logo

сафарҳо

БОЗДИД АЗ НОҲИЯҲОИ НОСИРИ ХУСРАВ ВА ШАҲРИТУСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

12 октябр, субҳгоҳон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҷамоати деҳоти Баҳори ноҳияи Носири Хусрав ташриф овард.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 ҷойи нишаст дар ду баст оғоз бахшид.
Тибқи лоиҳа, мактаб аз 2 бинои таълимӣ, бинои алоҳида барои толори варзишӣ ва дигар биною иншоот иборат буда, бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар майдони беш аз 3 гектар дар давоми ду сол бунёд гардида, дорои 26 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла як синфи компютерӣ бо 24 компютер ва дигар синфҳои фаннӣ ва ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ бо 220 ҷойи нишаст, ошхона бо 100 ҷой, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи хониш, майдони футбол ва дигар майдончаҳои варзишӣ хоҳад буд. Бо татбиқи ин лоиҳа мушкилоти нарасидани ҷойҳои нишаст ва омӯзгорон дар муҳлати кӯтоҳ бартараф хоҳанд шуд.
Дар ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии сокинон ва ҳунармандони ноҳия низ дидан кард. Дар намоишгоҳ аз ҷониби занони чирадаст намунаҳои зебои зардӯзию гулдузӣ, гилему қолинбофӣ ва дигар расму анъанаҳои хоси ин маҳал ба Роҳбари давлат муаррифӣ шуданд.
Аснои боздид ва суҳбати самимӣ Сардори давлат занону модаронро ба омӯзиши ҳунарҳои пурарзиши мардумӣ, равнақи расму оин ва омӯзонидани духтарон ҳидоят кард.
Дар ноҳияи Носири Хусрав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба Ҷамоати деҳоти Истиқлол ташриф оварда, нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои соҳа дидан намуд.
Дар ин ҷо беш аз 35 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ноҳияи мазкур истеҳсол мешаванд, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шуданд.
Дар натиҷаи истифодаи оқилонаи замин, ки аз ҳидоятҳои пайвастаи Сарвари давлат бармеояд, хоҷагидорон соли равон аз тамоми зироатҳо самараи дилхоҳ ба даст овардаанд. Хоса дар ноҳия аз кишти пахта, сабзавоту маҳсулоти полезӣ натиҷаҳо назаррас мебошанд.
Давоми солҳои охир аз ҳисоби фоидаи софи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 240 трактори нав ва дигар мошинолоти кишоварзӣ харидорӣ шудааст.
Дар  ин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни ҳосилғундорӣ дар хоҷагии намунавии деҳқонии «Шафоат» шинос шуд.
Хоҷагӣ 10 гектар замин ва 9 саҳмдор дорад. Дар 5 гектар пахта ва дар дигар қитъаҳояш зироатҳо кошта шудаанд.
Хоҷагидорон мақсад доранд, ки аз як гектар ба ҳисоби миёна 35 сентнер пахта ҷамъ намоянд.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Носири Хусрав як ҳазору 664 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд, ки аз ин 650 - то ба пахтакорӣ машғул аст. Кишоварзон дар 964 гектар кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба истифодаи оқилонаи замин ва гирифтани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои корам ҳидоят кард.
Аснои боздид аз хоҷагии деҳқонии Фатҳиддин, ки аҳли заҳматаш аз кишти сабзавот ҳосили фаровон рӯёнидаанд, Сардори давлат ба деҳқонони асил барои мусоидат дар таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар ва афзун намудани қудрати содиротии он арзи сипос намуд.
Аз суҳбат бо деҳқони асил Нуралӣ Суюнов аён гардид, ки ӯ аз ҳар га пиёзи барвақтӣ 45 - тоннагӣ ҳосил гирифта, дар ҷойи он такроран помидор кишт кардааст ва аз ҳар гектари он 30 - тоннагӣ ҳосил гирифтанӣ аст.
Аз масоҳати умумии заминҳои хоҷагии Фатҳиддин дар майдони 7 га пахта, қариб як гектар полезӣ, 0,5 гектар сабзавот кишт ва дар 1,5 га боғ бунёд гардидааст.

Аз ноҳияи Носири Хусрав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус ташриф овард. Дар даромадгоҳи ноҳия мардум Сарвари давлатро бо муҳаббату самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аввал корхонаи абрешимресии «Дук» ба кор дароварда шуд, ки нахустин чунин корхона дар вилояти Хатлон мебошад.
Корхона бо харҷи 5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Додарбек Мунавваров бунёд ёфтааст. Дар он 50 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, соҳиби кори доимӣ шуда, хеле хушҳол гардидаанд.
Корхона бо технологияи муосири чиноӣ муҷаҳҳаз шуда, имкон дорад, ки дар як сол беш аз 70 тонна пиллаи хомро коркард намуда, аз он риштаи хушсифати абрешим истеҳсол намояд.
Бо назардошти он ки танҳо дар ноҳияи Шаҳритус ин миқдор пиллаи хом истеҳсол намешавад, соҳибкор Додарбек Мунавваров бо пиллакорони 5 ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ҳамкории ба ҳар ду ҷониб судбахш ба роҳ мондааст. Ӯ кирмакпарварии онҳоро сармоягузорӣ карда, маҳсулоташонро барои коркард харид мекунад. Соҳибкор дар корхонааш парвариши инноватсионии кирмакро ташкил намудааст. Дар ин ҷо ӯ бори аввал парвариши такрорӣ ва ё тирамоҳии кирмакро ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда, бовар дорад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст меорад.
Соҳибкор бо шарикони ватанию хориҷиаш ҳамчунин 100 ҳазор бех ниҳолҳои хушсифати тут шинондааст, ки бо технологияи пешрафта нигоҳубин карда мешаванд.
 Дар назди ин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи дуюми ин соҳибкор, ки барои атласбофӣ пешбинӣ шудааст, оғоз бахшид. 40 нафари дигар дар ин корхонаи атласбофӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Иқтидори лоиҳавии корхона имкон медиҳад, ки дар як басти корӣ ё худ 8 соат беш аз 500 метри мураббаъ атласи хушсифати бозоргир истеҳсол шавад.
Тибқи нақша сохтмони корхона бояд дар муддати якуним сол ба анҷом расонда шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҳомид ва Қандови ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши онҳо бевосита шинос шуд.
Чунонки зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Қандов 20 гектар замин, аз ҷумла 18 гектар замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, асосан бо пахтакорӣ машғуланд. Майдони умумии кишти пахта 14 гектар буда, дар аксари он навъи «Тоҷикистон» кишт намудаанд ва аз ҳар гектараш бовар доранд, ки ба ҳисоби миёна 40 - сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.
Онҳо аз 3 гектар замини гандум ба ҳисоби миёна 48 - сентнерӣ ҳосил гирифта, дар ҷойи он кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Деҳқонон дар парвариши сабзавоту полезии кишти такрорӣ ҳам ба муваффақиятҳои калон ноил шудаанд. Натиҷаҳои назарраси кори ибратбахши онҳо, аз ҷумла зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ аён гардид. Деҳқонони Шаҳритус аз ҳар гектари каду ва тарбузу харбузаи зимистона 36 - тоннагӣ ҳосил рӯёнданианд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки ба кишоварзон барои дастрас намудани технологияҳои пешқадами истифодаи заминҳои корам ва тухмиҳои хушсифат ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Дар Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияҳои  Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои бартараф намудани мушкилу монеаҳои мавҷуда, татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои давлатии вобаста ба рушди ин ноҳияҳои ҷанубии кишвар супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои навсозии роҳҳои мошингард, бо техникаю мошинолоти кишоварзӣ таъмин намудани аҳли заҳмати деҳот, бо таҷҳизоти муосир ва мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин кардани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дастур дода шуд, ки дар маркази ноҳияи Носири Хусрав бозор бунёд намояд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2014    №: 199    Мутолиа карданд: 875

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед