logo

ҳуқуқ

ИФОДАГАРИ МАНФИАТҲОИ ОЛИИ МИЛЛАТ

Шоира СОТИБОЛДИЕВА,
мутахассиси пешбари бахши нашр ва маркази
иттилооти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё  карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Эмомалӣ РАҲМОН

Бист сол муқаддам аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати санади олии ҳуқуқӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи мамлакат қабул шуд. Ин санади муқаддасу тақдирсоз ва ифодагари манфиатҳои олии миллат роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаро муайян намуд.
Конститутсияи мо ҳамчун баёнгари таносуби воқеии ҳамаи неруҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда,  давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷуз аз хидмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои онҳо дигар ҳадаф надорад. Конститутсияе, ки мардуми шарифи Тоҷикистон барои худ ва наслҳои оянда қабул кард, бешубҳа, рӯи хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, милливу анъанавӣ, мазҳабиву таърихии кишвар такя мекунад.
 Таҳия ва қабули Сарқонун бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи давлатдориамон рух дод ва навтарин дигаргуниҳоро дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар ба вуҷуд овард. Қабули он саҳифаи нави таърихи сиёсии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд ва низоми миллии давлатдориро поягузорӣ кард. Ҷавҳари фалсафии Конститутсия аз андешаҳои адлу адолат, озодиву истиқлол ва баробарҳуқуқии тамоми аҳли башар маншаъ мегирад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст.
Ба назари мо, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият қабули Сарқонун аст, ки ҳоло дар арафаи 20 - солагии таҷлилаш қарор дорем. Он сарчашмаи асосии ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, худро чун қонуни асосӣ, қонуни тамоми қонунҳо муаррифӣ намуд. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуданд.  Халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.
Дар татбиқи амалии адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми демократӣ мебошад, нақши ҳокимияти судӣ хеле бузург аст.  Аз ин рӯ, баробари қабул гардидани Конститутсия ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва ислоҳоти судӣ оғоз ёфт. Дар ин замина нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, Шӯрои адлия таъсис ёфтанд. Бо мақсади таъмини мустақилияти судяҳо муҳлати ваколати онҳо даҳ сол ва синни пешниҳод ба вазифа то 65 - солагӣ муқаррар карда шуд. Баъдан дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ қонунҳои амалкунандаи вобаста ба фаъолияти судӣ бекор карда шуда, ба ҷойи онҳо 6 августи соли 2001 «Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фарогирии масоили ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла сохтор ва фаъолияти тамоми судҳои кишвар, ба ҷуз аз Суди конститутсионӣ, қабул гардид.
Маврид ба зикр аст, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули низоми судии кишвар, мустаҳкам гардидани сохтор ва ҳалли масоили иҷтимоии он, инчунин тавсеаи муносибатҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ ниҳоят бузург аст. Дар ин раванд, бо Фармони Президенти мамлакат, аз 23 июни соли 2007, «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» қабул гардид. Дар ин барнома, пеш аз ҳама, васеъ намудани ваколатҳои мақомоти судӣ бо роҳи таҳияву қабули қонунҳои нав ва такмили  санадҳои меъ-ёрии ҳуқуқии амалкунанда пешбинӣ шуда буд. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки тамоми тадбирҳои дар нақшаи барнома пешбинишуда дар муҳлатҳои муқарраргардида ба иҷро расиданд. Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби Президенти мамлакат ба имзо расида, мавриди амал қарор гирифтанд. Ба ғайр аз санадҳои зикршуда, тибқи барнома қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» ва «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба тасвиб расиданд.
Бояд гуфт, ки яке аз рукнҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ин дар дасти халқ будани ҳокимият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Таҳия ва қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва мувофиқи он васеъ намудани ваколати мақомоти судӣ низ ифодагари ҳамин мақсаду маром аст. Тибқи барномаи мазкур ваколати судҳо хеле васеъ гардид. Аз ҷумла, ба ҳабс гирифтани шахс, кофтукови манзили истиқоматӣ, шунидани гуфтугӯҳои телефонӣ ба салоҳияти судҳо вогузор шуданд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаву муассиса ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти  судӣ ва судяҳо, инчунин такмили қонунҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 январи соли 2011, «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Мувофиқи он, аз ҷумла ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Бо ин тағйиру иловаҳо марҳалаи аппелатсионӣ аз судҳои иқтисодӣ хориҷ гардид. Музди меҳнати судяҳо ба андозаи 100 дарсад зиёд карда шуд. Барномаи мазкур барои рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамзамон бо ин, бояд таъкид намуд, ки мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд.
Дар ин росто, Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 23 апрели соли 2014, зикр намуданд, ки ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Ба гуфтаи Президенти мамлакат, «…ҳоло барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст». Ин барнома бояд то охири соли ҷорӣ ба Президент пешниҳод карда шавад.
Хулоса, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо  дар таҳкими низоми судии кишвар нақши калидӣ бозид, балки роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овард, барои бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ,  нақшаву лоиҳаҳои созанда ва дар натиҷаи ин ҳама болоравии нуфузу эътибори кишвари соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ пойдевори боэътимод гузошт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2014    №: 198    Мутолиа карданд: 572

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед