ҳуқуқ
СУДҲОИ ҲАРБӢ
ИСКАНДАРЗОДА Тоҳир Саъдоншо,
раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон, полковники адлия
Пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ва соли 1991 ба даст овардани Истиқлолият дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тағйироти ҳаётан муҳим ба миён омаданд. Ин дигаргуниҳо низоми судии кишварро низ дарбар гирифтанд.
Дар ҷумҳурӣ баъди эълони Истиқлолият то соли 1992 низоми судии шӯравӣ дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул гардида буд ва Қонуни конститутсионӣ аз 18 декабри соли 1981 «Дар бораи низоми судии ҶШС Тоҷикистон» амал мекард.
Судҳои ҳарбӣ то аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти унвони «Трибуналҳои ҳарбӣ» ба низоми ягонаи судии шӯравӣ тааллуқ доштанд ва адолати судиро дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи кишвар ба амал мебароварданд.
28-уми декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми судӣ» қабул гардид, ки мутобиқи он низоми судӣ аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ, суди ВМКБ, суди шаҳри Душанбе, судҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), судҳои арбитражӣ ва судҳои ҳарбӣ иборат буд. Бо қабули ин қонун бори нахуст судҳои ҳарбӣ арзи ҳастӣ намуданд ва то имрӯз рисолати худро дар назди халқу давлати тоҷикон бомуваффақият иҷро менамоянд. Ҳамон сол қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ваколатҳои судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки дар ташаккули низоми судии кишвар нақши муҳим бозиданд. Баҳри амалӣ гардондани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ бо фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил кардани додгоҳҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Хуҷанд, Хатлон», аз 18 июни соли 1994, таҳти №1715 судҳои ҳарбии гарнизонҳо ташкил шуданд.
Бояд зикр кард, ки 4 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мавқеи судҳои ҳарбиро қонунан мустаҳкам намуда, дар низоми судии кишвар мақоми хосаро соҳиб гардонд, ки он дар моддаи 84-и Сарқонун инъикоси худро ёфт. Айни ҳол низоми суди ҳарбӣ, ба ғайр аз он ки дар низоми ягонаи судии кишвар ҷойи худро ёфтааст, тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо иборат буда, онҳо адолати судиро дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба амал мебароранд.
Боиси хушнудист, ки дар низоми судҳои ҳарбӣ Суди ҳарбии гарнизони Хатлон мавқеи махсусро ишғол мекунад. Айни замон дар суди ҳарбии ин гарнизон 3 нафар судя фаъолият намуда, дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар тарғибу ташвиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми фаъол мегузоранд. Гузашта аз ин, судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хатлон барои бартараф кардани сабаб ва шароити содиршавии ҷиноят таъиноти хусусӣ бароварда, барои иҷро ба қисмҳои ҳарбӣ мефиристанд. Барои мукаммалу беҳтар ба роҳ мондани таҷрибаи судӣ ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронда, баҳри пешгирӣ ва бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида ба қисмҳои ҳарбӣ пешниҳодҳо ирсол менамоянд. Роҳбарияти суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва судяҳо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шаҳрвандонро бидуни рӯзҳои қабул дар муҳлатҳои барои онҳо мувофиқ қабул намуда, арзу дархостҳояшонро сари вақт ва пурра ба иҷро расонанд.
Имрӯзҳо ҳайати суди ҳарбии гарнизони Хатлон чун дигар мақомоти судии кишвар 90-солагии таъсисёбии судҳои ҷумҳуриро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифта, дар баамалбарории адолати судӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ҳиссаи худро гузошта истодаанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.09.2014 №: 186 Мутолиа карданд: 757