logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ХАТЛОН АЗ НОҲИЯИ ПАНҶ ОҒОЗ ЁФТ

6 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафар кард.
Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Панҷ оғоз ёфт. Роҳбарияти вилояти Хатлону ноҳияи Панҷ ва намояндагони аҳли ҷамоа Президенти кишварро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Нахуст дар маркази ноҳияи Панҷ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву муосири Панҷ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусалим Қаландаров дар майдони 20 садяк замин бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Меҳмонхона дуқабата буда, бо харҷи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта ва ҷиҳозонида шудаасту дорои 26 ҷойи хоб мебошад. Дар ин ҷо 15 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад. Дар ошёнаи якум 7 мағоза барои фурӯши молу масолеҳи гуногун ихтисос дода шудааст.
Соҳибкор Абдусалим Қаландаров соли гузашта ҳудуди 3 километр роҳҳои дохилии ноҳияро мумфарш намудааст ва нақша дорад, ки минбаъд ҳам дар корҳои ободонию созандагии зодгоҳаш саҳми намоён гузорад. Вай ҳамасола дар доираи иқдомҳои накукорона ба 80 оилаи ниёзманди ноҳияи Панҷ кумак мерасонад.
Сипас дар маркази шаҳраки Панҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маркази савдои «Файзи Кабир» ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби соҳибкор Файзиддин Кабиров бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Бино аз се ошёна иборат буда, дар қабати аввал 12 мағоза барои фурӯши ашёи техникӣ, толори ҷиҳозҳои хона, олами қолинҳо, фиттаю гирдаҳо, атриёту дигар молу масолеҳ ороста шудааст. Ошёнаи дуюм тарабхона бо 100 ҷойи нишаст буда, хеле зебо ороиш ёфтааст. Дар назди марказ ҳамчунин як чойхонаи зебо ба хизматрасонӣ омода аст.
Дар «Файзи Кабир» 30 нафар сокинон бо кор ва музди хуб таъмин шудаанд. Соҳибкор мақсад дорад, ки дар оянда бо васеъ кардани иншоот беш аз 100 ҷойи корӣ муҳайё созад.
Дар тарабхонаи «Файзи Кабир» бо ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хатнасури дастаҷамъонаи 100 писарча ва  ҷашни арӯсиву домодии 6 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як писарча бозичаю туҳфаҳои хотиравӣ ва ба навхонадорон асбобу ашёи арзишманди рӯзгордорӣ тақдим намуд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як коргоҳи дӯзандагӣ ҳам ба кор дароварда шуд, ки дар заминаи бинои дуошёнаи корхонаи хизматрасонии тиҷоратии ҷамъияти матлуботи ноҳияи Панҷ бунёд ёфтааст. Дар он беш аз 25 нафар духтарон бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Дар ин коргоҳи дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ ва корӣ барои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин либосҳои зебои занона бо ороиши мухталиф ба роҳ монда мешавад. Дар коргоҳ шароити зарурӣ барои омӯзиш ва рушди ҳунарҳои дастии мардумӣ чун гулдӯзию зардӯзӣ муҳайё аст. Дар ин коргоҳ ҳамчунин ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ имкон дода шудааст, ки пас аз дарс ба омӯхтани касби мазкур машғул шаванд. Дар як гӯшаи коргоҳ либосворӣ ва дигар ашёи ороишии рӯзгор ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз ҷониби бонувони ҳунарманди ноҳияи Панҷ бо гулдӯзию зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ оро дода шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба зарурат ва имконоти рушди ҳунарҳои зебои гулдӯзию зардӯзӣ ва қолинбофии дастӣ, ки аз ҷумлаи ҳунарҳои бостонии мардуми тоҷик буда, то ба имрӯз аз насл ба насл боқӣ мондааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки ба ин васила ҳазорон нафар занону духтаронро дар хонаҳояшон бо кор ва даромади хуб таъмин кардан мумкин аст.
Дар хоҷагии деҳқонии «Ҷонон»-и Ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинов Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсули кори кишоварзон бевосита шинос шуда, бо роҳбарияту фаъ-олон ва намояндагони мардуми ноҳияи Панҷ мулоқот намуд. Зимни шиносоӣ бо кори аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Ҷонон», аз ҷумла зикр гардид, ки ин хоҷагӣ 8 га замин дар ихтиёр дорад ва дар 4 гектараш пахта кишт намудаанд. Деҳқонон бовар доранд, ки аз ҳар гектар 40 - сентнерӣ ҳосил мегиранд. Дар 4 гектари дигар ғаллакорию сабзавотпарварӣ,  аз ҷумла тавассути кишти такрорӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷараёни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳия, аён гардид, ки солҳои охир сабзавоткорӣ, хусусан парвариши сабзавоти барвақтӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо назардошти афзоиши бесобиқаи талабот ба сабзавоти барвақтӣ, хусусан картошка ва пиёзу сабзӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, майдони кишти ин зироатҳо дар ин ва дигар ноҳияҳои кишвар васеъ карда шавад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кори чорводорону парандапарварони ноҳияи Панҷ баҳои баланд дода, ба вусъати боз ҳам бештари ин корҳо таъкид намуд.
Зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Панҷ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, барои суръат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзун намудани майдони кишти сабзавоти барвақтӣ ва дигар тадбирҳои муҳим ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.

Аз ноҳияи Панҷ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қумсангир ташриф овард.
Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Қумсангир бо шиносоӣ бо рафти татбиқи амалии барномаи маҳаллии азхуднамоии заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда оғоз ёфт.
Тавре зикр гардид, дар ноҳияи Қумсангир дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Иттиҳоди аграрии «Водии Заррин» дар доираи татбиқи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 - 2020 барномаи маҳаллӣ барои солҳои 2014 ва 2015 таҳия ва қабул шудааст. Тибқи барномаи маҳаллӣ дар солҳои номбурда дар ноҳияи Қумсангир 6500 га замин обёрӣ мешаванд ва ё тавассути барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд. Барои амалӣ намудани ин тадбир ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Беш аз 80 адад техникаю механизмҳои пуриқтидори заминсозӣ, оббарорӣ ва кишоварзӣ аллакай ворид карда шудаанд. Яке аз онҳо трактори пуриқтидори «Ню Ҳолланд» аст, ки дар як рӯз то 30 га заминро метавонад шудгор кунад.
Ин кор дар мавзеъҳои Қародуми 1, Панҷи Поён, Шӯркӯл ва ғайра анҷом дода мешавад. Дар доираи татбиқи ин барнома маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо зербинои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу бемористонҳо бунёд ёфта, беш аз 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд. Аз ҳозир ба ин мавзеъҳо аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар гӯшаҳои кишвар барои кор ва зисти доимӣ ҷалб мешаванд. Мардуми аз дигар ноҳияҳо ба ин ҷойҳо кӯчида солҳои аввал бе пардохти андоз ва дигар имтиёзҳо кору зиндагӣ хоҳанд кард.
Роҳбарият ва аҳли заҳмати ноҳия барои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ намунаҳои маҳсули ҳунарҳои зебои мардумӣ, аз ҷумла аз мардуми муҳоҷири аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин ҷо кӯчбаста ва маҳсулоти кишоварзии худро ба намоиш гузоштанд.
Аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қумсангир бештар ба кишти пиёз машғул буда, бо ин кор шуҳрат ҳам ёфтаанд. Соли равон деҳқонон дар майдони 1181 га пиёз кишт намуда, то ҳол 47 ҳазору 240 тонна ҳосил ба даст овардаанд, ки ба ҳар гектар 400 - сентнерӣ рост меояд. Қисми зиёди ҳосили пиёз ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.
Деҳқонон дар парвариши пахта, ғалладона, аз ҷумла навъҳои гуногуни гандум, шолӣ, ҷуворимакка ва ҳам полезиҳо ба мисли каду, тарбузу харбузаи тобистонаю зимистона, картошкаю сабзӣ ба дастовардҳои намоён ноил шудаанд. Занбӯрпарварон ҳам азм доранд, ки дар истеҳсоли асал аз пешқадамон қафо намонанд.
Ба иттилои масъулони соҳа, имрӯз дар ноҳияи Қумсангир 3 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд. Онҳо дар майдони қариб 3,5 ҳазор га кишти такрориро ба роҳ мондаанд. Дар 168 гектари он кишти дубораи сабзӣ анҷом дода шудааст, ки ҳосили фаровон дорад.
Кишоварзони ноҳияи Қумсангир аз ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки минбаъд дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон ва афзун намудани қудрати содиротии он саҳми худро боз ҳам бештар хоҳанд кард.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори Қумсангир мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дода, барои таъмини рушди босуботи минбаъдаи ноҳия ба сохторҳои масъули ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод.

6 октябр, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33, ки барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, асос гузошт.
Бинои нави муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз 4 бинои асосӣ иборат хоҳад буд. Лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи пажӯҳишию илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИОСП» таҳия шудааст.
Мактаб дорои 26 синфхона буда, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду сол сохта мешавад. Дар муассисаи таълимӣ бунёди толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва китобхонаи электронӣ ба нақша гирифта шудааст. Ду синфхонаи компютерии мактаб бо 70 компютер ва тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Дар бунёди ин мактаб 200 нафар сокинони ноҳия ба кор ҷалб мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми сершумори ҷамъомада, сухан ронда, онҳоро бо оғози сохтмони мактаби нави муосир ва ҳамчунин бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт. Ба масъулон дастур дода шуд, ки мактаби кӯҳнаи деҳаро ба кӯдакистон ва коргоҳи дӯзандагӣ табдил диҳанд.
Тибқи супориши дигари Сарвари давлат беморхонаи Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда мешавад.

7 октябр, рӯзи дуюми сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷиликӯл оғоз ёфт.
Мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти амиқ истиқбол гирифтанд.
Дар ин ноҳия бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи асфалт, ки бо кумаки грантии Ҳукумати Япония сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа муҷаҳҳаз шудааст, расман ба кор дароварда шуд. Корхона дар майдони 4 гектар замини бекор бо харҷи 41 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Барои таъмини кори мунтазами корхона ва истеҳсоли асфалти хушсифат ба ин ҷо 64 адад техникаю механизмҳои навтарини соҳа ва технологияи муосири японӣ ворид карда шудааст. 8 мошини калони боркаш, 6 мошини махсус, 6 автогрейдер, 3 булдозер, 2 боркунаки фронталӣ, 6 экскаватор, 2 ғалтак ва дигар таҷҳизоти роҳсозӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар як соат дар ин корхонаи нав 36 тонна асфалт истеҳсол мешавад. Тамоми раванди кор тавассути компютер аз ҷониби ду нафар мутахассисони маҳаллӣ, ки махсус барои ин кор омӯзонда шудаанд, идора мешавад.
Дар назди ин коргоҳ барои таъмини он бо қисме аз ашёи хом ду корхонаи коркарди сангу шағал ва шустани маводи зарурӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар сохта, ба кор дароварда шудааст. Битум, ки яке аз ашёи асосии хом барои истеҳсоли асфалт мебошад, асосан аз кони нафт ва корхонаи нафтии ноҳияи Қумсангир дастрас мешавад.
Ин корхона барои таъмини тамоми муассисаҳои давлатии роҳсозӣ ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст. 35 нафар сокинон соҳиби кори доимӣ ва музди баланд шудаанд.
Аз ҷониби мутахассисони Япония бо сармоягузории Агентии ҳамкории байналмилалии ин давлат чунин як корхонаи дигар дар шаҳри Ваҳдат низ сохта шудааст ва ин дуюмин корхонаи японии асфалт дар Тоҷикистон аст. Ҳар ду корхона бо харҷи беш аз 66 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо 118 адад техникаю механизми махсус таъмин карда шудааст.
Дар маркази ноҳияи Ҷиликӯл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзӣ дидан кард.
Дар оғози боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори қолинбофони дастӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонов як коргоҳи қолинбофӣ таъсис дода шудааст, ки дорои 30 дастгоҳ буда, дар он 60 нафар бонувони маҳал бо кори доимӣ таъминанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин кор изҳори хушҳолӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки ин ҳунари бобоиро дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд диҳанд.
Дар ноҳияи Ҷиликӯл туркманҳо низ дар рушди корҳои кишоварзӣ ва ҳунармандии мардумӣ нақши намоён доранд.
Аз намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар намоишгоҳ ва иттилои масъулон маълум шуд, ки зироаткорону боғдорони ноҳияи Ҷиликӯл аз заминҳои корам пурсамар истифода бурда, ба дастовардҳои намоён ноил шудаанд.
Аз иттилои роҳбарони «Бешаи палангон» аён шуд, ки барои ҳифзи набототу ҳайвонот ва парандагони он ва ҳамчунин афзун намудани шумораи ҷонварони камшудаи он тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҷиликӯл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави муосир оғоз бахшида шуд, ки барои 640 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Мактаб тайи 1,5 соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Мактаб аз бинои таълимӣ, толорҳои маҷлисию варзишӣ, майдони футбол, ошхона, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои ҳунаромӯзии духтарону писарон иборат хоҳад буд.
Дар фароварди боздид аз ноҳияи Ҷиликӯл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии онро ифтитоҳ намуда, дар саҳни ҳавлии ин муассиса бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардум мулоқот намуд.
Зимни боздид аз бинои нави беморхона, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст. Беморхонаи муосир дуошёна ва дорои 56 ҳуҷраи муолиҷавию корӣ буда, дар он шароити хуби муоинаю муолиҷа барои дардмандон фароҳам аст ва дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона ва ташхисгоҳ буда, бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин мебошад.
Беморхонаи марказӣ ба 100 ҳазор нафар сокинони ноҳия хизмат мерасонад. Дар беморхона 30 нафар табибони соҳибтаҷриба ва 142 ҳамшираи шафқат фаъолият мебаранд.
Дар саҳни ҳавлии беморхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни мардуми ноҳия мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод.
Зимни суханронӣ ва посухгӯйӣ ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияро таҳлилу баррасӣ намуда, барои таъмини рушди минбаъдаи босуботи ин мавзеи ҷанубии кишвар ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.10.2014    №: 195    Мутолиа карданд: 807

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед