logo

номаҳо

Дар ҷустуҷӯйи «Сатрҳои оташин»

Давраи наврасӣ падарам баъзан аз бозор бар замми чизу чораҳои рӯзгор китобҳои аҷоибу ғароиб низ харида меовард. Як рӯз аз ҷайбаш китобчаи хурдакаки муқовааш тунуки кабудчатобро бароварда, ба ман дода, таъкид кард:
-Ана, ин китобро гиру хон. Шеърҳояш аҷоиб. Боз варақҳояшро надаронӣ, эҳтиёт кун.
Дар рӯйи китоб «Карим Девона. «Сатрҳои оташин». Сталинобод, соли 1958» навишта шуда буд.
«Сатрҳои оташин» маҳбубтарин китоби солҳои наврасиам гардид. Қариб навад фисади шеърҳои китобчаро азёд карда будам. Солҳои донишҷӯиям дар Институти педагогии Душанб  (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) (солҳои 1964-1968) қиссаи ҳуҷҷатию бадеӣ ва тадқиқотии нависанда ва ҳуқуқшинос Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона»-ро аз дукони китобфурӯшӣ харидам.
Оид ба хизматҳои Ҳабибулло Назаров забоншинос ва адабиётшинос, шодравон Носирҷон Маъсумӣ ин тавр самимона баҳо додааст:
«Ҳабибулло Назаров коҳу хоки таърихро бехта ва нақлу хотираҳои сершуморро софӣ карда, Карим Девона ва ҳақиқати ҳаёти ӯро ёфта гирифт ва аз он баҳри пурасрор дурдонаҳои парешону ниҳонии афкори шоири халқро берун оварда, ин симои номашҳури адабиёти халқро кашф кард. Ба ин маънӣ асари Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона»-ро ҳамчун қиссаи тадқиқотӣ-кашфиётии адабӣ номидан мумкин аст».
Мудом аз пайи ҷустуҷӯи «Сатрҳои оташин» будам. Шонздаҳ сол қабл аз ин, аниқтараш 4 - уми октябри соли 1998 аз назди растаи китобфурӯшӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа мегузаштам. Чашмам ба як китобчаи тунукаки сурхчаранг бо унвони «Сатрҳои оташин»-и Карим Девона (мураттиб Ҳабибулло Нозирӣ, нашриёти ширкати «Нақши аҷам», соли 1991) бархӯрд. Онро харидам. Шод шудам.
Мо аз Вазорати фарҳанг хоҳиш дорем, ки нашри китоби шеърҳои мардумии Карим Девонаро бо тағйиру иловаҳо аз нав ба муносибати 135 - солагии адиб чоп кунанд. Месазад, ки ҷашни 135 - солагии ин адиби мардумӣ низ қайд карда шавад. Бигузор, ҷавонони имрӯзаи миллат бидонанд, ки дар байни халқ эҷодкорони муборизу ҳақталаб ва асил кам набудаанд.


Ҳотам ҲОҶИЕВ,
омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи
умумии № 1-и ноҳияи Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2014    №: 190    Мутолиа карданд: 4356

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед