logo

ҳуқуқ

НАҚШИ ШӮРОИ АДЛИЯ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Меҳрангез ҒОИБОВА,
корманди масъули Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аспиранти
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баъди талошу кӯшишҳои ҳазорсола миллати шарафманд ва куҳанбунёди тоҷик дар интиҳои асри бист ба дарёфти истиқлолияти давлатӣ мушарраф гашт, ки он дастоварди муҳимтарин ва таърихии миллати мо маҳсуб меёбад. Ҳар гоҳ сухан аз истиқлолияти давлатӣ ё миллӣ меравад, бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ мебошад.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон дар роҳи бунёди ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошт. Дар ҷумҳурӣ ҳокимияти судӣ дар қатори дигар рукнҳои давлатдорӣ мустаҳкам гашта, ба марҳалаи сифатан нави фаъолият расид. Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, барои таъмини мувозинат дар байни мақомоти иҷроияи давлатӣ нақши муҳим мебозад. Аз ҳамин хотир, одатан ба таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои асосии ҳокимияти дунявию ҳуқуқбунёд   баҳогузорӣ менамоянд. Ба тариқи дигар гӯем, баъди ба даст овардани истиқлолият ба тарзи конститутсионӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия гардидани ҳокимияти давлатӣ ҳамчун нишонаи демократисозии сохтори он зарурати такмили ҳокимияти давлатиро ба миён овард.
Амалӣ шудани ин принсипҳои конститутсионӣ ва таъмини воқеии кафолати мустақилияти судяҳо бо роҳи аз тобеияти ҳокимияти иҷроия,  яъне аз салоҳияти Вазорати адлия баровардани ҳалли масъалаҳои таҳия намудани таклифҳо вобаста ба гузарондани ислоҳоти судӣ, такмили низоми судӣ -ҳуқуқӣ, хоста гирифтан, пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судягӣ, озод намудани онҳо аз вазифа, ҳамзамон бо ин ва дигар василаҳо баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ таъсиси сохтори алоҳидаро тақозо менамуданд. Бо мақсади ба танзим даровардани ин муқаррароти Сарқонун бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 14 декабри соли 1999,  мақоми коллегиалӣ- Шӯрои адлия дар ҳайати 9 нафар мувофиқи мансаб аз намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд таъсис дода шуд. Ҷиҳати сода намудани тартиб ва иштироки намояндагони қонунгузор, иҷроия ва суд дар кори ин мақоми коллегиалӣ ба фармони мазкур, аз 14 марти соли 2003, тағйирот ворид карда шуда, ҳайати Шӯрои адлия ҳафт нафар муайян гардид. Салоҳияти Шӯрои адлияро бевосита Конститутсия муайян карда, он дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурра инъикос ёфтааст. Шӯрои адлия дар муносибат ба судҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ шумораи судяҳо, машваратчиёни халқии судҳо, кормандони дастгоҳи судҳо, вобаста ба мукофотонидани судяҳо ва додани дараҷаҳои тахассусӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд. Инчунин, масъалаҳоро оид ба таъмини кадрҳо, таъминоти молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳо баррасӣ карда, комиссияи имтиҳониро таъсис медиҳад, низомномаи ин комиссия, ҳайати он, дастурамал оид ба коргузорӣ дар судҳо ва дастури фаъолияти Шӯрои адлияро тасдиқ менамояд.
Дар сохтори Шӯрои адлия дастгоҳи марказии он фаъолият мекунад, ки дар баробари иҷрои дигар вазифаҳои дар наздаш гузошташуда кори ташкилии судҳоро тафтиш намуда, оид ба такмил додани он таклифҳо таҳия месозад. Ҳамчунин, кормандони Шӯрои адлия ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону адолат корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, тибқи нақшаи якҷояи Шӯрои адлия, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ҳар моҳ бо иштироки судяҳо, коромӯз - судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳо машғулиятҳои семинарӣ баргузор карда, камбудӣ ва мушкилоти ҷойдошта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон ҷиҳати татбиқи дурусту ягонаи қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, роҳ надодан ба кашолкорӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд.
Шӯрои адлия дар интихоб ва таъини шахсони арзанда ба мақомоти гуногуни судӣ низ нақши ҳалкунанда мебозад. Тибқи қонунҳои амалкунанда  судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ  интихоб менамояд. Коллегияҳои тахассусии  судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар бораи муносиб будани номзадҳо мувофиқан ба мансаби судяи Суди Олӣ ва судяи Суди Олии иқтисодӣ хулоса медиҳанд. Судяҳои дигар  судҳоро бо пешниҳоди Шӯрои адлия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд.
Коллегияи тахассусии дар назди Шӯрои адлия мустақилона амалкунанда бо пешниҳоди раиси Шӯрои адлия дар бораи муносиб будани судяҳо барои таъйин ба муҳлати нави ваколат ё ин ки пешниҳод ба вазифаи судяи суди  болоӣ ба Шӯрои адлия хулоса медиҳад. Имтиҳони тахассусии номзад ба вазифаи судягиро комиссияи имтиҳонотии Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Панҷ рӯз қабл аз имтиҳон раиси Шӯрои адлия рӯйхати шахсонеро, ки барои супурдани имтиҳон роҳ дода шудаанд, тасдиқ менамояд. Шахсоне, ки имтиҳонҳоро бомуваффақият супурдаанд, ба захираи кадрҳо дохил карда мешаванд. Шахсоне, ки имтиҳонҳоро насупурдаанд, ба захираи номзадҳо ба вазифаи судягӣ ворид мешаванд ва ҳуқуқ доранд дубора имтиҳон супоранд. Тибқи натиҷаҳои имтиҳони тахассусӣ комиссияи имтиҳонӣ хулоса таҳия менамояд, ки дар он сифатҳои касбии номзад ба вазифаи судягӣ нишон дода мешаванд.
Баланд бардоштани савияи касбии кормандони мақомоти судӣ яке аз вазифаҳои муҳими Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ин росто ҳамасола корҳои зиёде ба субут расонда мешаванд. Бо ин мақсад ҳар сол Шӯрои адлия аттестатсияи хизматчиёни давлатии дастгоҳи Шӯрои адлия ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия ва судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо гузаронда, онҳоеро, ки ба мансабашон номувофиқ дониста мешаванд, барои гузаштани такмили ихтисос тавсия медиҳад. Хамчунин, шумораи зиёди кормандони Шӯрои адлия, судяҳо ба  давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Белгия, Ҷопон, Италия, Русия, Испания, Украина, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон  фиристода шуданд, ки онҳо бо амалияи фаъолияти мақомоти судии ин кишварҳо шиносоӣ пайдо карда, таҷрибаи онҳоро омӯхтанд.
Баргузории конфронсу семинарҳо оид ба масъалаҳои мубрам низ дар баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳа нақши муассир мебозад. Солҳои охир Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии ташкилотҳои байналмилалӣ бо иштироки судяҳои мақомоти гуногун дар мавзӯъҳои «Таҳкими ҳуқуқи башар ва паст намудани табъиз ва стигма вобаста ба ВНМО» (Вируси норасоии масунияти одам), «Ташаккул ва такмили ҳуқуқи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон», «Замин, истифодабарии тиҷоратӣ», «Хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ», «Хусусиятҳои истеҳсолоти судӣ - ҷиноятӣ дар Тоҷикистон», «Муқовимат ба хариду фурӯши одамон», «Санадҳои судӣ дар мурофиаи гражданӣ», «Хусусиятҳои баррасии парвандаҳои судӣ бо иштироки кормандони ВАО» ва амсоли ин ҳамоишҳои зиёди илмӣ ва соҳавӣ барпо намуд, ки маводи ин чорабиниҳо ба чоп расида, ба дигар кормандони мақомоти судии ҷумҳурӣ дастрас гардонда шуданд.
Дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти судӣ яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки ҳамеша дар маркази диққати кормандони Шӯрои адлия қарор дорад. Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 чорабиниҳо оид ба таҳия ва татбиқи механизмҳои пешниҳоди иттилооти ҳарсола дар бораи фаъолияти ҳар як судя ва баланд бардоштани сатҳи масъулият дар қабули қарорҳо пешбинӣ гардидааст. Дар робита ба ин, соли 2012 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова ворид карда шуд, ки он ҳамаи судяҳоро (ба ғайр аз судяҳои Суди конститутсионӣ) уҳдадор месозад дар охири ҳар сол ба раисони судҳои дахлдор ва раиси Шӯрои адлия дар бораи фаъолияти солонаи худ ҳисобот диҳанд. Яке аз усулҳои таъмини дастрасӣ ба иттилоотро қонун ҳатмӣ будани расондани иттилоот ба маълумоти умум тариқи дар нашрияҳои махсус чоп кардани ҳуҷҷатҳои расмӣ, ҷойгир намудани онҳо дар маъхазу манбаъҳои маълумоти дастраси доираи номаҳдуди шахсони манфиатдор муқаррар кардааст.  Ғайр аз ин, дар шабакаи ҷаҳонии интернет алҳол чор сайт фаъол аст, ки инҳо сайтҳои расмии Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлия буда, аз онҳо баъзе иттилоотро дар бораи фаъолияти судҳо пайдо намудан мумкин аст.
Хулоса, дар пойдории давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, оромию субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ мақомоти судӣ саҳми назаррас дошта, барои ташкили фаъолияти босубот ва бенуқсони онҳо Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ нақши муассир мебозад. Барои таъмини мустақилияти судҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ якчанд қонун қабул гардида, аз тарафи давлат тадбирҳои зиёде роҳандозӣ гаштаанд. Дар натиҷаи ин талошҳо мақомоти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия  ҳамчун як шохаи боэътимод ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътирофи худро ёфт ва ҳамаи ин дар навбати худ баҳри он равона гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  таҷассумгари арзишҳои олӣ дар самти риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бошад.     
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2014    №: 190    Мутолиа карданд: 716

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед