logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ОЛИИ ҲУҚУҚӢ

Манзура РАУПОВА,
сардори бахши назорати Суди  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат ва Раиси Шӯрои Олӣ барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароити мусоид фароҳам овард.  Баҳри иҷрои ин нақшаи азим, баъди барҳам хӯрдани сохти шӯравӣ, эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Зеро дар он марҳала маълум набуд, ки мо кадом роҳи пешрафти ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин, моҳи ноябри соли 1993 Раёсати Шӯрои Олӣ Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи  лоиҳаи Конститутсияи нав созмон дод. Дар давоми шаш моҳ гурӯҳи корӣ ду лоиҳаро, ки яке шакли идораи президентӣ ва дигарӣ шакли идораи парламентӣ буд, таҳия намуд. Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи шакли идораи президентиро маъқул дониста, онро барои баррасӣ дар матбуот нашр кард. Ва 6 ноябри соли 1994  Конститутсияи нав бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд.  Аз ин ҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.  Тибқи моддаи 1-и  Сарқонун Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ин шакли давлатдорӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки меъёрҳои муайяннамудаи Конститутсия барои устувории вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва осоиши мардум хизмат мекунанд. Тавре огаҳӣ дорем, соли 1991 дар порлумони вақт чандин маротиба ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба манфиати ин ё он гурӯҳи сиёсӣ хизмат менамуданд. Акнун тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар тибқи моддаҳои 98, 99, 100-уми боби 10-и он танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегиранд ва ягон ҳизби сиёсӣ ё гурӯҳи одамон бо роҳи зӯрӣ ва ё фишор ҳуқуқ надоранд, ки ба он тағйиру илова ворид намоянд.    
Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. 34 моддаи ин санади олии ҳуқуқӣ, яъне сеяки он ба ин мавзӯъ бахшида шудааст. Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки  ба Сарқонун ворид гаштанд, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (моддаи 5). Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад» (моддаи 9). Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.
Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст. Дар моддаи 87-уми Конститутсия омадааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва имконияти пурраи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд. Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразона, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш зикр намуд, ки: «Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».
Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам-чун сарчашмаи қонунгу-зории кишвар ва заминаи рушди муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятӣ бармало мушоҳида гардида, зина ба зина дар устувор гардидани принсипҳои миллии давлатдории навини тоҷикон,  яъне дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳу-қуқбунёд, дунявӣ ва ягона инъикос мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2014    №: 188    Мутолиа карданд: 733

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед