logo

ҳуқуқ

АЗ ҚОЗИХОНА ТО СУДҲОИ БОАДОЛАТ

Таърихи ташкили   мақомоти  судии кишвари мо, соли 1924,  бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон  рост меояд. Вақте мо ба таҳаввулоти сиёсии он замон менигарем, мебинем, ки қадамҳои нахустини шаклгирии  ин мақомот, бо ширкати тоҷикон, ҳанӯз  моҳи сентябри соли 1920, бо зуҳури Ҷумҳурии Халқии  Бухоро ба вуқӯъ пайвастааст.
Инқилоби болшевикӣ ҳукумати амириро аз байн бурд. Дар баробари таъсиси шохаҳои ҳукумати нав лозим омад, ки ба ҷойи идораи қозиёти  асримиёнагӣ (мутобиқи аҳкоми шариат амал мекард), Шӯрои қозиёни халқиро таъсис диҳанд.  Бори аввал, 5 январи соли 1924, бо забони тоҷикӣ муқаррарот дар бораи сохтори судҳои Ҷумҳурии Халқии Бухоро ба тасвиб расид, ки он бо ибтикори Кумитаи иҷроияи муштараки Умуми Бухоро роҳандозӣ гардид ва барои демократӣ сохтани фаъолияти судҳо заминаи воқеӣ гузошт. Дар солҳои аввали барқарорсозии Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя фаъолияти судҳои замони куҳна-қозихонаҳо ва қозиҳо қатъ нагардида буд. Қозиҳо намехостанд, ки Ҳукумати Шӯравӣ қозихонаҳоро аз байн барад. Барои боқӣ мондани қозихона қозиҳо ҳарчанд ба Комиссариати адлия тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буданд, ҳамкориашонро бо неруҳои аксулинқилобӣ пурра қатъ намегардонданд.
Албатта, Тоҷикистон дар солҳои аввали барпо намудани сохти нав наметавонист яку якбора дари қозихонаҳоро ба рӯйи мардум бубандад. Вазъи буҳронӣ тақозо намуд,  ки Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон бо қарори махсус аз 17 июли соли 1925 «Дастурамал дар бораи судҳои шариатии РАСС Тоҷистон»-ро мавриди амал қарор диҳад.  Дар он гуфта мешуд,  ки чунин судҳои шариатӣ танҳо бо тақозои бештари мардум метавонанд дар минтақаҳои сераҳолӣ таъсис ёбанд.  Ин қозихонаҳо, усулан,    манфиати мардуми одию камбағалро ҳимоят намекарданд. Аз ин ҷост, ки аксари ҳукми онҳо бепояю   рӯякӣ ва асоси ҳуқуқӣ надошт, зеро мурофиаи судиро қозиҳо танҳо бо чанд нафар мулозимонашон доир карда, аз муҳимияти шаҳодати муддаиёну шоҳидон сарфи назар менамуданд.
Бо таҳким ёфтани шохаҳои ҳокимият дар  паҳнои шӯравӣ ислоҳоти судӣ   низ  роҳу равиши нав касб кард.  Дар кишвари мо ҳам заминаҳои ислоҳоти судӣ арзи вуҷуд намуда, ба ин таҳаввулоти сиёсӣ таваҷҷуҳ бештар гардид. Ба ин раванд, албатта, қабули Конститутсияи нави соли 1936 дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки онро Конститутсияи сталинӣ меномиданд, такони ҷиддӣ бахшид. Ҳокимияти марказӣ 16 декабри ҳамон сол Қонуни ислоҳоти судиро  дар Иттиҳоди Шӯравӣ қабул намуд, ки он на танҳо ҷумҳуриҳо, балки округҳо, вилоятҳои мухторро ҳам фаро мегирифт. Баъд аз соли 1954 дар самти ислоҳоти судӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ таҳаввулоти чашмгир ба амал омад. Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон 5 январи  ҳамон сол Қонуни ислоҳоти судӣ ва Кодекси  тартиботи мурофиавиро ба тасвиб расонд. Дар Тоҷикистон мисли дигар ҷумҳуриҳо ба самти демократисозии судҳо таваҷҷуҳ бештар мегардид. Аз ин ҷост, ки дар асоси Конститутсияи соли 1936 дар кишвари мо бори аввал Президиуми судҳои вилоятӣ таъсис ёфта, маҳз дар асоси ҳамин конститутсия судҳо ва машваратчиёни халқӣ аз роҳи раъйпурсӣ ба муҳлатҳои муайян интихоб мешуданд.
Чуноне ки дар боло ишора кардем, дар замони шӯравӣ дар самти ислоҳоти судӣ мутамарказият нақши фаъол мебозид, аммо ба ин нигоҳ накарда, дар самти адолати судӣ  мустақилияти судҳо то ҷое вуҷуд дошт. Қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1978) барои таъмини адолати судӣ заминаи боз ҳам воқеӣ гузошт.  Соли 1981 Қонуни ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дар он гуфта мешуд, ки адолати судиро   танҳо судҳо таъмин карда метавонанд. Аммо, бо вуҷуди ин, мустақилият дар фаъолияти судҳо ҳанӯз таъмин набуд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ, бори аввал, Ассосиатсияи судҳо таъсис ёфт, ки то ҳол фаъолияташро идома медиҳад. Дигаргуниҳо вобаста ба талаботи замон дар системаи судӣ батадриҷ ба амал меомаданд. Соли 1994 мутобиқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Коллегияи Суди ҳарбии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҳоло ба системаи судии кишвар судҳои ҳарбии гарнизонӣ, ки ҳамон сол таъсис дода шуда буданд, шомил мебошанд. Соли 1995, дар шароити  хеле вазнин, бори аввал  дар кишвар ҷиҳати таҳкими системаи судӣ қадами ҷиддӣ- таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд.
Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳиб шудан ба истиқлолияти воқеӣ, ки роҳандозӣ шуд, ин таъмини адолати судӣ маҳсуб меёбад. Дар боби «Суд»-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқӣ ва танзими фаъолияти судӣ дар мамлакат инъикоси ҳамаҷониба ёфтааст. Дар ин боб бори дигар таъкид шудааст, ки адолати судиро дар кишвар танҳо мақомоти судӣ таъмин карда метавонанд. Ягон мақомоти давлатии дигар ва ашхоси бегона ҳаққи дахолатро ба кори судҳо надошта, онҳо адолати судиро таъмин карда наметавонанд.
Бо гузашти солҳо ва таҳаввулоте, ки ба вуқӯъ мепайванданд,   дар   ҷомеаи пешрафта ва рӯ ба рушд   қонунҳо нав гардида, такмил ёфта, ҳамзамон ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ гузаронда мешавад.   Дар давоми 90 соли сипаришуда ҳокимияти судии кишвар роҳи пурпечутобро паймуда, пушти сар гузошт. Дар ҳар як марҳалаи таърихӣ судҳо аз манофеи мардум ҳимоят карда, вазифаи ба дӯш доштаашонро сарбаландона, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ  иҷро менамоянд.

Нигина РАЗЗОҚОВА,
корманди дастгоҳи суди ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2014    №: 197    Мутолиа карданд: 609

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед