logo

муҳоҷират

Мушкили муҳоҷири тоҷикро осон намоем

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиаллоҳ Девонаев бо раисони ҷамъиятҳои умумӣ ва минтақавии тоҷикистониёни Русия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» Абдулло Давлатов, раисони ҷамъиятҳои тоҷикистониёни шаҳри Санкт-Петербург М. Мирзода, вилояти Челябинск И. Раҷабов, вилояти Иркутск И. Ҳикматуллоев, шаҳри Самара С. Мирзоев ва шаҳри Калининград С. Исоева иштирок намуданд.
С. Девонаев иброз намуд, ки мақсади асосӣ муҳокимаи мушкилоти муҳоҷират бо сохторҳои қудратӣ ва дигари дахлдори Федератсияи Русия ва якҷоя ҳал намудани онҳост.
Дар мулоқот масъалаи Анҷумани ҷамъиятҳои тоҷикистониёни Русияро, ки 5-уми ноябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ намуданд. Меморандуме, ки дар анҷуман дар бораи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷамъиятҳои  тоҷикистониёни Федератсияи Русия қабул хоҳад шуд, муҳокима гашта, иштирокдорон эроду пешниҳодҳои худро оид ба ин ҳуҷҷат иброз намуданд. 
С. Девонаев гуфт, ки бо мақсади ёрӣ ба оилаҳои муҳоҷирони фавтида ва муҳоҷироне, ки дар истеҳсолот маъюб шудаанд, ташкил намудани Хазинаи ҷамъиятӣ ва  ихтиёрӣ супурдани маблағ кори хайре хоҳад шуд. 
Раиси «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» А. Давлатов оид ба мушкилоти будубоши муҳоҷирон гуфт, ки бояд раванди муҳоҷират таҷдиди назар гардад. ӯ афзуд, ки масъалаи аввалиндараҷа квота буда, он бояд дар сатҳи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат ҳал шавад. Мавсуф қайд кард, ки баъзе аз субъектҳои хоҷагидории Калининград, Волгоград, Ростови лаби Дон, Рязан ва Краснодар муҳоҷиронро бурда, онҳоро истисмор намуда, маблағи корашонро намедиҳанд. Хуб мешуд, ки онҳо минбаъд бо созмонҳои ҷамъиятии мо ҳамкорӣ намоянд.
Саидасрор Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикистониёни шаҳри Самара, зикр кард, ки мӯҳлати бақайдгирии муҳоҷирон (се рӯз) хеле кам аст. ӯ аз Хадамоти муҳоҷират хоҳиш намуд, ки масъалаи мазкурро дида бароянд ва мӯҳлати бақайдгирӣ тамдид карда шавад.
Инчунин надоштани дафтарчаи меҳнатӣ мушкилоти дигарро ба вуҷуд меорад. Дар қайд мондани дафтарчаи меҳнатӣ зарур аст, то оянда муҳоҷири меҳнатӣ бо нафақа таъмин карда шавад.
Муҳаммадназар Мирзода, раиси ҷамъияти тоҷикистониёни шаҳри Санкт-Петербург, пешниҳод намуд, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ бояд корт дошта бошад ва дар он ному насаб, шуғл, тахассус ва ғайра дарҷ гардад.
Раисони ҷамъиятҳои тоҷикистониёни Русия тайёр будани худро ба ҳамкорӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷирони тоҷик, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, иброз намуданд.

Маҳбуба ГУЛОВА, нозири калони шӯъбаи ҳуқуқи Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1035

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед