logo

маориф

ШАРОИТ ХУБ АСТУ ДОНИШОМӮЗӢ БАД

Аз рӯзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, ба рушди мактабу маориф дар ноҳияи Тоҷикобод диққати ҷиддӣ дода мешавад. Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ навбунёд будани ин ноҳияро ба назар гирифта, барои пешравии ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан, мактабу маориф тамоми чораҳои заруриро андешиданд. Сабаб ҳамин буд, ки дар даврони истиқлолият дар ноҳияи Тоҷикобод то соли 2014 якчанд мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт. Дар назди баъзеи дигар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта шуд. Дар қаламрави ноҳия сохтмон барои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти умумӣ ба маблағи 4 миллиону 195 ҳазору 615 сомонӣ анҷом пазируфт, ки 2 миллиону 356 ҳазор сомонии он аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Боқимонда 660 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм, 316 ҳазору 100 сомонӣ аз Бонки ҷаҳонӣ ва 596 ҳазор сомонии дигараш аз ҳисоби ташилотҳои хориҷӣ барои рушду сохтмони мактабу маориф истифода гардид. Аз ин навсозиҳо барои таҳсилкунандагон қариб 6140 ҷои нишаст фароҳам омад.
Дар соли 2014 бошад, ҳамчунон сохтмонҳо идома ёфта истодаанд, аз ҷумла сохтмони қисмати дуюми бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6, деҳаи Нушор барои 240 ҷои нишаст, ба маблағи 1 миллиону 497 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои дуошёна дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8, деҳаи Сарипул иборат аз 8 синфхона ба маблағи 1 миллиону 646 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад. Баъди анҷом ёфтани сохтмон ин ду бино бо таҷҳизоти зарурӣ ва замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда мешаванд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ болопӯши биноҳои муассисаҳои таълимии рақамҳои 18 ва 19, деҳаҳои Мазори Боло ва Нушори Боло ба пуррагӣ иваз карда шуданд. Ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ дар интернати наздимактабии рақами 4, деҳаи Ширинчашма хобгоҳ барои писарон сохта ва мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмони чунин хобгоҳ барои духтарон ба маблағи 840 ҳазор сомонӣ оғоз гардидааст, ки то охири соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бошад, ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ дар назди бинои муассисаи таҳсилоти умумии асосии рақами 22, деҳаи Бӯстон ду синфхонаи иловагӣ ва дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии рақами 32, деҳаи Миразён синфхонаҳои иловагӣ сохта истодаанд. Зиёда аз ин, бо мақсади хубтар фаро гирифтани хонандагон барои таҳсил,  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии рақами 38, деҳаи Лангари Шоҳ ва рақами 32-и деҳаи Миразён ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии рақами 14 - деҳаи Одилобод, рақами 27 - деҳаи Дараи Нушор ва рақами 34 - деҳаи Ғанишоб ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил ёфтанд.
Дар ноҳия 43 адад муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки 8924 нафар хонандаро фаро  мегирад ва аз ин шумора 4029 нафарашон духтарон мебошанд. Инчунин 1 муассисаи томактабӣ ва маркази таҳсилоти иловагӣ вуҷуд дорад. Имсол дар назди се муассисаи таълимии ноҳия муассисаҳои томактабӣ кушода шуд.
Соли ҷорӣ 564 нафар хонандагон синфи 11-ро хатм намуданд, 93 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он дохил гардиданд. Бо вуҷуди оне, ки дар соҳаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия пешравиҳо ҳаст, вале сатҳи дониши хонандагон паст буда, аксари талабагон дониши казоӣ надоранд. Сабабҳои  ин кам будани муассисаҳои томактабӣ, нарасидани муаллимони боихтисос аз фанҳои риёзиёту табииёт ва кимиё, дониши сусти мутахассисони ҷавон, бахусус хатмкардагони Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт, бепарвоии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарони хонандагон мебошад. Омилҳои дигаре, ки ба сифати таҳсилот таъсири манфӣ мерасонанд, ин бе тайёрӣ ба дарс даромадан ва ба усули нави таълим дарс нагуфтани омӯзгорон аст. Баҳогузории дуруст ба дониши хонандагон яке аз сабабҳои бедоршавӣ ва ба хондан ҳавас пайдо кардани онҳо мегардад. Чунин омӯзгороне низ ёфт мешаванд, ки ба хонандагон  аз дониши доштаашон баландтар баҳо мегузоранд. Ин “олиҳимматӣ” низ ба зарари хонанда аст. Ба чунин хатоиҳо  роҳ додани муаллимон аз як тараф, агар аз надонистани меъёрҳои баҳогузорӣ, муайян карда натавонистани сатҳи дониши шогирдон ва хуб надонистани фан бошад, аз тарафи дигар, аз беназоратии маъмурияти мактабҳо ва кормандони шуъбаи маориф мебошад. Бояд қайд кард, ки аксари роҳбарон ва мудирони қисми илмии муассисаҳои таълимӣ дониши кофӣ надоранд, ки ба дарсҳои муаллимон даромада, онҳоро ба таври бояду шояд таҳлил намоянд. Инчунин, пурра таъмин набудани соҳаи маориф бо захираҳои моддӣ - таълимӣ, ба монанди китобҳои дарсӣ, маводи методӣ, китобхона, синфхонаҳо, мизу курсӣ, иншооти санитарӣ ва ҳатто оби нӯшиданӣ тоза ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона, то имрӯз ягон усули муайяне барои назорати сифати таҳсилот дар асоси пай дар пайӣ ва риояи стандартҳои мувофиқ дар муассисаҳои таълимӣ таҳия нашудааст.
Боиси хурсандист, ки муаллимони ноҳия сари вақт маошҳои худро мегиранд ва дархости мутахассисони ҷавон барои гирифтани  қитъаи замини наздиҳавлиӣ ба мақомот қонеъ гардонда шудааст.                                                                                          

Абдуҳалим ҲУСАЙНӢ,                                                         
ноҳияи Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.10.2014    №: 201    Мутолиа карданд: 564

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед