеро ки моддаи 5-и он инсон ва ҳуқуқу озодиҳояшро арзиши олӣ эътироф карда, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат додааст. Ин аст, ки ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар Сарқонуни кишвар мавқеи асосиро ишғол намудааст. Ба  ин масъала бахшида шудани аз се як ҳиссаи он (боби дуюми Сарқонун, иборат аз 34 модда) аз волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дарак медиҳад.
Дар моддаи 19 - и Конститутсия дарҷ гардидааст, ки «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дошта, ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад». Аз ин нуктаҳо бармеояд, ки Конститутсия ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ низ кафолат додааст. Гузашта аз ин, шахсони мансабдор ва мақомотеро, ки пешбурди чунин парвандаҳоро ба зимма доранд, вазифадор намудааст то шаъну шарафи шахси таҳти таъқиби ҷиноӣ қарордоштаро эҳтиром намуда, риояи дахлнопазирии шахсиятро ба ҷой оранд.
Тибқи меъёрҳои конститутсионӣ ва санадҳои дигари ҳуқуқӣ, ки эҳтимолияти бегуноҳиро пешбинӣ намудаанд, ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад ва уҳдадории исботи айб ба зиммаи айбдоркунанда гузошта шудааст. Айбдоршаванда уҳдадор нест, ки бегуноҳии худро исбот намояд. Дар баробари дахлнопазирии шахсият Конститутсия инчунин ба ҳар шахс дахлнопазирии манзил, маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот, сирри шахсию оилавӣ ва таъмини ҳуқуқи ҳимояро кафолат додааст.
Ҳамзамон, Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи кишвар муқаррар намудаанд, ки шаҳрванд дар баробари ҳуқуқу озодиҳо, инчунин масъулият ва уҳдадориҳоеро дорост, ки тибқи нишондоди қонуни асосӣ ӯ муваззаф аст талаботи қонунро қатъиян риоя намуда, ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи шахсони дигарро эҳтиром намояд.
Тавре огаҳӣ дорем, дар давоми қариб 20 соли арзи ҳастӣ доштани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шарофати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидани Ватани маҳбубамон шаҳрвандон ҳарчӣ бештару хубтар аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ бархӯрдор гардида, баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон пайваста талош меварзанд. Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли қариб 23 соли Истиқлолият бо меъёрҳои конститутсионии худ ба як давлати озоду шукуфо табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намудааст, ки боиси хушнудии ҳар як фарди ватандӯст аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2014    №: 186    Мутолиа карданд: 578

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед