logo

ҳуқуқ

ҲОКИМИЯТИ СУДӢ – ПОЯИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Аскаралӣ АМОНЗОДА,
судяи суди вилояти Хатлон         
                                          

Дар шароити ҳозира, вақте ки бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро  ҳадаф қарор додаем, аҳамияти ҳокимияти судӣ чун омили муҳими пешрафти ҷомеа бағоят меафзояд. Дар Тоҷикистони соҳибихтиёр, ба мисли тамоми давлатҳои дунё, ки дар он ҷо волоияти қонун муқаррар шудааст, ҳокимияти судӣ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат аҳамияти бузурги ҳокимияти судиро дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва манфиатҳои иҷтимоии онҳо, инчунин дар кори ба амал баровардани адолати судӣ дарк намуда, ба фаъолияти онҳо диққати махсус медиҳанд.
Мақомоти адлия ва судҳо аз рӯзҳои аввали таъсис дар самти татбиқи қонунҳо, ҳифзи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми назаррас гузоштаанд. Таҷрибаи ғание, ки онҳо дар ин соҳаи аҳамияти бузурги сиёсидошта ғун кардаанд, сазовори омӯзиши аҳли ҷомеа ва тадқиқоти илмии олимон мебошад.
Кормандони Шӯрои адлия бахшида ба 90 - солагии судҳо китобе таълиф намуда истодаанд, ки он аҳли ҷомеаро аз таърих ва фаъолияти мақомоти адлия ва судҳои Тоҷикистон воқиф мегардонад. Дар баробари баёни мухтасари гузашта ва имрӯзаи мақомоти адлия ва судҳои Тоҷикистон дар китоб оид ба кору фаъолияти онҳое, ки хиштҳои аввалини бинои адлу инсофро дар соҳаи судӣ гузошта, барои таҳкими қонуният, адолат, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии халқ саъю талош намудаанд, маълумот гирд оварда шудааст.
Халқи тоҷик номҳои Т. Сайфиддинов, нахустин раиси Комиссариати халқии адлияи ҶМШС Тоҷикистон (18 феврали соли 1925), М. Саъдуллоев (солҳои 1927-1931), С. Ҳоҷиёров (солҳои 1931-1933), Чинор Имомов  (тав.1898,вафот 1939), Бобо Ҳамдамов (тав. 1902, вафот 1972, солҳои 1929-1932 раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон буд), Маҳмуд Исмоилов (тав.1910, вафот 1990), Ҳабибулло Назаров (тав.1907, вафот 1978) ва дигар кормандони мақомоти адлия ва судро, ки барои барпо кардан, тараққӣ додан ва мустаҳкам намудани низоми ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон содиқона мубориза бурдаанд, дар лавҳаи хотири худ то абад нигоҳ медорад. Поси хотири онҳо ва донистани саҳифаҳои рангини ҳаёти пуршарафашон барои наслҳои ҳозира ва оянда аз аҳамият холӣ нест.
Агар мо ба таърихи мақомоти адлия ва судҳо назар андозем, мебинем, ки пешрафти онҳо ба давраи баъди Инқилоби Октябри соли 1917 зич алоқаманд буд. 2 сентябри соли 1920 Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бо қарори махсуси худ судҳои соф қозигии тоинқилобиро расман барҳам дода, таъсиси судҳои шӯравии халқӣ  ва судҳои қозигии халқиро эълон намуд. Ин судҳо ҳангоми таъмини адолати судӣ қонунҳои Русияи шӯравӣ ва ҶМШС Туркистонро ба роҳбарӣ мегирифтанд. Тамоми судҳо ба Нозири адлияи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) тобеъ буданд. Судҳо манфиати аҳли меҳнатро ҳимоя карда, ба муқобили босмачигарӣ муборизаи беамон мебурданд ва бо роҳандозии корҳои тарғиботиву тарбиявӣ маърифати ҳуқуқии мардумро баланд мебардоштанд.
Низомнома дар бораи сохтори суди ҶХШБ, ки Кумитаи марказии иҷроияи Умуми Бухоро 5 январи соли 1924 қабул кард, кори мақомоти судиро боз ҳам демократитар сохт. Чунончи, мувофиқи ин санад дар судҳои қозигӣ ҳангоми баррасии коллегиалии парвандаҳо машваратчиёни халқӣ иштирок мекарданд. Ҳоло бошад, ба шарофати истиқлолият дар баррасии коллегиалии парвандаҳо машваратчиёни халқӣ ширкат намеварзанд.
Моҳи октябри соли 1924 суди округии Бухорои Шарқӣ таъсис дода мешавад, ки он яке аз аввалин судҳое ба шумор мерафт, ки аз рӯи намунаи судҳои Русияи шӯравӣ барпо шуда буд. 28 феврали соли 1924 бошад, КИМ Умуми Бухоро қарор қабул кард, ки дар тамоми қаламрави ҶХШБ кодексҳои ҷиноятӣ, ҷиноятӣ-мурофиавӣ, шаҳрвандӣ, шаҳрвандӣ-мурофиавӣ, кодексҳо дар бораи меҳнат, ақди никоҳ, оила ва васояти Русия бо баъзе ислоҳот ва таҳрири дахлдор ҷорӣ мешавад.
18 феврали соли 1925 Тоҷиддин Сайфиддинов аввалин раиси Комиссариати халқии адлияи ҶМШС Тоҷикистон таъйин мешавад. Ин мақомоти судию прокурорӣ дар қаламрави Тоҷикистони онвақта ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аҳолӣ корҳои зиёдеро анҷом дода, пеши роҳи ҳаргуна қонуншиканиҳоро мегирифтанд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон дар бобати мустаҳкам намудани мақомоти судӣ шуъбаи тоҷикистонии Суди Олии ҶШС Ӯзбекистон ташкил гардид. Он фаъолияти худро то соли 1927 давом дод. Баъд  ин шуъба барҳам дода шуд ва ба ҷойи он Сарсуди ҶМШС Тоҷикистон таъсис ёфт, ки иҷлосияҳои доимии вилоятии он судҳои округиро иваз карданд. Ҳамин низоми судӣ дар ҶМШС Тоҷикистон то соли 1929, яъне то ба ҳайати ИҶШС ба сифати ҷумҳурии комилҳуқуқи иттифоқӣ дохил гардидани он давом кард.
Моҳи сентябри соли 1929 бо қарори Кумитаи Марказии иҷроияи ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи аз нав ташкилкунии муассисаҳои судӣ дар РСС Тоҷикистон дар соли 1929» Сарсуди ҷумҳурии автономӣ барҳам дода шуда, ба ҷойи он Суди Олии ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт.
15 августи соли 1935 Президиуми КИМ  ҶШС Тоҷикистон Низомномаро дар бораи сохти судии ҶШС Тоҷикистон мавриди амал қарор дод. Ин санад амали низомнома дар бораи сохти судии ҶШС Ӯзбекистонро дар қаламрави ҶШС Тоҷикистон бекор кард. Мувофиқи он дар ҷумҳурӣ тартиботи ягонаи судӣ муқаррар гардид: суди халқӣ, суди вилоятии ВМКБ, Суди Олии ҶШС Тоҷикистон.
20 июли соли 1936 Комиссариати халқии адлияи ИҶШС таъсис дода шуд, ки ба ин муносибат прокуратура ва дастгоҳи тафтишотӣ аз доираи салоҳияти комиссариатҳои халқии адлияи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ хориҷ гардида, ба Прокуратураи ИҶШС дода шуданд.
Комиссариати халқии адлия соли 1946 бо қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ба Вазорати адлия табдил дода шуд. 24 ноябри соли 1958 Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон дар асоси Фармони Президиуми Шӯрои Олӣ, аз 17 ноябри соли 1958, дар бораи барҳам додани Вазорати адлия ва барпо намудани Комиссияи юридикӣ дар назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон қарор қабул намуд. Мувофиқи ин қарор Вазорати адлия барҳам дода шуда, салоҳияти тафтиши корҳои судҳои халқӣ ва назорати тамоми фаъолияти онҳо ба Суди Олии ҶШС Тоҷикистон дода шуд. Дар асоси қарори мазкур, инчунин роҳбарии давлатӣ ва идораҳои нотариалӣ, ба ҷо овардани корҳои оид ба омори судии ҷумҳурӣ ва назорат ба фаъолияти адвокатура ба зиммаи Суди Олӣ вогузор гардид.
Комиссияи юридикии назди Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон фаъолияти худро то соли 1970 давом дод. Ба ҷойи он Вазорати адлияи Тоҷикистон боз чун мақоми мустақили давлатӣ аз нав ба фаъолияти худ шурӯъ намуд. Он аз раёсату идораҳо, назири раёсатҳои адлия ва судҳо, асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маркази ҷумҳуриявии санҷиши судӣ ва криминалистӣ, нотариати давлатӣ, бойгониҳои давлатии нотариалӣ, гурӯҳи табъу нашр иборат буд.
Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ нақши калидӣ бозид. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд: «Фаъолияти судҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба ҳокимияти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат норавост».
Дар давоми солҳои соҳибис-тиқлолӣ бо ташаббус ва ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи сеюми давлат эътироф гардида, баҳри ба амал баровардани адолати судӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонд. Бовар дорем,  бо татбиқи пурраи барномаҳои қабулшуда, иҷрои дастуру супориш-ҳое, ки аз паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ҳокимияти судӣ минбаъд низ дар таҳкими қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ, дар маҷмӯъ рушди устувори ҷомеа нақши бориз мегузорад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2014    №: 197    Мутолиа карданд: 706

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед