logo

ҳуқуқ

РАВАНДИ ТАШАККУЛИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Зафар АЗИЗЗОДА,
раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар тамоми форматсияҳои ҷамъиятӣ ва шаклҳои давлатдорӣ ҳифз ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон меҳвари асосии фаъолияти неруҳои солимфикр ва пешбари ҷомеаро таҷассум менамуданд. Маҳз бо назардошти сатҳу сифати амалӣ гаштани ин омилҳо ба фазои муносибатҳои дар ҷомеа ҷойдошта, фаъолияти давлат ва ниҳодҳои он баҳогузорӣ мешуд.

Азбаски тӯли таърихи башарият дар давлатҳои гуногун муносибатҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби як нафар, мисли шоҳ, монарх, император ва ғайраҳо муайян, танзим ва идора мегардиданд, бинобар ин самти риоя гардидани ҳуқуқу озодиҳо низ аз тарзу усули идорасозии ҳамин шахсиятҳо алоқамандӣ дошта, бо ҳар роҳу восита ба манфиати онҳо анҷом меёфт. Дар ҷамъияти ибтидоӣ агар муноқишаҳои баамаломада дар доираи оила, авлод, қабила ҳал мегаштанд, баъдан дар раванди ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва бо мақсади идора намудани ин омилҳо, шахсони алоҳида ё гурӯҳи муайян ба ин фаъолият мутасаддӣ гардида, онҳо аз ҳисоби ашрофзодаҳо ё табақаи дорои ҷомеа интихоб ё таъйин мешуданд.
Ғалабаи Инқилоби Октябри соли 1917 дар Русия, ки сохти давлатдории подшоҳиро сарнагун карда, ҳокимияти коргару деҳқонро ба миён овард, ба марзҳои Тоҷикистони имрӯза низ расида, ба сохтори давлатдорӣ, аз ҷумла сохтори судӣ таъсири худро расонд. Дар ин раванд, дар Русия ба ҷойи судҳои даврони императорӣ судҳои нав тасъсис ёфтанд ва бо ҳамин минвол дар Тоҷикистон низ судҳои қозигӣ аз байн рафта, судҳои шӯравии халқӣ ва судҳои қозигии халқӣ эълон гардиданд.
Моҳи октябри соли 1924 аввалин суди округи Бухорои Шарқӣ ташкил шуд, ки ҳаммонанди судҳои Русияи шӯравӣ буд. Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 14 декабри соли 1924  Комиссариати халқии адлияи ҶМШС Тоҷикистонро таъсис дод, ки вазифаи он дар борабари назорати қонунияти инқилобӣ, аз ташкили мақомоти прокуратура ва тафтишотӣ, инчунин ташкили судҳо ва ба онҳо роҳбарӣ кардан иборат буд. Маҳз ҳамин санаҳои таърихӣ  ба ташкили судҳои сохти навини давлатдории Тоҷикистон асос гардида, оғози марҳалаи солшумории мақомоти адлия ва суд ба ҳисоб меравад, ки имсол 90- солагии он ҷашн гирифта мешавад.
Ҳарчанд сохтори судии навин, пас аз барҳам додани судҳои подшоҳӣ ва қозигӣ, пешравии назаррас ба ҳисоб равад  ҳам, нақши суд дар иҷрои вазифаҳои ба мафҳуми ин мақомот рабтдошта, яъне адолати судӣ,  он қадар ба чашм намерасид. Яъне чунин муқаррарот, мисли мустақилӣ, дахлнопазирӣ, беғаразӣ, баробарии тарафҳо, ба тариқи мубоҳиса баргузор гардидани мурофиаи судӣ таъмин намегашт.
Мақомоти судиро Комиссариати халқии адлия таъсис дода, фаъолияти онро таҳти назорат ва роҳбарӣ гирифта буд, ки ин  барои таъмини мустақилияти судӣ имкон намедод. Тавре аз мазмун ва муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи олӣ бармеояд, дар онҳо низ ба чунин муқаррарот таваҷҷуҳ зоҳир намешуд.
Конститутсияи  Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929), ки асосҳои сохти давлатдориро муайян мекард, танҳо дар моддаҳои 16 ва 89 дар бораи истифодаи забони модарӣ дар мурофиаи судӣ ва надоштани ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шудан, аз ҷониби шахсоне, ки бо ҳукми суд аз ҳуқуқи интихоботии фаъол ва ғайрифаъол маҳрум шудаанд, маълумот дода, оид ба суд ва мақомоти судӣ дигар ягон муқаррарот пешбинӣ накардааст.
Дар навбати худ Конститутсияи соли 1931 вобаста ба масоили мақомоти судӣ матлаби бештареро пешбинӣ карда, дар моддаи 13 муқаррар намуд, ки бо мақсади муҳофизати музаффариятҳои инқилобӣ ва ҳимояи иттиҳоди синфи коргар бо деҳқони миёна аз таҷовузи душманони синфӣ, ҳамчунин ҷиҳати таъмини воқеии манфиатҳои хоҷагидории давлат ва меҳнаткашон муассисаҳои ягонаи мақомоти судӣ таъсис дода мешаванд. Соли 1937 Конститутсияи  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба ташаккули мақомоти судии кишвар мусоидат намуда, моддаҳои 90-99   ба мақомоти судӣ, салоҳият, тартиби интихоби судяҳо, муҳлати ваколат, коргузорӣ ва принсипҳои фаъолияти судҳо бахшида шуданд.
Конститутсия бо тағйиру иловаҳои ба он воридгардида муқаррар намуд, ки дар ҶШС Тоҷикистон адолати судӣ аз ҷониби Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои махсуси ИҶШС, ки бо қарори Шӯрои Олии ИҶШС таъсис дода мешуданд, судҳои халқӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин, Қонуни асосӣ муайян кард, ки Суди Олӣ аз ҷониби Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ мувофиқан аз тарафи шӯроҳои депутатҳои меҳнаткашони вилоятӣ интихоб гардида, судяҳои халқии судҳои халқии ноҳия (шаҳр)-ро бошад, сокинони ноҳия (шаҳр) интихоб менамоянд. Дар ин Конститутсия зикр гардидааст, ки муҳлати ваколати  судяҳо панҷ сол ва онҳо мустақил буда, танҳо ба қонун итоат мекунанд.
Бо гузашти айём, тараққиёти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва эҳсоси зарурати нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дар Конститутсияи  ҶШС Тоҷикистон (соли 1978) ба мақомоти судӣ боби алоҳида бахшида шуда, дар моддаҳои 152-164 оид ба адолати судӣ, низом, салоҳият, тартиби интихоб, корбарӣ, муҳлати ваколати панҷсола ва принсипҳои фаъолияти судӣ муқаррароти мушаххас дарҷ ёфтааст.
Бо эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуд. 6 ноябри соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се рукн муайян гардида, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, мақомоти судӣ низ ба сифати шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардиданд. Чунин тақсимоти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ бори аввал дар Қонуни асосии давраи соҳибистиқлолӣ ба амал омада, метавон гуфт, ки оғози ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар низ бо ин муқаррароти конститутсионӣ  рабт дорад.
Ҳамзамон, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонда, дар ин раванд дар моддаи 10 Сарқонун чунин санадҳоро қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф намуд. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон ба раванди ҷаҳонишавӣ шомил гардида, қоида ва тартиби сатҳи баланди риояи ҳуқуқи инсонро ба уҳда гирифт.
Азбаски дар таҷрибаи байналмилалӣ ва давлатҳои мутараққии ҷаҳон нақши суд дар иҷрои уҳдадориҳои давлат дар самти риояи ҳуқуқи инсон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад, ҷомеаи навини тоҷикон низ тадбирҳои назаррасро дар амалӣ намудани кафолатҳои дар Сарқонун муқарраргардида, бобати ҳифзи ҳуқуқи инсон ба василаи таҳкимбахшии мавқеи мақомоти судӣ роҳандозӣ менамояд.    Дар ин замина, боби ҳаштуми Конститутсия ба суд бахшида шуда, дар моддаҳои 84 - 91 мафҳум ва вазифаҳои ҳокимияти судӣ, низоми мақомоти судӣ, муҳлати ваколати судяҳо, тартиби ба вазифа интихоб ва таъйин намудани судяҳо, мустақилият, дахлнопазирӣ, манъ будани дахолат ба фаъолияти онҳо, тартиби баррасии парвандаҳо, гузарондани мурофиаҳои судӣ мушаххас нишон дода шуд.
Минбаъд, бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани ин принсипҳои Сарқонун  бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  ба масоили ташкили фаъолияти кории мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуда, барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013 ба тасвиб расиданд, ки ба тақвияти мақомоти судӣ, баланд бардоштани мавқеи суд дар ҷомеа ва нақши он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат карданд.
Соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, дар ин замина судҳои ҳарбӣ, конститутсионӣ таъсис ёфта, арбитраж ба суди иқтисодӣ табдил дода шуд. Ҷиҳати таъмини мустақилияти судяҳо муҳлати ваколати онҳо аз панҷ ба даҳ сол тамдид гардида, марҳала ба марҳала маоши вазифавӣ баланд гашт. Ин раванд минбаъд ҳам мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор хоҳад гирифт.
То соли 1999 масъалаҳои ташкили кори судҳо, таъминоти моддию техникии судҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, такмили ихтисоси судяҳо, пешбарии номзадҳо ба мансаби судягӣ ва озод намудани судяҳо аз вазифа ба зиммаи Вазорати адлия, ки сохтори ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб меравад, вогузор шуда буд. Бобати аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баровардан ва аз ҷониби худи мақомоти судӣ ҳал гардидани масъалаҳои зикргардида ва бо мақсади таъмини мустақилияти судяҳо соли 1999 ниҳоди нави коллегиалӣ - Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳайати Шӯрои адлия аз ҳафт нафар иборат буда, ба он раис, муовини якум ва муовини раис -котиби Шӯрои адлия, раиси Суди Олӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, намояндагони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ шомил мебошанд.
Шӯрои адлия дар доираи салоҳияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъйин ва озод намудани раисон, муовинони якум, муовинони раис ва судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд. Ҳамзамон Шӯрои адлия оид ба такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба мустаҳкам шудани мустақилияти судҳо таклифҳо пешниҳод намуда, масъалаҳои вобаста ба таъминоти молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳоро баррасӣ мекунад,  ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Шӯрои адлия дорои дастгоҳ ва дар ҳудуди вилоятҳо сохторҳои зертобеъ - раёсат ва шуъбаҳо мебошад, ки мувофиқан фаъолияти ташкилӣ ва молиявии Шӯрои адлия, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо мутобиқи дастурамалҳои мансабӣ месанҷанд. Ҳамчунин воситаҳои молиявиро барои таъмини фаъолияти судҳо истифода бурда, судҳоро бо бино ва иншооти дахлдор, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавод, ки барои фаъолияти онҳо заруранд, таъмин мекунанд, омори судиро мавриди таҳлил қарор дода, ваколатҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, анҷом медиҳанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолият баланд бардоштани малакаи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, дар ҳошияи идомаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ соли 2003 дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд. Бобати ба таври васеъ фаро гирифтани ҷавонон ва аз ҳисоби онҳо тайёр кардани мутахассисони соҳа, дар сохтори судӣ вазифаи коромӯз - судя таъсис ёфт. Дар панҷ соли охир зиёда аз 400 нафар довталаб дар имтиҳони санҷишӣ иштирок намуда, 235 нафаре, ки натиҷаҳои хуб нишон доданд, ба сифати коромӯз - судя аз таҷрибаомӯзии яксола гузашта, бо фармони Президенти мамлакат 182 нафари онҳо бори аввал ба мансаби судя таъйин гардиданд, ки 36 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Дар ин самт, тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мувофиқи он судя дар ду сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта мешавад, ҳамасола аз рӯи барномаҳои таълимӣ судяҳо ва коромӯз - судяҳо ба машғулиятҳои бозомӯзӣ дар Маркази таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Бо иштироки судяҳо мунтазам конфронсу семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  гузаронда шуда, судяҳо дар Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ давоми ду ҳафта таҷриба меомӯзанд. Ғайр аз ин, сафарҳои хидматии судяҳо ба кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Фаронса, Олмон, Ҷопон, Шветсия, Амрико, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Гурҷистон, Беларус, Литва ба роҳ монда шудааст.
Самти дигаре, ки дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад, беҳтар гардондани шароити моддӣ - техникӣ ва кории судяҳо мебошад. Бинобар ин, ҳамасола аз ҷониби давлату Ҳукумат буҷети судҳо афзун гардида, барои судҳои ноҳияҳои Балҷувон, Шӯрообод, Восеъ, Шаҳристон, Нуробод, Ванҷ, Шуғнон бинои нав сохта, бинои судҳои шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Қайроққум, суди вилояти Суғд, ноҳияҳои Файзобод, Хуросон, Ҳисор, Фирдавсӣ, Шоҳмансур таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таҷҳизонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки зимни татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардида, зиёда аз 19 кодекс, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, одоби судя ба тасвиб расиданд, ки барои амалӣ гаштани принсипи конститутсионии ҳифзи судӣ ва баланд бардоштани масъулияти судяҳо зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ дорои аҳамияти бағоят муҳим мебошанд.
Тибқи навгониҳои қонунгузории мурофиавӣ маҳдуд кардани як қатор ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз қабили иҷозат додан барои татбиқ намудани чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан ба салоҳияти судҳо вогузор гардид. Ин масъала дар рафти мурофиаи судӣ бо иштироки гумонбар ва адвокати ӯ ба таври ошкоро ҳаллу фасл шуда, дар сурати норизо будан аз санади судӣ, тарафҳо метавонанд ҳуқуқи худро дар зинаҳои болоии судӣ ҳифз намоянд. Дар ин замина, салоҳияти судяҳо бобати баррасии парвандаҳо васеъ ва сарбориашон  зиёд шуда, аз 67746  парвандаи соли 2009  ба 127526  адад дар соли 2013 расида бошад ҳам, онҳо барои дар сатҳи баланди касбӣ баррасӣ гардидани парвандаҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Бинобар зиёд шудани сарборӣ ва ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаи мазкур аз соли 2009 то инҷониб бо фармони Президенти мамлакат 176 адад воҳиди вазифаи судя ва корманди дастгоҳи судҳо ҷудо гардидааст ва имрӯз дар судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 378 воҳиди вазифаи судягӣ буда, 70 нафари судяҳо занон мебошанд.
Судяҳои ҷумҳурӣ рисолати худро бобати амалӣ кардани адолати судӣ бо масъулияти баланди касбӣ дарк намуда, давоми солҳои 2009 то нимсолаи 2014-ум 90230  парвандаи гражданӣ, 102784  оилавӣ, 44610  ҷиноятӣ, 258903 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла оид ба риоя нагардидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1583 парванда, вобаста ба вайрон кардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 13029 парванда, 10309 парвандаи иқтисодӣ, 24474 дархости мақомоти тафтишоти пешакӣ, 24123 мавод аз рӯи пешниҳоди мақомоти иҷрои ҷазо, дар маҷмӯъ баррасии 598364  парвандаи судиро таъмин намуда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои қонунии шаҳрвандон, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат мусоидат кардаанд.
Таҳлил ва омӯзиши таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои содир гардидани ҷиноят, ҳуқуқвайронкунӣ, вайроншавии оилаҳо, баҳсҳои иқтисодӣ ва гражданӣ ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд мебошад.  Аз ин лиҳоз, судяҳо ба ин масъалаҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз соли 2009 то инҷониб  40364  таъйиноти  хусусӣ бароварда, 35258 мурофиаи сайёр ташкил намуда, тавассути воситаҳои ахбори омма ва суҳбату вохӯриҳо 37429  баромад баргузор кардаанд.
Фаъолияти босамари кормандон мавриди таҳлилу омӯзиши доимӣ қарор дошта, дар ин ҷода аз ҷониби давлату Ҳукумат барои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии онҳое, ки натиҷаи мусбати корӣ нишон додаанд, тадбирҳо андешида, давоми панҷ соли қаблӣ бо фармони Президенти кишвар 316 нафар бо дараҷаҳои тахассусии аз 1 то 5, инчунин 38 нафар, бо ордени «Шараф» дараҷаи I, II ва бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, 23 апрели соли 2014, иброз доштанд, ки: «Мо барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровадани он то имрӯз корҳои назаррасеро ба анҷом расонидем. Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд».
Аз ин лиҳоз, бо такя ба ҳисси масъулиятшиносии кормандони мақомоти судии кишвар метавон гуфт, ки дар оянда низ ҳокимияти судӣ вазифаҳои конститутсионии худро дар сатҳи баланди касбӣ роҳандозӣ намуда, дар иҷрои уҳдадориҳои давлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат мусоидат хоҳад кард.
Бо ҳамин ниятҳои нек, тамоми кормандони мақомоти судии мамлакатро бо иди касбӣ, «Рӯзи кормандони адлия ва суд», ки имсол ба 90- солагии мақомоти адлия ва суд рост меояд, табрику муборакбод гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ иродаи мустаҳкам ва музаффариятҳо таманно дорам.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.10.2014    №: 196    Мутолиа карданд: 681

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед