logo

ҳуқуқ

САНАДЕ, КИ БО АЗМУ ИРОДАИ ХАЛҚ ҚАБУЛ ГАРДИД

Хуршед ХОЛИҚЗОДА,
прокурори ноҳияи Ховалинг,
 мушовири адлияи дараҷаи 2

Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН


6 ноябри соли равон ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол пур мешавад ва ин санаи муҳими таърихӣ ҳамчун шаклгирии давлатдории демократӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин санади олии ҳуқуқӣ, ки бо азму иродаи халқ қабул гардид, Истиқлолияти давлатии тоҷиконро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонд ва чун шиносномаи миллату давлати Тоҷикистон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Қобили зикр аст, ки раванди таҳия, баррасӣ ва қабули Сарқонун дар шароити мураккабу печида, вале фазои озоди демократӣ сурат гирифт, ки назири онро таърихи гузаштаи давлатдории тоҷикон ёд надорад. Маҳз ҳамин амр баёнгар ва инъикоскунандаи оғози раванди бунёдгузории ҷомеаи наве мебошад, ки рӯи арзишҳои демократӣ устувор аст. Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад». Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навини тоҷикон омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши намоён бозид. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, арзишҳои умумибашариро бо дарназардошти хусусиятҳои миллии кишвар ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи миёни давлат ва шахс муқаррар гардиданд.
Яке аз талаботи асосии Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои амалкунанда мебошад. Мувофиқи  талаботи моддаи 93-и Сарқонун назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ тадбиқ менамоянд. Ҳамзамон ба зиммаи мақомоти прокуратура таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ вогузор гаштааст. Ин мақомот тавассути ба амал баровардани назорати прокурорӣ иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар кишвар таъмин менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ   Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ, 10 июли соли 2014, перомуни таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ  ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки: «Мақомоти прокуратура дар баробари назорати риояи қонунҳо ва ҳифзи сулҳу субот ва амният дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазо доранд». Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо дарназардошти нақши арзишманди прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа Ҳукумати кишвар ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони ин мақомот ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Аз соли 2000-ум то имрӯз ҳаҷми маблағгузории мақомоти прокуратура аз ҳисоби буҷети давлатӣ тадриҷан афзуда, музди меҳнати кормандони ин мақомот танҳо дар давраи зикршуда 50 баробар зиёд шудааст. Соли 2000-ум маоши миёнаи кормандони прокуратура 20 сомонӣ буд, вале имрӯз ин нишондиҳанда қариб 1000  сомониро ташкил медиҳад.
Дар шароити созмон додани давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи адолатпарвар ва арзиши олӣ эълон намудани ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, нақши назорати прокурорӣ дучанд афзуда, чун яке аз кафолатҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат аҳамияти бузургро дорост.
Дар моддаи 14-и Сарқонун таъкид шудааст: Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба  воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Кормандони прокуратураи ноҳияи Ховалинг дар баробари дигар самтҳои фаъолият ба инсон, ки ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт силсилаи тадбирҳоро амалӣ гардондаанд. Ин аст, ки боварии шаҳрвандон ба мақомоти прокуратура бештар гашта, муроҷиати шаҳрвандон чи хаттӣ ва чи шифоҳӣ ба прокуратураи ноҳия сол ба сол зиёд шудааст.
Масалан, агар муроҷиати хаттии шаҳрвандон дар соли 2012-ум 33 адад ва муроҷиати шифоҳӣ 66 ададро ташкил дода бошад, пас соли 2013 мутаносибан 36 ва 93 ададро ташкил додааст. Мо тибқи ваколатҳоямон аризаву шикоят ва дигар муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар бораи қонуншиканиҳо сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода, ҷавобҳои асосноку қонунӣ гардондем. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ бошад, 29 муроҷиати хаттӣ ва 54 муроҷиати шифоҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки ин низ  шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Ғайр аз ин, прокуратураи ноҳия баҳри амалӣ гардидану ба роҳ мондани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар байни аҳолӣ, хусусан сокинони ҷамоатҳои деҳот, корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотиро васеъ ба роҳ мондааст. Иҷрои назорати прокурорӣ ба фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, иштирок дар мурофиаҳои судӣ, ҷаласаҳои мақомоти идораи маҳаллӣ дар меҳвари фаъолияти  мо қарор гирифтааст. Агар ба таърих назар афканем, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии мақомоти прокуратура дар тумани Ховалинг (соли 1924), пас ноҳияи Ховалинг (соли 1930), сипас аз нав ташкилёбии ноҳия (соли 1983) то ба имрӯз роҳи тӯлоние тай  шудааст. Идораи прокуратура солҳои 1930-1958 дар ҳудуди чорбоғи шаҳрак (ҳудуди имрӯзаи матбаа ва рӯзномаи ноҳия) дар як хонаи хурди похсагин, солҳои 1983-2005 дар кӯчаи ба номи Восеъ, маҳаллаи Обшорон ва ҳудуди Чилчанор дар биноҳои истиқомативу похсагӣ ҷойгир шуда буд. Имрӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои кормандони соҳа тамоми шароитҳо муҳайё буда, идораи маъмурӣ дар бинои зебою барҳаво ҷойгир мебошад. Дафтарҳои корӣ бо компютер ва дигар воситаҳои электронии  ҳозиразамон таҷҳизонида шудаанд.
Хулоса, Сарқонуни кишвар, ки дар остонаи бистсолагиаш қарор дорем, ифодагари манфиатҳои олии миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти  қонун мебошад. Кормандони прокуратураи ноҳияи Ховалинг саъю талош доранд, ки ҷашни 20 - солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин санади олии ҳуқуқии кишварро сазовор пешвоз гирифта, дар самти назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  саҳмгузор бошанд.


 


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 16.10.2014    №: 201    Мутолиа карданд: 663

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед