logo

ҳуқуқ

МАРҲАЛАҲОИ РУШДИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Агар ба таърихи ташаккули мақомоти судӣ назар андозем, мебинем, ки он  тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар заминаи судҳои қозигии тоинқилобӣ, бо номҳои  «Судҳои советии халқӣ» ва ё  «Судҳои қозигии халқӣ» таъсис ёфтаанд. Соли 1924 аз рӯи сохтори судҳои Русияи шӯравӣ Суди округи Бухорои шарқӣ ташкил гардид. Зеро бе таъсиси мақомоти  судию низомӣ  дар он замон устувор гардондани пояҳои давлатдории Ҳукумати Шӯравӣ аз имкон берун буд. Аз ин ҷиҳат 14 декабри соли 1924 бо қарори  Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Комиссариати халқии адлия таъсис дода шуд, ки ба низоми фаъ-олияти суду прокуратура асос гузошт.

Дар давоми солҳои 1925 - 1926 дар ҷумҳурӣ судҳои халқӣ, округӣ ва шуъбаи  тоҷикистонии Суди Олии ҶШС Ӯзбекистон  амал мекарданд. Соли 1927 шуъбаи тоҷикистонии Суди Олӣ ба Сарсуди ҶМШС  Тоҷикистон  табдил дода шуд.  Бо  ҷумҳурии мустақил гардидан  дар ҳайати ИҶШС  моҳи сентябри  соли 1929 бо қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон Суди Олии ҶШС Тоҷикистон низ  таъсис ёфт.
Тамоми ин муддат мақомоти судии кишвар борҳо тағйироти сохторию  кадрӣ намуда бошанд ҳам, моҳият ва муҳтавои фаъолияташон, ки аз таъмини адолати судӣ,  волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, ҳамзамон инсон ва давлату ҷомеа иборат буд, тағйирнопазир боқӣ монд.
Аз соли 1930 бо таъсиси ноҳияҳои Кӯлобу Фархор, Ховалингу Қизилмазор (ҳоло Темурмалик) ва  Шӯрообод дар тамоми вилояти Кӯлоб танҳо як нафар  прокурор таъйин шуда буд, ки   вазифаи судро низ иҷро мекард. Аз нимаи дувуми солҳои сиюм сар карда, дар ин ноҳияҳо судяҳо таъйин гардиданд. Солҳои 60-80-ум судяҳо бо тавсияи мақомоти  Ҳизби коммунист  ва қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳиявию шаҳрӣ аз ҷониби ҷамоаҳои меҳнатӣ  тариқи раъйпурсӣ  интихоб мегардиданд. Баъдан судяҳо таъйинотӣ гаштанд ва аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба ин вазифа пешниҳод мегардиданд.
Соли 1991 пас аз соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ дар фаъолияти судҳо марҳалаи нав оғоз ёфт. Дар асоси Эъломия «Дар бораи истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон» ва қарори Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»  давра ба давра дар мамлакат ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ гузаронда шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде ба тасвиб расиданд. Яке аз чунин санадҳо, ки эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, Конститутсияи  (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 июни соли 2007,  №271 «Дар бораи  Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми фаъолияти ҳокимияти судӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки бевосита ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ робитаи ҷудонашаванда доранд, дарбар мегирад. Асоси ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ,  ки тибқи барномаи мазкур анҷом дода шуд, тақвият бахшидани мақомоти судӣ бобати демократисозии мурофиаи судӣ ва дар ин   замина қатъиян тағйир додани фаъолияти  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Дар партави ин барнома силсилаи санадҳо, аз  ҷумла Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки аз 1 апрели соли 2010  мавриди амал қарор дорад. Тибқи он дар 17 ҳолат ба судҳо ваколату салоҳияти нав дода шудааст, ки эътибори мақоми ҳокимияти судиро дар амалӣ гардондани адолати судӣ боз ҳам мустаҳкам намуд.
Бояд гӯем, ки соли 2013 муҳлати барномаи дигари ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ, ки бо Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 январи соли 2011, №976 тасдиқ гардида буд, ба охир расид. Бар асоси барномаи мазкур таҳияи Кодекси одоби судяҳо дар таҳрири нав, андешидани тадбирҳои зиддикоррупсионӣ дар фаъолияти мақомоти судӣ, пешбинӣ намудани ҳамасола зиёд гардондани  маблағгузории мақомоти судӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба мақсад мувофиқ  дониста шуда буд. Дар барнома таъкид гардидааст, ки «Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сохторҳои маҳаллии он дар пешрафти фаъолияти судӣ нақши муҳим доранд». Аз ин рӯ пешбинӣ гардидааст, ки  «Санадҳои меъёрии   ҳуқуқии таҳиякунандаи фаъолияти ин мақомот таҷдиди  назар ва такмил дода шаванд».
Агар як қатор талаботи барнома то имрӯз ҳалли пурраи худро ёфта бошанд, масоили дигари дар  ин санад пешбинигардида дар ҳолати иҷро қарор доранд. Тибқи барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ биноҳои маъмурии суди ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон, Ванҷ, Нуробод, Шаҳринаву Шуғнон аз нав бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
Вақте таърихи пурғановати ташаккули судҳои мамлакатро варақ  мезанем,  дармеёбем, ки  фаъолияти  арзишманди кормандони ин мақомот хеле доманадор ва пурифтихор  аст. Ба хотир меорем хидматҳои шоистаи Довуд Сафаров, Шона Ашӯров,  Амиршо Сангалиев, Маҳмадрозиқ Рауфов,  Холмома Маҷидова, Абдураҳмон  Раҳмонов, Қурбон Набиев, Б. Мадғозиев,  Б. Искандаров ва дигаронро, ки зимни адои вазифаи судягӣ дар шаҳру навоҳии  Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Муъминобод, Данғара фидоии ин касби пурифтихор буданд. Онҳо солиёни зиёд   баҳри таъмини адолати судию волоияти  қонун мубориза бурдаву бенуқсон заҳмат  кашидаанд. Ҳамзамон ба хидматҳои назарраси раисони вақту масъулони суди вилояти собиқи Кӯлоб Избулло Хоҷаев, Ҳасан Шарофов, Файзулло Абдуллоев, Ҳомиддин Шарифов, Қурбон Сафаров, Сафар Хоҷаев, Искандар Қаландаров ва даҳҳо нафари дигар месазад арҷ    гузорем, ки дар рушди мақомоти  судӣ саҳми   сазовор гузоштаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба таҳкими фаъолияти   мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, тақозо менамоянд, ки кормандони соҳа вазифаи худро бояд  софдилонаву поквиҷдонона, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба ҷо оранд. 
Мо - кормандони Шӯрои  адлия,  мақомоти судӣ, судяҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи бечунучарои  қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуб, аз ҷумла гаравидан ба  созмону ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, пайваста саъю талош хоҳем кард.

САИДЗОДА Ҷамолхон Шариф,
муовини якуми раиси Шӯрои адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.10.2014    №: 191    Мутолиа карданд: 718

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед