logo

ҳуқуқ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ СОДАТАР ХОҲАД ШУД

29 сентябр маҷлиси навбатии Пленуми Суди Олӣ баргузор гашт.
Бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ҷиҳати татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қарори Пленуми Суди Олии ҷумҳурӣ «Оид ба татбиқи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ» қабул шуд. Қарори мазкур ба суд, судяҳо, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдор, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати қабули санади ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дахлкунандаро доранд, тавзеҳоти дастурӣ медиҳад.
Қарори дигари Пленуми Суди Олӣ, ки бо дар назар гирифтани таклифу пешниҳоди иштирокдорони маҷлис қабул гардид, «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» унвон дошт. Принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ҳамчун асли асосии адолати судӣ аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, моддаи 88-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, суд ва судяҳоро уҳдадор менамояд, ки имконияти озодона ба толори маҷлиси судӣ даромадани ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори оммаро таъмин намоянд. Зеро иттилоотонии саривақтӣ ва холисонаи ҷомеа дар бораи фаъолияти судҳо кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ ва яке аз воситаҳои нигоҳдошти боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ мебошад.
Ҳамзамон ба қарорҳои Пленуми Суди Олӣ «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба бекор кардани ақди никоҳ» ва «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба гирифтан, додани пора ва ришвадиҳии тиҷоратӣ» тағйиру иловаҳо ворид шуданд.

Д. РӮЗИЕВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.10.2014    №: 191    Мутолиа карданд: 596

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед