logo

ҳуқуқ

ҲИМОЯТГАРИ МАНФИАТҲОИ ИНСОН ВА ҶОМЕА

Олуфтамоҳ АБДУСАМАДОВА,
корманди Суди шаҳри Душанбе     
  

Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябр 20 - солагии қабули онро бошукӯҳ таҷлил хоҳем кард, ба ислоҳоти судӣ - ҳуқуқии мамлакат заминаи воқеӣ гузошт. Мувофиқи он бори нахуст дар мамлакат ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд, ки ин аз баланд гардидани мақоми суд дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ба суд салоҳият додаанд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарурият маҳдуд намояд, гунаҳгор ё бегуноҳии шахсро муайян кунад, ҳаёт, қадр номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, инчунин манфиати давлат ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ҳифз намуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин созад.
Мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 90 соли мавҷудияти худ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи қонуният, таъмини адолат нақши сазовори худро гузоштаанд. Сохтори судии ҷумҳурӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳалаи нави ташаккули худ қадамҳои устувор ниҳод.
Адолати судиро тибқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе таъмин менамоянд.
Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳои босалоҳият ва дар асоси қонун ташкилёфта, дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки дар ҳолатҳои муқарраргардидаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб карда мешаванд, тааллуқ дорад. Хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақилӣ, ба қонун итоат кардан, ягонагии он ифода ёфта, аз номи давлат амалӣ намудани адолати судиро аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ – судҳо таъмин менамояд. Ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи дигаргуниҳои куллии иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ 26 сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Боби ҳаштуми Сарқонун салоҳияту вазифаҳои мақомоти судии мамлакатро дар 9 модда (84, 85, 86, 87, 88, 89, 90, 91, 92) муайян намудааст. Мутобиқи тағйиру иловаҳои воридшуда ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар мамлакат вусъати тоза гирифт. Судҳо салоҳияту ваколати навро соҳиб шуданд. Мақоми нави давлатии Шӯрои адлия маҳз баъд аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 14 декабри соли 1999, таъсис ёфт.
Аз рӯи талаботи тағйиру иловаҳои дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқии 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, синну сол ва муҳлати ваколати судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ,  Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят ва шаҳри Душанбе муайян карда шуд. Судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ва озод менамояд.
Тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадҳои бори аввал ба вазифаи судягӣ пешниҳодшаванда дар назди Комиссияи тахассусии Шӯрои адлия имтиҳон супурда, ба захираи кадрҳои ба вазифаи судягӣ тавсияшаванда ворид мегарданд. Баъд аз ин, онҳо бо пешниҳоди Комиссияи имтиҳонотии ҳамин ниҳод ба муҳлати як сол ба сифати коромӯз - судя фаъолият мекунанд.
Суди шаҳри Душанбе яке аз сохторҳои мақомоти судӣ ба шумор рафта, он 25 январи соли 1979 бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Тайи ин муддат ҳайати Суди шаҳри Душанбе аз 9 нафар судя иборат буд. Гузашта аз ин, дар сохтори он мудири котибот, мушовир, котибони коллегияи судӣ ва маҷлиси судӣ фаъолият мекарданд.
Тайи 35 соли фаъолият ба Суди шаҳри Душанбе А.Наҷмуддинов  (1979 -1987), А. Макаров (1987-1989), А. Ашӯров (1989-1994), Х. Кенҷаев (1994 -1995), М. Ватанов (1995 -2000) , А. Ғоибназаров (2000 -2005) ва Ҳасан Шарофов (аз соли 2005) сарварӣ намуда, дар баланд бардоштани мақоми суд, таъмини адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон саҳми босазо гузоштаанд. Эътироф бояд кард, ки Суди шаҳри Душанбе ба як мактаби тарбия ва тайёр намудани кадрҳои соҳаи мақомоти судии мамлакат табдил ёфтааст. Бисёре аз судяҳои Суди шаҳри Душанбе ва кормандони он ҳоло дар вазифаи раис, муовин ё судяи мақомоти болоии судӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ фаъолияти пурсамар доранд. Кору амали судяҳои ботаҷриба Х.Сафарова, А.Хӯҷаев, Ш. Муродов, Ф. Додометов, М.Раҳмонзода барои кормандони ҷавони Суди шаҳри Душанбе мактаби таҷрибаву коромӯзӣ қарор гирифтааст.
Бояд хотирнишон сохт, ки қабул гардидани ду барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар давраи баъди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти судиро ба куллӣ дигар сохт. Масалан, бо қабули Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 апрели соли 2010, дар 17 ҳолат ба судҳо ваколату салоҳияти нав дода, эътибори мақомоти ҳокимияти судӣ боло бардошта шуд. Ҳамзамон, тибқи ин барномаҳо сохтори судҳо тағйир ёфта, ба таъмини адолати судӣ, ҳифзи арзишҳои инсонӣ, волоияти қонун роҳи васеътар кушода шуд. Ҳоло дар Суди шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ фаъолият мекунанд.
Суди шаҳри Душанбе дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавиро ба тариқи зинаи аввал, кассатсионӣ, назоратӣ  ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида баррасӣ менамояд. Ҳамчунин раёсат ҳисоботи раисони коллегияҳои судӣ оид ба фаъолияти коллегияҳо ва раисони судҳои ноҳияҳоро баррасӣ намуда, ба судяҳои судҳои ноҳияҳои пойтахт дар татбиқи дурусти қонунҳо ёрӣ мерасонад. Тавре мебинем, танҳо ба шарофати соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон мақомоти судии мамлакат марҳалаеро тай намуд, ки ҳоло дар байни давлатҳои ҷаҳон нуфузу эътибори баландро соҳиб гардидааст.
Судяҳои Суди шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи он баҳри дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Сарқонун, дигар қонунҳои амалкунанда оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати судӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият  намуда, ҷашни 20 - солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 - солагии таъсисёбии мақомоти судиро сазовор истиқбол мегиранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2014    №: 187    Мутолиа карданд: 974

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед