logo

ҳуқуқ

САРҚОНУН - АСОСИ ПОЙДОРИИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

Хушнуд ШАРИФОВ,
мутахассиси пешбари
шуъбаи ҷамъбасти амалияи судӣ ва
арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон   

Таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ба давраи басо душвори таърихи навини тоҷикон рост омад. Роҳбарияти тозаинтихоби давлат ба хубӣ дарк мекард, ки яке аз вазифаҳои асосии марҳалаи аввали Истиқлолияти давлатӣ ба маҷрои конститутсионӣ ворид намудани кишвар, фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Зеро Конститутсияи соли 1978 дигар имкони ифодаи таҳаввулот ва дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқии дар Тоҷикистон баамаломадаро надошт. Бахусус, он тағйиру иловаҳои беасоси аввали солҳои 90-ум, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери фишори майдонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба Конститутсия ворид шуд, ба манфиати давлат ва ҷомеа набуд, вазъи ҷорӣ ва воқеияти кишварро ифода карда натавонист.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъкид гуфтанд, ки: «Танҳо дар соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олӣ даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 2 Президент ва 5 Ҳукумат иваз гардиданд, ки дар маҷмӯъ вазъи ҷомеаро на ором, балки бениҳоят мураккаб сохт».
Роҳбарияти давлат ва Ҳукумат дарк менамуданд, ки аслҳои (принсипҳои) асосии давлат ва давлатсозии тоҷикон дар аввалин санадҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, аз қабили Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 августи соли 1990), Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9 сентябри соли 1991) бояд ҳукми конститутсионӣ гирифта, дар Сарқонун инъикоси худро ёбанд. Зеро дар санадҳои зикршуда бори нахуст арзишҳои муҳими давлатдорӣ, аз ҷумла масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи Тоҷикистон ва давлати миллии он, эҳтироми тамоми халқу миллатҳо, таъмини зиндагии шоиста барои ҳар инсон, инчунин як қатор арзишҳои умумиэътирофшудаи давлатдории демократӣ, назири бунёди давлати демократии соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои он, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, бисёрҳизбӣ, мустақилияти давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ ва эътирофи шаклҳои гуногуни моликият эълон гардида буданд.
Дар миёни арзишҳои умумиэътирофшудаи зикргардида, асли таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёд мавқеи хоса дошта бошад ҳам, аммо он бори аввал дар банди 3-и Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардид, ки тибқи он «ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад». Ин назария дар таърихи давлатдории тоҷикон, алалхусус дар давраи дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданамон низ барои мо бегона буд.
Бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои зикршуда дар боби «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ҷойи намоёни худро ёфтанд. Гузашта аз ин, бо қабули Конститутсия ба ҳамагуна нофаҳмию иғвоҳо дар хусуси ба минтақаҳои алоҳида тақсим шудан ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистон, қобилияти бунёди давлати миллии худро надоштани тоҷикон хотима гузошта шуд.
Дар ҳамон вазъияти душвор бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гаштани Конститутсия ба дили шаҳрвандони мамлакат шуълаи умед ва бовариро ба ояндаи давлату миллат бедор намуд. Тавре ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавии бахшида ба 15-солагии Сарқонун зикр намуданд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».
Конститутсия фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият ва дастгоҳи давлатиро ба маҷрои конститутсионӣ ворид кард. Роҳбарияти олии мамлакат имконият ва захираҳои мавҷударо барои гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва якпорчагии Ватан, баргардондани гурезаҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона намуд. Ҳукумат баъд аз қабули Конститутсия ба фаъ-олияти созандагию бунёдкорӣ даст зад, ки минбаъд дастовардҳои назаррас ва тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷомеа онро ҳамроҳ буд.
Мо - ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба доми фиреби «ҳомиёни давлату миллат ва Конститутсия», ки сару садо бардошта, дастовардҳои дар муддати кӯтоҳ бадастомада, нақши Конститутсия дар таъмини суботи сиёсию иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти созандагию бунёдкоронаи давлату миллатро нодида мегиранд, наафтем. Фаромӯш насозем, ки халқи тоҷик бори аввал дар таърихи давлатдориаш Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон - сарнавишти таърихии худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардааст. Аз ин рӯ, эҳтироми иродаи халқ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ба илова, мо бояд бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш Сарқонунро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф намоем. Аз хотир набарорем, ки устувории Конститутсия ин пойдории ҷомеа ва давлат буда, устувории ҷомеа ва давлат аз пойдории Конститутсия башорат медиҳад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2014    №: 206    Мутолиа карданд: 749

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед