logo

маориф

КИТОБИ ДАРСӢ БОЯД ИНСОНСОЗ БОШАД

Солҳои охир роҷеъ ба паст будани сифати китобҳои дарсӣ аз фанни адабиёти тоҷик ва мушкилоти таълими он дар мактабҳо аз ҷониби мутахассисону адибон ва омӯзгорон фикру андешаҳои зиёде баён мешаванд. Мақолаи адабиётшиноси маъруф Юсуф Акбарзода “Китоби дарсӣ бояд инсонсоз бошад”(“Ҷумҳурият”, 9 июли соли 2014, №130) аз ҷумлаи  мақолаҳоест, ки дар он перомуни нуқсу норасоиҳои китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 9 (муаллифон Мирзода Маонӣ, Суннатуллоҳи Давлатзода, Душанбе, “Мавлавӣ”, 2009) сухан рафтааст.  Дар ҳақиқат, ин китоб рисолати асосии худро, ки тарбияи одоби ҳамида, суханварӣ ва дониши амиқ аз адабиёти классикии  форсии тоҷикӣ аст, наметавонад самаранок иҷро кунад. Вақте ин китоб, бино ба сабаби ниёзмандии мактабҳо ба китоби адабиёт барои чопи такрорӣ пешниҳод шуд, Маркази табъу нашри Вазорати маориф ва илм барои тақриз ба Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ирсол намуд, камина баъд аз нишон додани камбудиҳои он дар тақризи худ навишта будам, ки “китоби дарсии  мазкур бо ҳамон шеваю тафаккури давраи шӯравӣ навишта шудааст ва бо чунин ҳол на танҳо ниёзи хонандагонро қонеъ карда наметавонад, балки завқи шеърфаҳмӣ ва эстетикии онро паст мегардонад”. Муаллифон танҳо баъзе аз камбудиҳои китобро рафъ карданду бас, аз уҳдаи таҳрири ҷиддии он набаромаданд. Бино ба он сабаб, ки хонандагони мактаб ба китоби адабиёт ниёз доштанд, онро шартан ба нашр иҷозат доданд.
Дар бораи барномаи таълими адабиёти тоҷик ва китоби дарсии ин фан аз ибтидои солҳои 90 - и асри гузашта то имрӯз бисёр гуфтаанду навиштаанд, вале то кунун на барномаи таълимӣ ва на китоби дарсие ба майдон омад аст, ки ҷавобгӯйи талаботи замони муосир бошад.
Баъд аз истиқлол ба даст овардани кишвар бо фарорасии шароити мусоид зарурати таҷдиди назари барнома ва китобҳои дарсӣ ба миён омад. Бори нахуст барномаи алтернативии М. Ансор ва Ҳ. Қаҳҳоров барои синфҳои 9 - 11 ба нашр расид. Сипас С. Маҳкамов лоиҳаи барномаи алтернативии худро барои синфҳои 5-11 пешниҳод кард. Ҳамчунин Т. Миров таҳти унвони «Адабиёти тоҷик, барномаи таълим барои мактабҳои асосӣ ва миёна (синфҳои 5 - 11)” барномаи худро пешкаши умум гардонд. Дар матбуот дар бораи ду барномаи аввал фикрҳои мусбат ба нашр расид, аммо дар бораи барномаи Т. Миров тақризи С. Маҳкамов ба табъ расид, ки аз ибтидо то интиҳо  танқид шуда, бо далелҳои илмӣ камбудиҳои он нишон дода шудааст. Мушовараи Вазорати маориф ва илм пешниҳод мекунад, ки аз се барнома як барномаи мукаммал тартиб дода шавад. Бо ин мақсад дар назди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ (ҳоло Пажӯҳишгоҳи рушди маориф) гурӯҳи корӣ ташкил меёбад, ки дар он илова бар мураттибони барномаҳо олимон, методистон аз мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ дохил буданд. Баъд аз итмоми кор, ба сабаби ба назар нагирифтани андешаҳо, аксари мутахассисони варзида ба нусхаи ниҳоии он имзо намегузоранд.  Ҳ. Қаҳҳоров, М. Ансор ва С. Маҳкамов дар баробари он барнома, ки имзо нагузошта буданд, барномаи курси хониши адабии синфҳои 5 - 7-ро бо диди нав мураттаб намуда, ба маърази муҳокима мегузоранд. Вазорат «Барномаи «Адабиёти тоҷик» барои синфҳои 5-9 ва 10 - 11»-ро, ки Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии илмҳои педагогии Тоҷикистон (бидуни номи мураттибон) пешниҳод карда буд, ҳамчун барномаи озмоишии давраи гузариш маъқул донистааст. Соли 2007 Х. Шарифов ва У. Тоиров «Барномаи таълими адабиёти тоҷик дар синфҳои 5 - 11»-ро мураттаб намуданд, ки то кунун мавриди амал аст. Дар бораи ин барнома дар мақолаи вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Ш. Исрофилниё ва декани факултаи филологияи тоҷики ДДОТ Б. Шарифов «Зарурати таҷдиди назар ба барномаи таълими адабиёт барои синфҳои 5 - 11» (Омӯзгор, 14.06.2013) ба тафсил сухан рафтааст.
Баъд аз таъйин шуданам ба вазифаи директори пажӯҳишгоҳи мазкур номаи ба вазири маориф ва илм зарурати таҷдиди назар намуданро ба барномаи адабиёти тоҷик ба миён гузоштам. Супориш шуд, ки барномаи нави дархӯри замон мураттаб гардад. Бо ин мақсад моҳи майи соли 2012 дар пажӯҳишгоҳ бо иштироки мутахассисон доир ба «Барномаи адабиёти тоҷик» мизи мудаввар доир гардид. Аҳли нишаст бо андаке тағйир тарҳи барномаеро, ки камина пешниҳод намуда будам, маъқул донистанд. Ба кормандони пажӯҳишгоҳ Т. Миров ва Г. Сафаров, ки дар ин масъала таҷрибаи бисёрсола доштанд, супориш шуд, ки дар асоси тарҳи пешниҳодшуда барномаи мукаммал омода созанд. Баъд аз нуҳ моҳи интизорӣ онҳо аз чанд барномаи куҳна як барнома сохта пешниҳод карданд, ки маъқул наафтод. Чун аз ин кормандон умеде ҳосил нашуд, худ ба кор шурӯъ намудем. Барномаи курси хониши адабии синфҳои 5 - 7, ки бояд тариқи мавзӯӣ мураттаб мегардид,  ба А.Байзоев супорида шуд ва барномаи таълими адабиёт дар синфҳои 8 - 11-ро худ ба зимма гирифтам. А. Байзоев тарҳи барнома ва номгӯйи мавзӯъҳоро пешниҳод намуд, аммо ба мураттаб намудани шакли комили барномаи курси хониши адабии синфҳои 5 - 7 имкон наёфт. Дар ин миён вазири маориф ва илм муҳтарам Нуриддин Саид масъалаи стандартҳои фанниро ба миён гузошт. Барои навиштани сдандтарт ва «Барномаи адабиёти тоҷик» дар ҳайати А. Раҳмонов (раис), М. Солеҳов, А. Кӯчаров, А. Муҳаммадаминов, Ш. Исрофилниё. Б. Шарифов ва М. Нарзиқул гурӯҳи корӣ ташкил ёфт ва ҳам стандартҳои фаннӣ ва ҳам барномаи таълими адабиёт дар синфҳои 5 - 11 бо диди тоза омода гардид, ки ҳоло мавриди такмилу таҳрир аст. Аз ҷумла, лоиҳаи «Барномаи адабиёти тоҷик дар синфи 9»-ро, ки мураттаб намуда будам, барои муҳокимаи умум дар рӯзномаи «Омӯзгор» ба нашр расид.
Мо бо ҳамроҳии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид дар охири мақолаи хеш «Зарурати таҷдиди назар  ба барномаи таълими адабиёт барои синфҳои 5 - 11» (Омӯзгор, 14.06.2013, дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» низ ба нашр расидааст),  аз  зиёиёни тоҷик хоҳиш карда будем: “Биноан, аз шумо, устодон, адабиётшиносон, омӯзгорон, шоиру нависандагон ва ҳама касоне, ки рушди маорифи кишварро хоҳонанд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба хотири чандандешӣ ва  боз ҳам мукаммалу дархӯри замон  гардидани  Барномаи зикршуда фикру мулоҳизоти хешро ба нишонии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф (хиёбони Айнӣ, 45, isrofilniyo@ mail.ru) ирсол намоед». Омӯзгорони таҷрибадори мактабҳои ҷумҳурӣ доир ба ин барнома изҳори андеша карданд, аммо, мутаассифона, аз ҷониби аҳли қалам ба ҷуз аз Султонмурод  Одинаев касе ба  мақола ва барномаи мо таваҷҷуҳ накард. Ҳамчунин,  вазири маориф ва илм ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  нома навишта, дар мавриди дохил намудани шоиру нависандагони  муосир ба барномаи таълимии мактаби таҳсилоти миёна фикри эшонро пурсида буд, вале ба ин нома то ба ҳол ҷавоби расмӣ наомадааст.
Вазорати маориф ва илм ба нақша гирифта, ки баъд аз муҳокима ва таҳриру такмили нақшаю барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои фаннӣ барои навиштани китобҳои дарсӣ ва китоби «Раҳнамои омӯзгор» барои насли нав, аз ҷумла барои таълими адабиёти тоҷик дар макотиби таҳсилоти умумӣ озмун эълон кунад. Дар ин озмун ҳар каси хоҳишманд метавонад иштирок кунад. Барои китоби дарсии дархӯри замон, пеш аз ҳама, барномаи мукаммале лозим аст, ки аз ҷониби ҳама эътироф шуда бошад. Лоиҳаи ин барномаҳо дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф мавҷуд аст, ҳар каси хоҳишманд метавонад бо он шинос шавад.
Банда бо ҳамроҳии яке аз кормандони пажӯҳишгоҳ китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 9-ро такя бар барномаи нав омода кардам, ҳозир ҳастем онро ба муҳокимаи  умум гузорем. Ҳар пешниҳоде, ки барои такмили ин барномаву китоби дарсӣ аз ҷониби шумо мешавад, хуш мепазирем.

Ш. ИСРОФИЛНИЁ,
директори Пажӯҳишгоҳи
рушди маориф,профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.10.2014    №: 192    Мутолиа карданд: 3029

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед