logo

ҳуқуқ

ОИННОМАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Конститутсия дастурамал ва оинномаи ҳар як давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз Конститутсия сохтори ҳар як давлатро муайян намуда, озодиву ҳуқуқҳои шаҳрвандонро таъмин ва зиндагии осоиштаи онҳоро кафолат медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Сарқонуни худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Аз ин рӯ, 20 - умин солгарди қабули ин санади олии ҳуқуқӣ ба маънои арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва миллӣ буда, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро, новобаста ба мансаб, нажод ва миллаташ, ба риояи бечунучарои меъёрҳои он даъват мекунад.
Бояд зикр кард, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай чун яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф шуда, сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст. Ин санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ аҳамияти таърихии басо бузург дошта, маҳз бо қабул ва татбиқи он сулҳу субот дар кишвари азизи мо фароҳам омад. Зеро маҳз татбиқи ин санади бузурги ҳуқуқӣ тавонист, ки ҳама гурӯҳҳои сиёсиро гирди ҳам оварда, тоҷикистониёнро дар атрофи давлат ва Президенти кишвар муттаҳид созад ва дар як муҳлати кӯтоҳ кишвари моро ба як давлати озоду демократӣ табдил диҳад.
Ҳадафи ҳар як давлати муосир ва миллати соҳибтамаддун бунёди ҷомеае ба ҳисоб меравад, ки дар он эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал қарор дорад ва Сарқонун дар амал татбиқ шудани онро ҳаматарафа кафолат медиҳад. Бояд таъкид намуд, ки маҳз қабул ва дар амал татбиқ шудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имкон дод, ки дар кишвар як низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташаккул ёбад ва дар асоси он заминаи рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд оварда шавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ  иброз дошта буданд, ки «Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем». Ва имрӯз мо дар амал мебинем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан чароғе шуд, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар намуд.
Ҷиҳати дигари мукаммалии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ин санад бо дар  назар гирифтани таклифу дархости мардум ва пешниҳодҳои бевоситаи мутахассисону донишмандон таҳия гардида, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.  Яке аз омилҳои асосие, ки барои қабули ин санади асосии кишвар боис гаштааст, ин «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин гуфтаҳо  далели он аст, ки роҳи интихобкардаи давлати мо, яъне бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи хоҳиш ва иродаи кулли мардуми шарифи кишвар пеш гирифта шудааст, на бо майлу хоҳиши ашхос ва ё гурӯҳҳои алоҳида.
Тавре   зикр гардид, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мутахассисон ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ эътироф ва ба он баҳои баланд доданд. Зеро он ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам мазмун ҷавобгӯи меъёрҳои демократисозии ҷомеа буда, ба қонунҳои байналмилалӣ мутобиқат мекунад. Давлати мо, инчунин тамоми санадҳои қонунгузории худро давра ба давра бо ин ҳуҷҷати тақдирсоз мутобиқ намуд, ки эътимоди кишварҳои хориҷиро низ ба вуҷуд овард. Хеле муҳим аст, ки Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст, яъне «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадоме аз ин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои амалу фаъолияти мустақилонаро фароҳам овардааст ва муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.  «Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомотҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад». Маҳз ҳамин мустақилият барои шохаҳои номбурдаи ҳоқимияти давлатӣ имконият додааст, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон бе дахолати шохаҳои дигар ҳимоя ва бехатарии ҳаёти онҳо кафолат дода шавад.
Вазифаи мо - кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти прокуратура он аст, ки бо риояи бечунучарои Сарқонун озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳимоя намуда, истиқлолиятро ҳифз кунем ва сулҳу суботро дар кишвар таҳким бахшем. Сарқонун бояд меҳвари кори мо ва оинномаи миллат бошад.

Асадулло СУЛТОНЗОДА,
прокурори ноҳияи
Роштқалъаи ВМКБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.2014    №: 193    Мутолиа карданд: 596

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед