logo

ҳуқуқ

НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ ТАШАККУЛЁБИИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Шарифзода Шоира Ҳикмат,
корманди дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 апрели соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат зикр намуд, ки: «Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд».

Ин суханони Сарвари давлат ба мақомоти судии кишвар низ дахл доранд. Зеро маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ имкон пайдо шуд, то сохтори нави судие таъсис ва ташкил шавад, ки  манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлатро ҳифз намояд. Президенти мамлакат  дар Паём нақши ҳокимияти судиро дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусбат арзёбӣ намуда, зимнан тазаккур дод, ки: «Мо барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он то имрӯз корҳои назаррасеро ба анҷом расондем.
Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.
Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст».
Бо овардани  чанд нукта аз Паёми Сарвари давлат манзури мо ин аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба инкишофи ҳокимияти судӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Тибқи Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ  арзиши олӣ эълон гаштанд.
Агар саҳифаҳои таърихро варақ занем, мебинем, ки  то соли 1920 судҳои қозигӣ амал мекарданд ва дар бисёр мавридҳо ҳукми ноодилона мебароварданд. Ин ҳолатро дар романҳои таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ - «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро» бармало дида метавонем.  
Мо набояд таърих ва гузаштаи худро аз мадди назар дур андозем, зеро гузаштаро надониста, ояндаи устуворро сохтан хеле душвор аст. Бояд бигӯем, ки 90 сол муқаддам бо таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо қарори Комиссариати халқии адлия нахустин пояҳои судҳои мустақилу демократӣ гузошта шуданд. Ҳангоми таъсисёбии ин комиссариат дар қаламрави собиқ Бухорои Шарқӣ, ки ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистони имрӯзаро дарбар мегирифт, низоми мақомоти судӣ - назоратии Суди округи Бухорои Шарқӣ бо як шуъбаи ҷиноятӣ - тафтишотӣ ва дар маркази ноҳияҳои Панҷакент ва Истаравшан 3 ҳуҷраи суди халқӣ таъсис ёфт. Комиссариати халқии адлия мақоми олие буд, ки ба фаъолияти тамоми мақомоти адлия ва суду прокурор роҳбарӣ мекард. Дар натиҷаи фаъолияти КХА дар давоми солҳои 1925 - 1926 дар қаламрави ҶМШС Тоҷикистон судҳои халқӣ, округӣ ва шуъбаи Суди олии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон таъсис ва ба фаъолият сар карданд. Шуъбаи Суди олии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон фаъолияти худро то соли 1927 давом дода, баъд ба ҷойи он Сарсуди ҶМШС Тоҷикистон ташкил гардид. Ин низоми судӣ то соли 1929 давом кард.
Моҳи сентябри соли 1929 бо қарори Кумитаи марказии иҷроияи ҶШС Тоҷикистон  «Дар бораи аз нав ташкил кардани муассисаҳои судӣ дар РСС Тоҷикистон» Сарсуд барҳам дода шуда, ба ҷои он Суди Олии ҶШС Тоҷикистон ташкил шуд. То соли 1935 сохтор, салоҳият ва принсипҳои фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар заминаи сохти судии ИҶШС ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ тартиб ва танзим мешуд.
15 августи соли 1935 дар Тоҷикистон Низомнома дар бораи сохтори судӣ мавриди амал қарор гирифт. Мувофиқи он дар ҷумҳурӣ тартиби ягонаи судӣ муқаррар гардид, ки низоми судии ҷумҳурӣ аз судҳои халқӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суди Олии ҶШС Тоҷикистон иборат буд, ки баъдан соли 1938 ин тартиб бо Қонуни ҶШСТ « Дар бораи судҳо» ба танзим дароварда шуд. 
Солҳои 1941-1945 тамоми қувваи судҳо ба он равона шуда буд, ки ҳар чи тезтар парвандаҳои ба ҷиноятҳои ҳарбӣ иртиботдоштаро тафтиш, таҳқиқ ва баррасӣ намоянд, то ки бо ин роҳ қобилияти мудофиавии мамлакат мустаҳкам карда шавад. Ё дар солҳои минбаъда, ки барқарорсозии  иқтисодиёти кишвар дар мадди назари аввал қарор дошт, ба баррасии парвандаҳои вобаста ба тасарруфи амволи давлатӣ ва ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегашт.
Ҳокимияти судӣ то соли 1999 дар тобеияти ҳокимияти иҷроия - Вазорати адлия қарор дошт. Дар асоси тағйиру иловаҳое, ки ба Сарқонуни кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999 ворид  шуданд, барои таҳкими ҳокимияти судӣ, хоста гирифтану пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ, озод  намудани онҳо аз вазифа мақоми коллегиявӣ - Шӯрои адлия таъсис дода шуд. Имрӯз Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба яке аз ниҳодҳои босалоҳият табдил ёфта, раванди ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар ташаккули ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон чеҳраҳои шинохта - Муллоҷон Саъдуллоев, Чинор Имомов, Бобо Ҳамдамов, Акрам Аҳроров, Маҳмуд Исмоилов,  Ҳабибулло Назаров,  Бурҳон Иноятов, Аҳмад Бобоев ва даҳҳои дигар нақши калидӣ бозидаанд. Онҳо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ тавонистанд қолабҳои куҳнаи судиро шикаста, сохторҳои нави онро таъсис диҳанд.
Мо, ҷавонон, ки имрӯз дар остонаи таҷлили 90 - солагии таъсисёбии ҳокимияти судӣ қарор дорем, бояд бо дарки масъулияти таърихӣ фаъолият намуда, тамоми нерую тавони худро баҳри ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи мақомоти судӣ равона созем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки фаъолиятамон мисли оина покизаву парчамбардори гузаштаҳои худ дар ин самт бошем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2014    №: 188    Мутолиа карданд: 709

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед