logo

ҳуқуқ

РАИСИ АДЛ

Ҳар кӣ аз мо кунад ба некӣ ёд,
Номи он дар шумори некон бод!

Хушбахтона, имрӯз бо ибтикори Сарвари давлат заҳматҳои фарзандони барӯманди миллат, бунёдкорони ҳаёти нав қадр мешаванд. Албатта, одамони накукор дар зиндагонӣ бо роҳу василаҳои гуногун аз худ номи нек ба ёдгор мегузоранд. Яке бoғ бунёд мекунад, ки аз меваҳои он мардум ком ширин мекунанд, дигаре ташаббускор ё бунёдгузори иншооте мешавад, савумӣ умри худро сарфи омӯзишу парвариши насли наврас месозад. Миллату Ватани азизи худро дӯст доштан ва барои саодату пешрафти он бо меҳнати ҳалолу созанда саҳми арзанда гузоштан зиндагии ҳар як шахсро арзишманд, пурмаъно, пурбор ва нурафшон мегардонад. Аз ҷумлаи чунин ватанпарастону некномон маҳсуб меёфт ҳампешаву дӯсти ман Турабобо Бобоев. Хоксору ҳақиқатҷӯ буду дӯстиро ба бародарӣ бурда метавонист ва бовар дорам, агар зинда мебуд, намегузошт, ки дар борааш нависам.
Турабобо зодаю парвардаи деҳаи Қалъачаи ноҳияи Ғончӣ буда, дар давоми умри начандон тӯлониаш роҳи дарози пуршебу фарози зандагиро тай карда, аз худ нақши намоёне гузоштааст. Соли 1966 баъди хатми мактаби миёна фаъолияти меҳнатиаш дар муассисаи истифодаи роҳҳои рақами 27-и ноҳия ба ҳайси коргар оғоз меёбад. Албатта, ин аз рӯи зарурату бо дар назар гирифтани имконот буд. Чун меҳри идома додану соҳибмаълумот шуданро дар дил мепарварид, соли 1967 муҳассили Омӯзишгоҳи кооперативии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) гардид. Ин муассисаи таълимиро, бинобар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шудан, баъди адои хизмати ҳарбӣ, соли 1971 хатм карда, ҳамчун муҳосиб давоми чор сол дар кумитаи ҳизбии ноҳия ифои вазифа намуд. Ин ҷавони дар амалӣ намудани орзуҳояш устувор соли 1975 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) қабул шуда, баъди хатми он фаъолияти меҳнатии худро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дод. Ӯ то соли 1989 вазифаи нотариуси давлатии ноҳияи Ғончиро ба уҳда дошта, сипас ба ҳайси судяи суди шаҳри Панҷакент (1989-1991), раиси суди ноҳияи Шаҳристон (1991-1995), раиси суди ноҳияи Мастчоҳ (1995-1997), иҷрокунандаи раиси суди шаҳри Конибодом (1997-1998), раиси суди шаҳри Истаравшан (1998-2000), раиси суди ноҳияи Мастчоҳ (2000-2005) ва аз соли 2005 то дами вопасин раиси суди ноҳияи Ғончӣ кор кардааст. Ҳадаф аз рӯи коғаз овардани ин солнома он аст, ки хонанда ба кадом давраҳо рост омадани фаъолияти меҳнатии мавсуфро дар ин вазифаҳои масъулиятнок худ қазоват кунад. Аввалан, дар куҷое, ки кор карда бошад, новобаста аз нооромию душвориҳои молиявӣ, ба бунёдкорӣ даст задааст.
- Тавассути иқдомҳои нек ва ташаббуси Шумо бинои суди шаҳрӣ дар муҳлати начандон тӯлонӣ ободу зебо ва ба яке аз биноҳои беҳтарини Ӯротеппа табдил ёфт, - сабт гардидааст дар яке аз ифтихорномаҳое, ки дар бойгониаш маҳфуз аст.
Бале, нооромиҳои солҳои 1991-1997 барои татбиқи бисёр барномаҳои ҳуқуқии бунёди ҷомеаи нав монеаи ҷиддӣ гардида, рукн ва асосҳои давлатдориро суст намуданд. Қонуншиканиву бесарусомонӣ, афзоиши теъдоди ҷиноятҳо, «сайри озодона» - и вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ боиси нигаронии ҷиддии аҳли ҷомеа гардида буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ, хисороти азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид. Хушбахтона, иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ тавонист баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, силсилаи зиёди қарору қонунҳоро қабул намояд, ки то ба имрӯз арзиши баланд доранд. Расидан ба ин мақсади олии таҳкими давлатдорию таъмини якпорчагии миллат натиҷаи талошу кӯшишҳои пайгиронаи фарзандони ватандӯст таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд.
 Дар қатори ин гуна мардони меҳанпараст - барқароркунандагони сохти конститутсионӣ Турабобо Бобоевро низ метавон ном бурд. Мавсуф дар вақташ зикр менамуд, ки ин иҷлосия эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар фаъолияти идоракунии давлатдорӣ чун рукни асосӣ муайян намуд, барои қабули Конститутсияи (Сарқонуни) ҷумҳурии тозаистиқлол заминаи воқеӣ гузошт.
- Инсонҳои бузург мисли кӯҳанд, ҳар қадар ба онҳо наздиктар мешавед, азаматашон бештар намоён мешавад,- мегӯяд шоири шаҳири олмонӣ Иоҳан Ҳёте.
Албатта, мақсад аз ба забон гирифтани номи як нафар инсони хокии бахокрафта, бузургтарошӣ нест. Аммо, зикри хайр бадӣ надорад, баръакс амали хайру савоб аст. Банда бо тақозои вазифа дар ноҳияи Ғончӣ ба ҳайси раиси суд ифои вазифа дорам. Дар муҳите, ки чунин инсони нек ба воя расидааст, кор мекунам. Аз фазое нафас мегирам, ки ӯ гирифтааст. Бо онҳое ҳамсуҳбат мешавам, ки замоне ҳамкору ҳамсуҳбаташ будаанд. Ва, билохира, ҳар рӯз ба биное медарояму мебароям, ки ёди ӯ мекунад.
Чанде пеш рӯзномаи кориашро варақ гардондаму чашмам ба навиштаҷоте афтод:
 «Адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бошад». «Адолати судӣ зина ба зина мавқеи устуворро соҳиб мегардад». Эмомалӣ Раҳмон.
Барҳақ, ӯ таъмини адолати судиро беҳтарину писандидатарин амал барои сазовори боварии ҷомеа шудан медонист. Таҷрибаи бойи касбӣ, маҳорати хуби доварӣ дошт. Боре аз ӯ пурсидаанд:
 - Дар зиндагӣ чӣ шиоре доред?
 Гуфтааст:
- Бо амри дил кор кунед. Кӯшиш кунед то некандеш бошед. Тарозуи мо тарозуи бозор нест.
Табассуми ба худ хосе дошт. Бисёре аз ҳамнишину ҳамнафасон, ҳамкорон, инчунин корафтодагон медонанд, ки агар хомӯшона ба ҳарфи касе гӯш андозаду ба ҳамсуҳбаташ бо табассум нигарад, пас аз ин суҳбат қаноатманд нест.
 Турабобо Бобоев ҳар як парвандаро борҳо мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор медод. Кӯшиш менамуд, ки масъала сари вақт, дар доираи қонун ҳаллу фасл шавад. Бамаврид аст, овардани иқтибосе аз рӯзномаи «Шуълаи умед», ки ҳанӯз соли 2005 дар борааш матлабе нашр кардааст:
- Ӯ танҳо дар соли гузашта 15 парвандаи ҷиноятиро дар истеҳсолоти худ қабул кард ва ҳамаи онро сари вақт баррасӣ намуда, сиёҳу сафедро аниқ сохт. Ба се парвандаи ҷиноятие, ки аз тарафи ӯ баррасӣ шуда буд, шикояти кассатсионӣ дода шуд ва он аз тарафи коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд бетағйир мононда шуд. Ин далел аз он гувоҳ аст, ки Турабобо Бобоев донандаи асрори вазифа ва шахси борикназару пухтакор аст.
Дар ин мақола боз суханҳои неки зиёде дарҷ шудаанд, ки аз инсони шариф, марди меҳнатдӯст буданаш дарак медиҳанд. Яъне дар ҳаёт бо инсонҳое рӯбарӯ мегардем, ки масъулияташон дар иҷрои вазифа ва рафтору кирдорашон дар оилаву оиладорӣ намунаи ибрати дигарон аст.Ӯ ба шарофати рафтори инсондӯстонаи худ дар дили мардум маҳкам ҷой гирифт.
 Турабоборо то имрӯз бисёриҳо марди некқадам ва раиси адл мегӯянд. Некқадамиаш дар он зоҳир мегашт, ки ба ҳар куҷое ба кор мефиристоданд, он гӯша обод мешуд.
-Ботамкиниву хушзабонӣ, инсондӯстиву меҳмондориро мо, фарзандон, аз падар омӯхтем, - мегӯяд, духтараш Назира, ҳамшираи тиббии беморхонаи марказии ноҳия.- Модарамон - Адибаро хеле дӯст медоштанду ҳурмат мекарданд, барои ҳар майда - чуйда сарзаниш намекарданд. Аз мо низ талаб менамуданд, ки модарро дӯст дорем, ҳурматашонро ба ҷо биёрем. Мегуфтанд, ки бе он кас зиндагиамон тангу тор мегардад. Бехабар аз он, ки худашон чароғи хонаи моро бармаҳал тира месозанд.
Гуфтаву ногуфтаҳо бисёранду андешаҳо парешон. Ҳақиқати ҳол ин аст, ки дӯст, ҳамкор, ҳуқуқшиноси варзида, довари якрӯю ҳақиқатбин Турабобо Бобоев дар байни мо нест. Ба сурати ин марди нексиришт назар меафканам. Гӯё ба ман нигариста мегӯяд:

Баъд аз вафот турбати мо аз замин маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.
 
Ҳабибулло МИРБОБОЗОДА,
раиси суди ноҳияи Ғончӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2014    №: 189    Мутолиа карданд: 593

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед