logo

ҳуқуқ

МИЗОНИ АДОЛАТ

Икром ҶУМЪАЗОДА,
 раиси суди ноҳияи Айнӣ

То дар рӯи замин ҳаёт боқисту зиндагӣ идома дорад, рӯй додани ҳар гуна ҳодисаи аз доираи инсофу адолат берун, назири ҷинояту  ҷинояткорӣ, туҳмату таҳқир, фиребу найранг ва дигар зуҳуроти манфию мусбат ногузир аст.  Аз ин рӯ, ҳангоми ба миён омадани баҳсу мунозира ва даъвоҳо  шахсони ваколатдор  ҳақиқатро рӯи об мебароварданд. То замони шӯравӣ ин масъулиятро қозӣ ва идораи қозиёт ба зимма доштанд.
Дар Тоҷикистон мақомоти судӣ 90 сол пеш, яъне моҳи августи соли 1924 таъсис ёфт. Вазифаи асосӣ ва аввалиндараҷаи судҳо аз барқарор намудани адолату ҳақиқат иборат буд. Мақомоти судӣ дахлнопазир буданд ва танҳо ба қонун итоат мекарданд.
Инак, навад сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти судӣ амал мекунанд. Ин ҷо як нуктаро бояд тавзеҳ дод, ки то миёнаи солҳои чилум тамоми фаъолияти судиро дар ноҳияи Айнӣ асосан судҳои шаҳрҳои Панҷакенту Ӯротеппа  ва баъзан вилояти Ленинободи онвақта  ба амал мебароварданд. Дар ноҳия мақомоти алоҳидаи судӣ вуҷуд надошт. Ҳамаи мурофиаҳо, хоҳ оилавӣ бошанду хоҳ гражданӣ ва ё ҷиноятӣ бевосита дар Панҷакенту Ӯротеппа барпо мегардиданд. Дар баъзе ҳолатҳо  судяҳо аз ин шаҳрҳо омада, дар ноҳияи мо мурофиаҳои судиро мегузаронданд. Танҳо миёнаи солҳои 40-ум дар ноҳия мақомоти алоҳидаи судӣ таъсис ёфт.
Аввалин раиси суди ноҳияи Айнӣ Ҳасан Фозилов, аз деҳаи Кум, дар он солҳои душвори давраи ҷангию баъдиҷангӣ дар ин вазифа кор кард. Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки то солҳои наздик раисони суд ва судяҳоро бо роҳи раъйпурсӣ интихоб мекарданд.  Насли калонсол то имрӯз дар ҳаққи аввалин раиси суди ноҳия Ҳасан Фозилов ҳамчун инсони бофарҳангу масъулиятшинос, некрафтору некгуфтор, адолатҷӯ ва муборизи оштинопазири  зидди ҷинояту ҷинояткорӣ суханҳои нек мегӯянд. Нақл мекунанд, ки ӯ ҳатто гуноҳи хешу табори наздикашро низ намебахшидааст.
Дар солҳои минбаъда вазифаи пурмасъулияти раиси суди ноҳияро зодагони деҳаҳои  Дарғ Аъзам Одинаев, Анзоб Аллаёр Хоҷаев, Панҷакент Дилбар Мирзофотирова, Урметан Р. Зулолов, Вешканд А. Қурбонов, шаҳри Исфара О. Шарофов, ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ Қ. Қосимов ба зимма доштанд. Дар хусуси хислатҳои ҳамидаи  инсонии ҳар кадоми онҳо то имрӯз нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуданд.  Марҳум Аллаёр Хоҷаев, аз  деҳаи Анзоб, зиёда аз 20 сол дар ноҳия ҳамчун раиси суд кор карда, дар ин давра бо амалҳои неку созандааш дар дили мардум ошён гузошт. Ӯ бинои судро, ки дуошёна мебошад, дар 5 моҳ сохта, мавриди  истифода қарор дод. Мавсуф дар рушди мақомоти судии ноҳия саҳми назаррас гузоштааст.
Дар солҳои аввали  барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ дар мақомоти судӣ кор кардан хеле  душвор  буд.  Барои ҳақиқатро  барқарор намудан, мӯйро аз хамир ҷудо кардан, дидани ҷойи ҳодиса, гузарондани ташхиси судӣ, камбуди нақлиёту дигар таҷҳизоти техникӣ  душвориҳои зиёде пеш меомаданд. Ва ҳамаи онҳое, қи дар боло ном бурдем, зимни иҷрои вазифаи хидматӣ ин мушкилотро  паси сар кардаанд. 
Солҳои охир  шаҳрвандон ба мақомоти судӣ бештар муроҷиат мекунанд. Агар ба шумораи парвандаҳои дар истеҳсолоти судӣ буда назар андозем, маълум мешавад, ки назар ба чанд соли пеш  теъдоди онҳо, махсусан парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ  хеле зиёд шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бовари мардум ба мақомоти судӣ рӯз ба рӯз афзун гашта истодааст. Ва ин маънои онро надорад, ки ҷинояту ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳо, авбошӣ, дуздӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ рӯ ба афзоиш овардаанд, баръакс мардум  ҳамаи баҳсҳояшонро дар суд баррасӣ мекунанд. 
Масалан, вақте ман ҳамчун раиси суди ноҳияи Айнӣ соли 2008 ба кор шурӯъ намудам, сарбории яксолаи мақомоти судӣ аз 25 то 40 парвандаро ташкил медод. Ҳоло сарбории солонаи суди ноҳия  500 - 600 парвандаро ташкил медиҳад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2014 дар суди ноҳия зиёда аз 250 парванда сабт шудааст, ки аксари онҳо дар маҷлисҳои сайёри судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маврид ба зикр аст, ки мурофиаҳои сайёри судӣ  як намуди таблиғи волоияти қонун дар ҷойҳо мебошад.  Ин ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки барои коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, дар маҷмӯъ қонуншиканиҳо тамоми имкону неруи худро истифода барем. 
Бо ин максад, дар суди ноҳия нақша - чорабиниҳо тартиб ва тасдиқ шудааст, ки ба амал баровардани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи  мост. Ин нақшаи чорабиниҳо, агар  мушаххас гӯем, дар маҳалҳо гузарондани мурофиаҳои сайёри судӣ, тавассути воситаҳои ахбори омма баромад кардан ва баргузории мулоқоту вохӯрӣ  бо шаҳрвандонро дар маҳалли зисташон дарбар мегирад. Гузарондани  ҳар як мурофиаи судӣ масъулияту заҳмати зиёдеро талаб менамояд. Ин корро бе мутахассисони лаёқатманд пеш бурдан аз имкон берун аст.
 Дар мақомоти судии ноҳия солҳои зиёд Самандар Яҳёев ва Бобоҷон Одинаев дар вазифаҳои котиби суд, котиби маҷлиси судӣ фаъолият намуда, барои  пешрафти соҳа заҳмати зиёд кашидаанд, ки мо аз онҳо сипосгузорем. Собиқ корманди суди ноҳия Толибшоҳ Турсунов бинобар мутахассис ва ҳуқуқшиноси шинохта буданаш, кунун вазифаи мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияро ба зимма дорад. Собиқ судяи суди ноҳия Суҳробҷон Нуралиев ҳоло ба ҳайси судяи суди вилояти Суғд кор мекунад, ки ҳарду ифтихори мақомоти судии ноҳияи Айнӣ мебошанд.
Имрӯз дар мақомоти судии ноҳия судя  Шараф Норқулов, котибони маҷлиси судӣ Мақбула Юсуфова, Мирзоқул Қулов ва котиби суд Беҳрӯз Хошоков фаъолият доранд, ки шахсони масъулиятшинос ва ҳуқуқшиносони варзидаанд. Зикр карданием, ки Мақбула Юсуфова корманди собиқадор буда, 31 сол боз дар мақомоти судии ноҳияи Айнӣ ба ҳайси котиби суд, котиби маҷлиси судӣ кор карда, дар байни мардум обрӯву эътибори баланд дорад.
Кормандони мақомоти судии ноҳияи Айнӣ бо мақсади таъмини волоияти қонун ва таҳкими ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки ҷавҳари онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳанд, тадбирҳои муассир андешидаанд. Онҳо содиқона, бо дасту дилу нияти пок баҳри таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат пайваста талош намуда, иди касбии худ - 90 солагии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегиранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.10.2014    №: 194    Мутолиа карданд: 747

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед