logo

ҳуқуқ

ҲАМГИРОИИ ПРОКУРОРОНИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ

Солҳои охир дар низоми фаъолияти мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт. Кодекси одоби кормандони мақомоти прокуратура қабул шуд. Ҷиҳати таҳкими интизоми хидматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти прокуратура маҷмӯи тадобири судманд тасдиқ ва роҳандозӣ гардиданд. Амалан ҳайати роҳбарӣ чӣ дар дастгоҳи марказӣ ва чӣ дар маҳалҳо пурра нав гашт.

Ин матлабро Шерхон Салимзода, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ҷаласаи 24-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Душанбе баргузор гардид, ироа дошт. Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2010 қабули кормандон ба мақомоти прокуратура бидуни истисно дар асоси озмун ба роҳ монда шуд. Ин имкон дод, ки ҳисси масъулиятшиносии кормандон баланд ва  прокуратура ба як ниҳоди мӯътабар дар байни дигар сохторҳои давлатӣ, дар маҷмӯъ ҷомеа табдил ёбад.
Шерхон Салимзода зикр сохт, ки бо мақсади роҳ надодан ба дахолати иловагӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод мо теъдоди санҷишҳои прокурориро коҳиш додем, ки натиҷаи мусбат доданд. Дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2012-ум 10,5 дарсад ва дар муқоиса ба соли 2009 - ум 48 дарсад ҷиноят бештар сабт шудааст. Ба таъкиди ӯ, пешрафтҳои назарраси мақомоти прокуратураи кишвар бо дастгирии Эмомалӣ  Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории мутақобилан судманд ва табодули таҷриба дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ ба даст омадаанд.
Дар ҳамоиш як қатор масъалаҳои муҳим, назири таҷрибаи кории прокуратураҳои генералии кишварҳои узви ИДМ, тасдиқи маърӯзаи таҳлилӣ ва ҳисоботи ҷамъбастии «Маълумот дар бораи вазъи ҷинояткорӣ, кори тафтишот, фаъолияти прокурорӣ, амалияи иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ», ҳолати иҷрои «Барномаи ҳамкорӣ дар соли 2013», амалияи фаъолияти  мақомоти прокуратура дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, алалхусус дар хориҷи кишвар, таҳкими ҳамкориҳо бобати мубориза бо коррупсия, амалияи иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ дар соли 2013, тасдиқи нақшаҳои корӣ барои солҳои 2014- 2018, дар бораи таъйини Котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ  мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
 Муовини прокурори генералии Федератсияи Русия Александр Звягинсев  аз иштироки фаъоли иштирокдорони ҳамоиш зимни баррасии мавзӯъҳои мавриди баҳс изҳори қаноатмандӣ намуда,  зимнан гуфт, ки таҳкими ҳамкориҳои воқеии байни прокуратураҳои генералии давлатҳои узви ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва аслиҳа, мубориза бо коррупсия, хариду фурӯши одамон, дигар намудҳои ҳаракатҳои ҷиноятии фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура дар солҳои оянда хоҳанд буд.
Бино ба иттилои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумоти прокуророни генералии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия оид ба пешгирӣ, ошкорсозӣ, таҳқиқи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайриинсонӣ, ташкили назорати прокурорӣ дар соҳаи иқтисод шунида шуд. Ҳамзамон, барномаҳои нави ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин дигар хатарҳои ҷаҳони муосир барои солҳои 2014 - 2018 қабул ва тасдиқ гардиданд.
Дар ҷаласаи душанбегии Шӯрои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои узви ИДМ прокуророни генералии ҷумҳуриҳои Қазоқистон Асхат Даулбаев, Қирғизистон Аида Салянова, Беларус Александр Конюк,  муовинони прокуророни генералии Федератсияи Русия Александр Звягинсев, Ҷумҳурии Озарбойҷон  Алиев Кямран Байрам оғлу,  котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Ермолаев ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Конисбек Жусунбеков иштирок карданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ соли 2015 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор хоҳад гашт.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.10.2014    №: 191    Мутолиа карданд: 828

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед