logo

ҳуқуқ

ҚОНУНШИКАНИИ ҲОМИЁНИ ҚОНУН

ё шиканҷаи як шаҳрванд аз ҷониби кормандони умури дохилӣ

Чанде пеш аз ҷониби суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Хушбахт Ёров, Ислом Исломов, Маҳмадрасули Шарифзода бар асоси моддаи 200, қисми 4, банди «д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Раҳимову Исомиддин Бӯриев бо моддаи 200, қисми 3, бандҳои «в, г»-и кодекси мазкур, ки муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъаовар пешбинӣ менамояд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Парвандаи мазкур аз тарафи муфаттишони шуъбаи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  оғоз шуда, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардида буд. Ҳангоми баррасӣ дар мурофиаи судӣ маълум гардид, ки ин гурӯҳ ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сару кор дорад. Аммо кормандони фаврӣ ва муфаттишони парванда ҳодисаи ҷиноятро ҳамаҷониба, тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавӣ ба анҷом нарасонданд. Новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта дар парвандаи мазкур суд ба истиснои судшаванда Маҳмадрасули Шарифзода дигаронро аз 9 то 14-солӣ аз озодӣ маҳрум сохт. Зеро тафтишот нисбат ба Маҳмадрасули Шарифзода ягон далели боэътимод ва исботкунандаи айбдорӣ ба суд пешниҳод накард. Аз аввали тафтишот то ба охир расидани он судшаванда ягон нишондод надодааст. Дар маҷлиси судӣ ҳар қадар тарафҳо кӯшиш ба харҷ доданд, вале гунаҳгории Маҳмадрасул Шарифзодаро исбот карда натавонистанд.
Корманди милиса Ҳобил Ёров, ки ягона шоҳид аз тарафи айбдор буд, аз нишондодҳои қаблии худ даст кашида, иброз намуд, ки Маҳмадрасули Шарифзодаро намешиносад ва дар ин ҷиноят ӯ иштирок накардааст. Нишондоде,  ки ӯ дар тафтишот дода буд, бо талаби муфаттиш сурат гирифтааст. Аммо роҳбарияти РВКД ва прокуратураи шаҳри Душанбе ин шоҳидро 4 сентябри соли ҷорӣ таъҷилан аз вилояти Суғд даъват карда, тариқи фишору таҳдид нишондодҳои ӯро аз нав гирифтаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки бо ин шахси сафедшуда бар хилофи қоидаҳои мурофиавӣ амалиёти тафтишотӣ гузаронда шуда бошад.
Маҳмадрасули Шарифзода сокини шаҳри Душанбе буда, баъд аз фавти бародару падараш дар оила бо модари бемори худ зиндагӣ мекард. Охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе ӯро дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста, ба ҳабс гирифтанд. Бинобар он ки айбдории номбурда исбот нашуд, ӯро озод карданд. Пас аз чанде дигарбора ба РВКД дар шаҳри Душанбе оварда, боздошт намуданд. Дар тӯли 6 моҳи тафтишот айбдории ӯ исбот нашуд. Аммо ин ҳолат касеро ба ташвиш наовард. Маҳмадрасул аз азиятҳои дохили маҳкамаи тафтишотӣ ва фишори масъулони тафтишот ба дод омада, ҳамчун рамзи эътироз рагҳои хунгарди худро бурида, даст ба худкушӣ зада буд. Хушбахтона, ба ӯ сари вақт ёрии тиббӣ расонда, аз  марг наҷот доданд ва парвандаро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карданд. Зарфи як моҳи баррасии  парванда, суд ба хулоса омад, ки гунаҳгории Маҳмадрасул дар ҳақиқат исботи худро наёфтааст, далелҳои ҷамъоварда аз ҷониби муфаттиш бар хилофи қоидаҳои мурофиавӣ ба тариқи сохтакорӣ гирд оварда шуда буданд ва суд нисбат ба охирин ҳукми сафед қабул карда, ӯро фавран аз толори суд озод намуд.
Мутаассифона, тантанаи адолат дер давом накард. Чунин ба назар мерасад, ки масъулони РВКД дар шаҳри Душанбе аз ин қарори суд ба ғазаб омада, бо баҳонаи он ки гӯё сафедшуда Маҳмадрасули Шарифзода дар хонаи худ ба талаби қонунии кормандони милиса (онҳо худ ғайриқонунӣ амал намудаанд) итоат накарда бошад (ин кадом талаби қонунӣ бошад, маълум нест, фақат пай бурдан мумкин аст, чаро суд нисбат ба вай ҳукми сафед қабул кардааст), рӯзи 4 сентябр ба РВКД дар шаҳри Душанбе оварданд. Давоми як рӯз нисбат ба сафедшуда аз шиканҷа истифода карда, посухи як саволро дунболагирӣ карданд: «Чаро суд сафед кард?». Онҳо бо ҳамин васила мехостанд, ки охирин ҳайати суд ва раискунандаи маҷлиси судиро дар гирифтани пора айбдор созад. Оё масоили баҳсӣ аз нигоҳи қонундонон бояд ҳамин тавр ҳалли худро ёбад? Вале ба онҳо ин чиз ҳамон рӯз муяссар нагардид.
Рӯзи 5 сентябр бо гузашти як рӯзи ғайриқонунии боздошт, парвандаи маъмурӣ бо моддаи 479, қисми 1, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  итоат накардан ба амр ва талаби қонунии корманди милитсия, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд, бо тариқи сохтакорӣ оғоз шуд. Худ тасаввур кунед, дар назди хона ё дар дохили хона кадом амри қонунии корманди милитсияро сафедшуда иҷро накардааст? Ҳатто ба нафари аз илми ҳуқуқ дур ҳам баръало маълум аст, ки ин ҳама амалҳои ғайриқонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ танҳо ба хотири ҳамон ҳукми сафед, ки аз ҷониби суд бинобар исбот нашудани гуноҳ бо риояи талаботи моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шудааст, иншо шуда буд.
Гузашта аз ин, «ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» дар ҳудуди фаъолияти суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гӯё содир шуда бошад. Аммо бе риояи қоидаҳои мурофиавии маъмурӣ, яъне тобеият масъулини РВКД дар шаҳри Душанбе ин парвандаи сохтаи маъмуриро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе не, балки ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол намуданд. Судяи суди ноҳия  Х. Раҷабзода парвандаи мазкурро баррасӣ намуда, ба сафедшуда 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ таъйин намуд, ҳол он ки ҷазо дар санксияи моддаи номбурда интихобӣ буда, ҷаримаро низ пешбинӣ менамуд. Чаро судя ин тавр рафтор намудааст? Гумон мекунам, ки шарҳи зиёдеро талаб намекунад. Бо ин васила судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ амали ғайриқонунии кормандони милитсияро қонунӣ гардонда, ба онҳо имкон дод, ки дар давоми 5 рӯз боз фишору шиканҷаю муносибатҳои бераҳмонаро дар ИВС-и ШКД ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар тобеияти роҳбарияти прокуратураи шаҳр ва РВКД қарор дорад, бе мамониат истифода намоянд.
Аз ҷониби дигар масъулони РВКД ва прокуратураи шаҳри Душанбе амали ғайриқонунии худро дар қисмати тобеияти судӣ ба он шарҳ медиҳанд, ки суди ноҳияи Шоҳмансур набояд парвандаи маъмуриро баррасӣ намояд, зеро ин суд манфиатдор аст. Дар ҳайратем, наход, ки суд ҳукми сафед содир кунад, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванди одиро аз дахолати беасос ҳимоя намояд ва ин ҳукм то ба имрӯз эътибор дорад ва бекор нагаштаасту манфиатдор бошад.
Оре, дар ҳақиқат суд манфиатдор аст, манфиатдори адолату ҳақиқат, зеро рисолати он аз ҳамин иборат аст. Агар суд тарафдори ҳамин амалҳои ғайриқонунии мақомот мегардид, пас вай манфиатдор намешуд... Худ қазоват кунед, чи гуна роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба фаъолияти ҳаррӯзаи ҳокимияти судӣ баҳо медиҳанд. Аз нигоҳи ин мақомот фаъолияти суд дар ҳамон маврид хуб ва қобили қабул дониста мешавад, ки агар парвандаро сафед накунад, ба тафтишоти иловагӣ нагардонад. Хуллас, он тавре ки парванда ба суд ирсол шудааст, ҳамон тавр баррасӣ гардад ва бо қабули қарори худ суд дар миёни ин мақомот рахна ворид накунад. Дар чунин ҳолат манзалату бузургии ҳокимияти судӣ дар чӣ ифода меёбад? Агар суд як ҷузъи ёрирасони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, парвандаҳои пешниҳодкардаи онҳоро чун нотариати давлатӣ бе омӯзишу санҷиши дақиқ тасдиқ кунад, пас фаъолияти вай хуб буда, манфиатдор нест.
Дар моддаи 19 Сарқонун омадааст, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Дар чунин ҳол, ба ин худсарон, кӣ  ҳуқуқ додааст, ки бар хилофи тамоми қоидаҳои амалкунанда тобеияти судиро худ муқаррар кунанд? Пас дар ин ҳолат кӣ манфиатдор аст? Охир мо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамоми фишангҳои он дар иртибот бо ҳуқуқу озодиҳои инсон пайванди ногусастанӣ дорад, бунёд намуда истодаем. Маъзарат мехоҳам, охир ин давлат полисиявӣ нест.
Боиси нигаронист, ки пас аз ҷазо гирифтани сафедшуда масъулони РВКД дар шаҳри Душанбе охириро ба тавқифгоҳи муваққатии (ИВС) ШКД ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (ҳарчанд дар ин тавқифгоҳ нигоҳ доштани ҳуқуқвайронкунандаи маъмурӣ мумкин набуд)  оварда, бе риояи талаботи моддаи 18-и Сарқонун сафедшударо 5 рӯз зери шиканҷа қарор додаанд. Баъд аз он ки ба мақсад нарасиданд ва ба хотири рӯйпӯш кардани амалҳои ғайриқонунии худ «маълум карданд», ки 6 моҳ пеш сафедшуда дар маҳали зисташ авбошӣ кардааст.
Бо ҳамин асос масъулини РВКД дар шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237, қисми 3, банди «а» КҶ ҶТ  оғоз карда, барои ба ҳабс гирифтани сафедшуда маводро ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол намуданд. Мутаассифона, дар ҳамин маврид ҳам аризаҳои ҷабрдидаҳо дар мавод вуҷуд надоштанд. Пас боз савол ба миён меояд, дар давоми 6 моҳе, ки сафедшуда дар маҳбас қарор дошт, чаро мақомот ин амалро ба иҷро нарасонд? Чаро дар ҳамон маврид парванда оғоз нагардид? Танҳо баъд аз он ки ҳукми сафед баромад, аз ин амалҳои ғайриқонунӣ кор гирифтанд. Аз ҷониби дигар амали авбошӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур гӯё содир шуда бошад. Чаро манфиатдории худро масъулони РВКД, прокуратураи шаҳри Душанбе маълум сохта, бе  риояи қонунҳои амалкунанда аз лиҳози тобеияти судӣ бори дигар масъалаи ба ҳабс гирифтанро дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба миён гузоштанд? Магар ин аз манфиатдории мақомот гувоҳӣ намедиҳад, ки бо ҳар восита мехоҳанд сафедшударо аз нав зиндонӣ кунанд?!
Воқеан, судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ бори аввал аз чунин амалҳои ғайриқонунии мақомот бархӯрдор шуда, иҷозат барои ҳабсро то рӯзи 14 сентябр, яъне рӯзи якшанбе бо сабаби набудани аризаҳои ҷабрдида, ба таъхир гузошт. Аммо бо фишори суди шаҳри Душанбе, баъдан судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ  тоб наоварда, иҷозат барои ҳабси сафедшударо додааст. Воқеан сафедшударо зиёда аз 20 нафар кормандони милитсия, ки гӯё авбоши ашаддии рақами 1 бошад, дар ҳалқаи худ гирифта, ба суди ноҳияи Фирдавсӣ оварданд. Нафароне, ки дар он мурофиа иштирок доштанд, аз ҷароҳатҳои гирифтаи сафедшуда, лату кӯб ва бинтпечи он огоҳӣ ёфтанд. Тааҷҷубовар он аст, ки кормандони милитсия овоза кардаанд, ки сафедшуда худаш худашро зада маҷрӯҳ кардааст. Ин қиссаҳо танҳо дар ин мақомот эҷод мегарданд.
Гумон мекунам, ки ин иғвоҳо охир надорад, имрӯз суди ноҳияи Шоҳмансур ба ҳайси душман шинохта шуда, аз эҳтимол дур нест, ки нисбат ба кормандони он тавтеа эҷод шавад. Боиси нигаронии амиқ аст, ки маҳз қудратталабии ин мақомот мустақилият ва дахлнопазирии судҳоро дар ҷомеа зери суол бурдааст.
Воқеан, бояд иқрор шуд, ки ин масоили аввалу охир нест, аксарияти парвандаҳои ҷиноятӣ бо ҳамин услуб мавриди тафтиш қарор мегиранд. Ман ҳамчун раисикунандаи маҷлиси судӣ ба даъвоҳои судшавандаҳо дар қисмати шиканҷа на дар ҳама ҳолат бовар мекардам. Гумон доштам, ки қонунҳои дахлдор қабул гардидаанд ва ҳама ба он итоат мекунанд. Аммо иштибоҳ карда будаам. Ҳомиёни қонун аз беҷавобгарию бемасъулиятии худ истифода карда, нисбат ба ашхоси алоҳида шиканҷаро истифода мекардаанд.
Қонунҳои амалкунанда судҳоро уҳдадор месозанд, ки дар сурати талаби даъво оид ба шиканҷа бояд тариқи прокурор ин қазия санҷида шавад. Аммо як чиз мусаллам аст, ки прокурор худ дар ин кор манфиатдор аст. Пас ӯ дар ҳеҷ маврид холисона ин муамморо мавриди санҷиш қарор дода наметавонад. Дар амалия ҳоло ягон бор прокурор ҳангоми санҷиши чунин қазияҳо ҳолати шиканҷаро муқаррар насохтааст.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои таъмини беғаразии прокурор зимни назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, инчунин барои бартараф кардани муаммоҳое, ки дар боло зикр  шуд, прокуратура бояд аз ҷавобгарӣ барои кушодани ҷиноят, сифати тафтишоти пешакӣ ва сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа озод карда шавад. Вазифаи тафтишот ва назорат аз болои тафтишот дар симои як шахси мансабдор, ки беғаразии прокурорро зери шубҳа мегузорад (худаш аз болои худаш назорат мебарад) аз байн бурда шавад. Ба зиммаи прокуратура танҳо назорат вогузор гардад. Гумон мекунам, дар ин маврид холисии прокурор бештар маълум гашта, талабот оид ба риояи қонун аз ҷониби тафтишот пурзӯртар хоҳад шуд.
Дар хотима гуфтаниам, ки ҳар нафари огоҳ агар худро дақиқае дар чунин вазъият тасаввур кунад, манзур аз навиштани ин матлабро дарк намуда, дарди сафедшуда, ҳолати рӯҳии ҳайати суд, вазъи кунунии қонунҳои амалкунандаро эҳсос менамояд.

Юсуф САЛИМОВ,
раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2014    №: 188    Мутолиа карданд: 693

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед