logo

ҳуқуқ

НАХУСТСЕМИНАРИ ОМӮЗИШИ ҚОНУН

Дар толори меҳмонхонаи «Ориё»-и пойтахт семинари омӯзиши ҳамаҷонибаи талаботи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Зимни ифтитоҳи семинар Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Руқия Қурбонова, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар бораи нақши муҳими қонуни мазкур дар пешрафти ҳаёти мардуми кишвар ибрози назар карданд.

Зикр гардид, ки бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани риояи талаботи қонун баҳри пешгирии қонуншиканиҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ дар ҳамкорӣ  бо марказҳои омӯзишии курсҳои кӯтоҳмуддат ба роҳ мондани барномаи таълимӣ, ба омӯзиши ҳамаҷонибаи талаботи қонуни мазкур фаро гирифтани тамоми роҳбарон ва масъулони тарабхонаю ошхона, қаҳвахонаю ҷойҳои дилхушии шаҳри Душанбе ва бо сертификати махсус таъмин намудани онҳо семинари омӯзишӣ ба роҳ монда шуд.
Семинар дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе № 98, аз 3 апрели соли 2014, «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 январи соли 2014, оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар соли 2014» роҳандозӣ гардидааст.
- Дар ин замина, мо кӯшиш намудем барномаи таълимии омӯзиширо, ки бори нахуст таҳия гардидааст, бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи  оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуда, рафти таълимро бо иштироки мутахассисони варзида ба роҳ монем. Умед дорем, чунин семинарҳои омузишӣ ба коҳиш додани қонуншиканиҳо ва риояи қатъии қонун мусоидат мекунанд,- гуфт Назруллоҳи Маҳмадюсуф, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе.
Албатта, бо боварӣ метавон гуфт, ки роҳбарону масъулони тарабхонаю ошхона, қаҳвахонаю ҷойҳои дилхушии шаҳри Душанбе ва ҳамзамон пешхизматҳои онҳо муҳтаво ва моҳияти қонуни мазкурро омӯхта, барои бартараф кардани нофаҳмию қонуншиканиҳо мекӯшанд.
Назар ба гуфтаи Назруллои Маҳмадюсуф, дар амалӣ намудани семинар Туйғун Каримов, директори Маркази инкишоф ва дастгирии омӯзиши касбӣ ва Бахтиёр Пиров, роҳбари меҳмонхонаи «Ориё» саҳми арзанда гузоштанд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.10.2014    №: 192    Мутолиа карданд: 663

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед