logo

ҳуқуқ

МАРДЕ КИ БА НЕКӢ ЁДАШ МЕКУНАНД

Имсол иди касбии кормандони адлия ва суд ба 90 - солагии ҳокимияти судии кишвар рост меояд. Дар ин муддат ҳокимияти судӣ барои ҳуқуқшиносони ҷавон мактаби камолоту таҷриба гардид. Имрӯз номи бисёре аз собиқадорон дар сафҳаи таърихи мақомот бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Абдулло Қаюмов аз зумраи онҳоест, ки умри бобаракати хешро сарфи ин соҳа намуда, солҳои тӯлонӣ вазифаи хидматиашро содиқонаю софдилона ба ҷо овардааст. Ӯ дар бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ саҳми назаррас гузошта, аз худ кори неку номи нек боқӣ гузоштааст.
Абдулло Қаюмов зодаи шаҳри бостонии Истаравшан буда, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм намуд. Баъди гирифтани номаи камол бо табъи болида ба хона омад. Онро ба падари бузургвораш усто Қаюм нишон дод. Падар ба шодии ҷигарбанд ҳамроҳ шуда, ӯро ба оғӯш гирифт.
- Писарам, акнун таҳсилро дар куҷо идома медиҳӣ? – пурсид падар.
- Ҳоло дар ин бора ба қароре наомадаам, - шармгинона посух дод Абдулло.
Дар он ҷо дӯсти хонадон, корманди прокуратураи шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) Маъмур Ярашев ҳузур дошт ва ба суҳбати падару писар ҳамроҳ шуд.
- Абдуллоҷон, шояд ҳуқуқшинос шавӣ? Дар ин соҳа шумо барин ҷавонони болаёқат лозиманд,- гӯён Ярашев дар бораи ин касб маълумот дод.
Абдулло ба фикр фурӯ рафт. Баъди чанд лаҳзаи андеша пешниҳоди меҳмонро қабул кард. Ҳамин тавр Абдулло бо тавсияи Маъмур Ярашев ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби ҳуқуқшиносии шаҳри Душабе супурд. Солҳои донишҷӯӣ паси сар шуданд. Вақте ки  мактаби ҳуқуқшиносиро хатм намуд, дар ҳаёташ воқеаи хурсандибахшу хотирмон рӯй дод. Ин воқеа соли 1951 ба вуқӯъ пайваст. Котиби якуми Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар бюрои навбатӣ дар баробари дигар масъалаҳо як қатор мутахассисони ҷавони ба вазифаҳои роҳбарӣ таъйиншударо муаррифӣ намуд. Номзадии Абдулло Қаюмов низ ба ҳайси раиси суди ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Румӣ) пешниҳод гардид.
Котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳия Сироҷиддин Исоев кадри ҷавонро хуш истиқбол намуда, бо ӯ суҳбати тӯлонӣ дошт. Дар поёни суҳбат ба ҷавон дар вазифаи пурмасъулият - раиси суди ноҳия барору комёбӣ орзу карда, барои риояи қонун ва адолат маслиҳатҳои судманд дод. Абдулло Қаюмов фаъолияташро дар вазифаи раиси суди ноҳия оғоз намуда, 26 сол бенуқсон кор кард. Дар ин муддат шогирдони зиёде ба комол расонд, ки имрӯзҳо дар мақомоти судии кишвар фаъолият доранд. Соли 1962 бошад, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард.
Соли 1977 баробари таъсис ёфтани вилояти Қӯрғонтеппа Абдулло Қаюмовро раиси суди вилоят таъйин намуданд ва ӯ дар ин мақом то соли 1987 ифои вазифа дошт. Ҳарчанд ба нафақа баромада бошад ҳам, вале худро бе кор тасаввур карда наметавонист. Ҳамин буд, ки фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси судяи суди ноҳияи Бохтар идома дод. Дар ин вазифа ду сол кор карда, ҳамзамон маслиҳатчии ҷавонони навкор буд. Кори нек ба Абдулло Қаюмов номи нек овард. Хислатҳои неки инсонӣ, муносибати хуб бо мардум, ҳалимию хоксорӣ ӯро соҳибэҳтиром гардонд.
Ҳар гоҳе бо шогирдону ҳамкорон, дӯстон ва онҳое, ки ӯро мешинохтанд, ҳамсуҳбат мешавед, онҳо дар ҳаққаш суханони нек гуфта, бо меҳрубонӣ ёдаш мекунанд. Халил Каримов, аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, шогирди Абдулло Қаюмов буда, собиқадори мақомоти судии кишвар аст. Ӯ мегӯяд:
- Барои ман шарафи бузург аст, ки солҳои зиёд бо ин марди Худо, устоди сахтгиру меҳрубон кор карда, аз ӯ таҷриба андӯхтаму устоди касб шудам. Бо тавсияи устод соли 1960 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кардам.
Мушовири халқӣ Соҳибҷон Холиқов, собиқадори соҳаи маориф, воқеаеро мансуб ба ҷанҷоли оилавӣ ёдовар шуд. Зану шавҳари ҷавон бо ҳам созиш накарда, барои бекор кардани ақди никоҳ ба суд бо ариза муроҷиат карданд. Раиси суди ноҳия Абдулло Қаюмов бо онҳо суҳбат кард. Зан даъвои онро дошт, ки шавҳараш вақтҳои охир ба хона дер меояду ба болои ин ҷӯраҳояшро низ бо худ меорад. Ӯ ба онҳо хизмати аъло мерасонад. Бо вуҷуди ин, шавҳараш ба корҳояш эрод гирифта, ҳамроҳи меҳмонон баромада меравад. Абдулло Қаюмов ба ҳарфи тарафҳо гӯш дода гуфт:
- Ҷанҷоли шумо кирои оилавайронӣ нест. Пеш аз ҳама бояд андешаи тифли яксолаи худро намоед. Кӯдак дар оянда бе иштироки падар ё модар чигуна тарбия мегирад? Бахт бахти аввал аст. Онро шикастан заҳмат талаб намекунад. Вале оила барқарор кардан кори мушкил аст. Аз ин хотир, ба муросо биёед, пушаймон намешавед.
Раис ба онҳо барои андеша 3 моҳ муҳлат дод. Зану шавҳар аз суханони пандомези Абдулло Қаюмов хулоса бароварда, ба муросо омаданду зиндагии якҷояи оилавиро идома доданд.
Собиқадори меҳнат ҳоҷӣ Акбарҷон Мирсолиев низ аз дӯстии худ бо ин марди адолатхоҳ хотироти зиёд дорад. Боре дар як суҳбат Абдулло Қаюмов ду мактубро ба Акбарҷон-ако дода хоҳиш намуд, ки онҳоро мутолиа намояд. Ду нафар ҷинояткор, ки бо ҳукми баровардаи Абдулло Қаюмов дар маҳбас қарор доштанд, ба номи ӯ нома навиштаанд. Маҳбусон арзи сипос кардаанд, ки раиси суд онҳоро сари вақт аз роҳи бад  гардондааст. Акнун онҳо адои ҷазо намуда, ислоҳ мешаванд, дигар ба корҳои бад даст намезананд…
Вақте ки Акбарҷон-ако бо мазмуни номаҳо шинос гардид, дар лабонаш табассум ҳувайдо гашт. Абдулло Қаюмов ба ӯ рӯ оварда гуфт:
- Ана ин мукофоти баландест барои ман.
…Хизматҳои 43 - солаи Абдулло Қаюмов дар мақомоти судии кишвар бо медалҳои «Ба-рои меҳнати шоён», «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Ветерани меҳнат», ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олӣ, Вазорати адлия ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, увони фахрии «Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон» қадр шудааст.
Абдулло Қаюмов ҳоло дар байни мо нест. Вале кори неку номи неки ӯ дар дилу дидаамон боқӣ мондааст. Шоир дар ҳаққи чунин инсонҳои шариф хуб фармудааст:
Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Саттор ҚАРАХОНОВ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2014    №: 197    Мутолиа карданд: 606

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед