logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ХУРОСОН ИДОМА ЁФТ

8 октябр сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Хуросон идома ёфт.

Субҳи барвақт бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон мавриди истифода қарор гирифт. Бино бо харҷи қариб 13 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеролии Олмон сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз ширкати олмонии «Сименс» таъмин карда шудааст.
Дар ин бино шуъбаҳои таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ ҷойгир шуда, ҳадафи асосӣ тибқи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон беҳдошти ҳифзи модару кӯдак мебошад. Бино дорои 25 кати хоб барои беморон аст. Мутахассисони маҳаллӣ барои кор бо таҷҳизоти муосир дар сатҳи баланд бозомӯзӣ шудаанд.
Дар доираи татбиқи барномаи муштараки Тоҷикистону Олмон оид ба беҳдошти ҳифзи модару кӯдак ҳамин гуна корҳо дар 4 ноҳияи дигари вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо маблағгузории қариб 200 миллион сомонӣ гранти олмонӣ дар муддати кӯтоҳ бояд таваллудхонаҳои тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон навсозӣ шуда, бо чунин таҷҳизоти таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ  таъмин карда шаванд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии зотпарварии «Саодат» дидан карда, коргоҳи коркарди шири онро расман ба кор даровард.
Зимни боздид, аз ҷумла аён гардид, ки дар фермаи зотпарварии ин хоҷагӣ барои парвариши беш аз 1000 сар чорвои хушзоти ширию гӯштӣ шароити инноватсионӣ бо технологияи олмонӣ муҳайё шудааст.
Ҳоло дар ин ферма 332 сар чорвои хушзоти «Сементал», ки зоти гӯштию ширӣ ба шумор меравад, парвариш меёбад. Барои ҳамаи намуди чорво вобаста ба синну сол ва талаботи нигоҳубини онҳо ҷойҳои алоҳида бо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамаи оғилҳои нигоҳдории чорво дорои таҷҳизоти гармидиҳию салқинсозӣ мебошанд, ки тавассути онҳо барои чорво дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавои муътадил таъмин мегардад. Зоти «Сементал» ба иқлими Тоҷикистон, аз ҷумла гармии тобистон мутобиқ аст.
Шири говҳои ин ферма бо дастгоҳҳои автоматии бо компютер идорашаванда дӯшида мешавад. Дар як баст дар як салон 32 модагов дӯшида мешавад. Ҳар яке дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 30 литр шир медиҳад. Говҳои аз ҳама сермаҳсул то 57 литр шир медиҳанд. Ҳамарӯза дар ферма қариб 3,5 тонна шири хушсифат истеҳсол мешавад.
Дар ферма 50 сар буққачаҳои наслдиҳанда барои фурӯш омода аст. Коргоҳи коркарди шири ферма дар як шабонарӯз аз 1,5 тонна шир маҳсулоти гуногуни хушсифат  истеҳсол менамояд.
Дар ин ҷо ҳамарӯза шир аз аҳолӣ қабул карда шуда, пеш аз коркард дар озмоишгоҳ сифати он санҷида мешавад. Қисми зиёди ширро ба корхонаи коркарди шири «Саодат»-и шаҳри Душанбе мефурӯшанд. Фермаи мазкур ҳамчунин дорои таҷҳизоти инноватсионии обсофкунӣ ва коркарди пору мебошад.
Дар хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и ноҳияи Хуросон беш аз 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1300 сомонӣ таъмин шудаанд. Хоҷагӣ аз 305 гектар замини корам барои истеҳсоли хӯроки чорво хуб фоида мебарад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.10.2014    №: 196    Мутолиа карданд: 1014

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед