logo

ҳуқуқ

СУДҲО АДОЛАТРО ҲИФЗ МЕКУНАНД

«Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро танҳо суде таъмин карда метавонад, ки неруманд ва дахлнопазир бошад».
Эмомалӣ Раҳмон

Суд дар байни мақомоти давлатӣ яке аз ниҳодҳои муътабар буда, адолати судиро дар кишвар амалӣ менамояд, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд, барои пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ нақши калидӣ мебозад.

Мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  суд шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст. Ҳамчунин, боби 8-и ин санади олии ҳуқуқӣ иборат аз 9 модда пурра ба ин шохаи ҳокимият, пеш аз ҳама, ба принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқии он, хусусан салоҳият ва сохтори судҳо, интихобу таъйини судяҳо, синну соли ба вазифа пешбарӣ кардан ва муҳлати ваколати онҳо, амалӣ намудани адолати судӣ бахшида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ аҳамияти бузурги нақши мақомоти судиро дар мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати ҳуқуқи шаҳрвандон ва манфиатҳои иҷтимоии онҳо, инчунин дар роҳандозии адолати судӣ зикр намуда, ба фаъолияти онҳо диққати махсус медиҳад.
Дар давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки мо имрӯз дар роҳи пешрафт ва бунёдкориҳои нав ба нави он устуворона қадам зада истодаем, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ доранд.
Мақомоти судӣ аз рӯзҳои нахустини барпо гардидани худ дар татбиқи қонунҳо, ҳимояи ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии халқ дар роҳи муборизаи беамон бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо саҳми назаррасе гузоштаанд. Суд ба ҷинояткорон натанҳо ҷазо медиҳад, балки дар назди худ мақсади ислоҳ ва аз нав тарбия кардани онҳоро низ мегузорад.
Мо, ки имрӯз дар остонаи 90-солагии мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорем, месазад аз тарбиятгарони роҳи ҳақ, муҳофизони ҳуқуқ ва озодии инсон дар ҳимояи қонун ва адолат ёдовар шавем.
Яке аз чунин шахсони барӯманд, ҳуқуқшиноси шинохта, ки дар бунёди бинои адлу инсоф саҳм гузошта, барои таҳкими  қонуният, адолат, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии халқ саъю талоши зиёд намудааст, Ҳомуддин Шарифов буд.
Мавсуф баъди бо дипломи аъло хатм кардани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияташро ба ҳайси муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон шурӯъ кардааст. Баъдан ӯро ба вазифаи сармуфаттиш гузаронданд. Қобилияти кордонию ташкилотчигӣ ва донишашро ба инобат гирифта, ба мақомоти суд пешбарӣ намуданд ва аз соли 1976 то 1987 дар ин сохтор кор кардааст. Бахусус дар давраи раиси суди вилояти Кӯлоб фаъолият доштанаш маҳорати кордонӣ ва тахассусии ӯ зоҳир гашт. Сипас Ҳомуддин Шарифовро муовини раис ва раиси суди вилояти Хатлон таъйин намуданд. Ӯ барои баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи судҳо, ҳимояи қонун ва манфиатҳои меҳнаткашон кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Дар ин муддат дар вилоят  як зумра ҳуқуқшиносони варзида ба камол расиданд, ки дар бобати мустаҳкам кардани қонуният саҳми калон гузоштанд. То соли 1996 дар вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, ба халқу Ватан содиқона хидмат кардааст.
Аз соли  1996 дар маснади роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият дошт. Охири соли 1996  бо фармони Сарвари давлат  вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъйин  шуд. Зиёда аз даҳ сол дар вазифаи масъулиятнок кор карда, ин бахши муҳимро хеле пурқудрат гардонд. Ҳомуддин Шарифов аз соли 2007 то охири умраш дар вазифаи раиси Кумита оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Заҳматҳои чандинсола ва бенуқсони  ин марди накуном  ва ҳақиқатпеша аз  тарафи ҳукуматҳои   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, Пётри 1, унвони Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ  сарфароз гардонда шудааст. Ҳомуддин Шарифов  муаллифи китоби “Тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон”  мебошад.
Аз ин рӯ, ӯро чун сиёсатмадори варзида, ҳомии асили ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии халқ ба некӣ ёд мекунанд.
Ман низ хешро шогирди шодравон Ҳомуддин Шарифов меҳисобам. Соли  1985 пас аз хатми Техникуми молия ва иқтисодии шаҳри Душанбе ба суди ноҳияи Ёвон ба кор омада, аз ӯ таҷриба омӯхтам. Ҳомуддин Шарифов чун мураббии ғамхору меҳрубон ба ман кор омӯхт. Ҳамеша талқин менамуд, ки ба боварии халқ сазовор бошам. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвари фаъолияти худ қарор диҳам.
Хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли беғаразии судҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо итоат намудани онҳо,  баробарии ҳама дар назди қонунро дар фаъолияти Ҳомуддин Шарифов мушоҳида менамудам. Чунин ашхос дар ҷомеа чун номбардорони миллат, роҳнамою муҳофизони ҳуқуқу озодиҳои инсон зиндаву ҷовид боқӣ мемонанд.
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри  хайр зинда кунад номро.

Шодмони АЛИЗОДА,
раиси суди ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.2014    №: 193    Мутолиа карданд: 674

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед