logo

ҳуқуқ

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ

Муртазо РАҲМОНЗОДА,
прокурори ноҳияи Ванҷ,
мушовири адлияи дараҷаи 3

Дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бори нахуст 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, бевосита аз ҷониби халқ қабул шуда, азму ирода ва мақсаду мароми сокинони кишварро таҷассум намуд.

Тибқи Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон шуда, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардиданд.
Конститутсия ба сифати санади олии ҳуқуқӣ заминаҳои қонунии пешрафти ҷомеаро муайян намуда, барои қабули қонунҳои нав ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард. Ифода гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ аз демократӣ будани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Бояд гуфт, ки Сарқонуни кишвар Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сухан-рониҳои худ пайваста кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муваззаф месозанд, ки дар ҷараёни тафтишу баамалбарории адолати судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба таври қатъӣ риоя намоянд. Сарвари давлат зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ (10 июли соли 2014) дар иртибот ба ин мавзӯъ иброз доштанд, ки: «Тоҷикистон оид ба таъмини волоияти Конститутсияву қонунҳо, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс ва дар асоси мустақилияту баробарӣ таъмин намудани принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамаи тадбирҳои заруриро тибқи меъёрҳои муосир амалӣ мегардонад». Ба таъкиди Президенти мамлакат, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки арзиши олии ҷомеаи мо эътироф шудаанд, самти афзалиятноки фаъолияти худ ҳисобида, қабули шаҳрвандон ва баррасии холисонаву ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳоро боз ҳам тақвият бахшанд.
Кормандони прокуратураи ноҳияи Ванҷ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат нақшаи вижаи чорабиниҳо тартиб дода, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро тақвият бахшиданд. Дар ҷамоатҳои деҳот, корхонаву муассисаҳо, бахусус муассисаҳои таълимӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, кормандони масъули соҳаи маориф, имомхатибон ва дигар қишрҳои ҷомеа баргузор намудани суҳбату вохӯриҳои судманд оид ба риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳукми анъана даромадааст. Мо минбаъд низ барои таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он аз ҷониби ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва ҳар як шаҳрванд тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро бо масъулияти баланд ва дасту дили пок амалӣ менамоем.
Имрӯз ҷомеаи башарӣ дар ҳолати таҳаввулоти куллӣ қарор дорад ва ин дигаргуниҳо ба пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа таъсири амиқ мегузоранд. Дар шароити шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ва мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза он кишварҳое бештар худро аз таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ дошта метавонанд, ки дорои низоми ҳуқуқии пешрафта ва санадҳои меъёрии ҳуқуқи комил бошанд. Хушбахтона, мо низоми пешрафтаи ҳуқуқӣ дорем ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои умумибашарӣ таҳия ва қабул гардида, аз ҷониби коршиносони як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо баҳои баланд гирифтааст.
Бояд гуфт, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар таҳкими давлату давлатдорӣ, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ бозид. Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2014    №: 206    Мутолиа карданд: 533

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед