logo

ҳуқуқ

НАҚШИ КОРМАНДОНИ ФАВРӢ ДАР ОШКОР КАРДАНИ ҶИНОЯТҲО

Дар Тоҷикистон  90 фоизи  ҷиноятҳо аз тарафи кормандони бахши кофтукови ҷиноии фаврӣ ошкор карда мешаванд. Ин нуктаро генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни ҷамъомад бахшида ба рӯзи таъсиси бахши кофтукови ҷиноӣ иброз дошт.

Вазир аз заҳмати шабонарӯзии кормандони фаврӣ ёдовар шуда, нақши онҳоро дар ошкор кардани ҷиноятҳо муҳим хонд.
Фаъолият, зиндагӣ ва рӯзгори корманди оперативӣ ба ҷустуҷӯи доимӣ пайванд аст, яъне  доимо бо атрофиён дар суҳбату муошират қарор дошта, нисбати олами биноӣ мушоҳидаҳои муфид анҷом медиҳанд. Корманди оперативӣ аз ҳар як дигаргуниҳое, ки дар табиату наботот, обу ҳаво, ҳаракати чорвою нақлиёт ва ғайра рӯй медиҳанд, инчунин аз суханронии одамон, имову ишорат ва ҳолати эҳсосотии онҳо хулоса мебароранд. Чунин ҷустуҷӯй имкон медиҳад, ки бисёр паҳлуҳои норавшани кору зиндагӣ рӯшан ва амалу кирдори ҷинояткорона ошкор шавад. Дар рӯзи ҷашни кормандони оперативӣ нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» таъсис дода шуд. Нишон  ҳангоми ба вазифаҳои баланд таъйин гардидан, иштирок дар конференсия, мизи гирд ва суҳбату вохӯриҳо, сафар кардан ба хориҷи кишвар ва  ғайра ба корманди милитсия имтиёзҳои муайян медиҳад.
То таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии  Сотсиалистии  Тоҷикистон, Сарраёсати милитсияи Бухорои Шарқӣ дар ҳайати 3 нафар фаъолият мекард. Азбаски ҳайати шахсӣ ниҳоят кам буд ва маблағу дастурамалҳо мавҷуд набуданд, шуъбачаи кофтукови ҷиноӣ ҳатто дар ҳудуди шаҳри Душанбе дуруст хизмат расонда наметавонист. Бо гузашти солҳо ва рушду нумӯи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолияти идораву сохторҳои давлатӣ низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Соли 1949 Раёсати кофтукови ҷиноӣ аз тобеияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ихтиёри Вазорати бехатарии давлатӣ гузошта шуд ва соли 1955 аз нав ба ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ баргардонда шуд. Он вақт дар ҳайати хадамоти кофтукови ҷиноӣ шуъбаи ошкоркунии ҷиноятҳои солҳои пешин, гурӯҳҳои таҳлилӣ ва ахборӣ созмон дода буданд. Соли 1950 медали «Барои хизматҳои шоён дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ» таъсис ёфт.  Яке аз аввалинҳо шуда, кормандони оперативӣ Иван Бахтизин, Петр Тӯраев  ва Ҳайдар Очилдиев ба ин медал сарфароз шуданд. Соли 1969 дар Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба ҷои Сарраёсати милитсия  раёсатҳои нав таъсис ёфтанд, Сарраёсати кофтукови ҷиноӣ низ аз ҷумлаи ин раёсатҳо буд.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2014    №: 205    Мутолиа карданд: 530

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед