logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ СУЛҲУ СУБОТ

Дар он рӯзҳое, ки лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардид, таваҷҷуҳи аксар давлатҳои ҷаҳон ба кишвари мо нигаронда шуда буд, ки ин давлат чӣ гуна роҳеро интихоб мекунад? Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол  Конститутсияи навро қабул ва худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кард ва дар моддаи аввал зикр намуд, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Афзалтар аз ҳама,  мафҳуми дунявӣ будан барои таҳкими робитаҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роҳи васеъ кушод.
Дар баробари қабул ва эълон доштани Конститутсия таъмини сулҳу суботи сартосарии кишвар ҳадафи асосии сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт. Барои ба ин мақсад ноил гаштан Конститутсия як қатор ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дод. Арзиши олӣ донистани инсон, риоя ва ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои ӯ, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд ёфтани Тоҷикистон, ошкорбаёнӣ дар нашриёт ва матбуот, мамнуъ доштани сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид дар таъмини сулҳу суботи кишвар заминаи боэътимод гузошт.   Аз ин рӯ, Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, барҳақ, пояи низоми давлатдорӣ ва кафили сулҳу суботи кишвар ба шумор мераванд.
Ҳоло ки халқи тоҷик бо шукргузории беҳад аз осоишу амнияти кишвар ва хидматҳои беамсоли Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини якпорчагии сарзаминамон  ҳарф мезананд, эҳтироми волоияти Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ шарти муҳим буда, онро бояд ҳар шаҳрванди кишвар қарзи ватандӯстонаи худ шуморад. Яъне,  ҳар шахс уҳдадор  аст, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  риоя карда, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон, ҳимояи марзу буми Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он,  ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангиро ҳадафи зиндагии озодонаи худ қарор диҳад. Уҳдадориҳои шаҳрвандон ба сифати шарти умумии ҳуқуқҳо бояд бо мақсади устуворию пойдории ин ҳуқуқу озодиҳо ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо, новобаста ба мавқеву мақоми ишғолнамудаи ӯ, дар ҷамъият хидмат кунад. Риояи қатъии талаботи конститутсионии ҳар шаҳрванд низ бо назардошти кафолатҳои ҳифзу устувории ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби давлат  аз ҳамин уҳдадориҳо  сарчашма мегирад. Чунин меъёрҳои ҳуқуқӣ - дар заминаи равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ инкишоф ёфтани Тоҷикистон, дар назди қонун ва суд баробар будани ҳамагон, кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳо  ба ҳар кас, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, иштироки ҳар кас дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат, озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбори омма, таҳти ғамхории давлат қарор гирифтани оила ва модару кӯдак, ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба манзил, истироҳат маҳаки масъулиятшиносии ҳар шахс дар назди қонун, халқ, давлат ва Ватани азизамон ба шумор мераванд.
Ваколатҳои назорат ва ҳифзи қонунияту адолат тибқи талаботи бобҳои ҳаштум ва нуҳуми Конститутсия бар дӯши ҳокимияти судӣ ва прокуратура вогузор шудааст. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ намуда, назорати риояи дақиқ ва иҷрои қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколатҳои худ татбиқ месозанд.
Вобаста ба ҳар як бобу моддаҳои алоҳидаи Конститутсия дар заминаи  талаботи раванди ҷомеасозӣ қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва сулҳу суботи кишвар таҳия ва қабул гардидаанд ва такмил хоҳанд ёфт. Ба ин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”, «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»,  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мисол шуда метавонанд.
Дар баробари рушду такомули матбуот, бахусус матбуоти мустақил, зарурати аз нав таҳия ва қабули қонуни нави матбуот ба миён омад. Бояд гуфт, ки ин қонун  нисбатан мукаммал буда, ба он мафҳумҳои тоза ворид гардиданд.
Дар моддаи 6-и қонуни мазкур- «Роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан» мамнӯъ будани интишорот оид ба халалдор кардани тамомияти марзӣ ва мустақилияти давлат таъкид ёфтааст. Бо дар назар гирифтани ҳамин талаботи қонун зикр кардан бамаврид аст, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботи кишвар назаррас аст. Дар ин бобат ҷомеаи имрӯза масъулияти азим бар дӯши аҳли матбуот вогузор намудааст. Яъне, дар шароити кунунӣ вобаста ба пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ ва  афзудани   воситаҳои техникии иттилоот вазифаи ҳар як рӯзноманигор аз он иборат аст, ки бо донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ,  фарҳангӣ мусаллаҳ бошад, то битавонад ҳар як далелро аз нуқтаи назари таҳлили амиқ, воқеъбинона, равшану шаффоф, дар заминаи ҳадафҳои рушди тафаккури солим инъикос намояд.
Таърихи на чандон дури даврони истиқлолият бармало собит намуд, ки матбуот  ҳамчун воситаи тавонои ташаккули афкори омма ҳамеша кишвару мардумро ба сӯи ҳадафҳои созанда ва сулҳу суботи сартосарӣ ҳидоят месозад. Яъне, ҳадаф аз фаъолияти воситаҳои ахбори омма бояд як бошад:  эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва табъу нашр, расидан ба қадри озодии сухан ва дар ин замина саҳм гузоштан дар рушди устувори ҷомеа ва  камолоти маънавии шаҳравандон.
Дар робита  ба ҳамин талабот муҳимтарин шарти таъмини волоияти қонун арҷгузорӣ  ба муқаддасоти миллӣ - рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Парчам, Нишон ва Суруди Миллист.      Зеро ин муқаддасот   ифодагари мақсаду мароми  ҳар фарди кишвар барои ҳифз ва таҳкими  сулҳу суботи кишвар маҳсуб меёбад. Ёдрас шудан бамаврид аст, ки ҳангоми қироати Суруди Миллӣ ва ё шунидани он даст ба сари сина ниҳодан исботи баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ хоҳад буд. Барои нодуруст қироат кардани матни Суруди Миллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо муқаррар шудааст.
Таъмин ва таҳкими  волоияти қонун, эҳтиром нисбат ба муқаддасоти давлатамон - Суруди Миллӣ, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шахрвандии ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, таҳти назорати доимии мақомоти прокуратура қарор доранд.


Қутбиддин ЗАЙМУДДИНЗОДА,
муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2014    №: 203    Мутолиа карданд: 682

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед