logo

ҳуқуқ

ҲУҶҶАТИ ТАЪРИХӢ

Зафар ҚОДИРЗОДА,
мутахассиси шуъбаи таъминоти ташкилии
фаъолияти судҳои Раёсати судҳои дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   
 


Ҳар як давлат фаъолияти худро тавассути Қонуни асосии худ ба роҳ мемонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун давлати мустақил соҳиби Қонуни асосӣ гардид. Сарқонуни кишвари соҳибистиқлоли мо, пеш аз ҳама, ҳуҷҷати таърихӣ буда, муносибатҳоро вобаста ба асосҳои сохтори давлатӣ, салоҳият ва ваколати ҳокимияти судӣ ва дигар самтҳои ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ба танзим медарорад.
Маврид ба зикр аст, ки устувории ҳар як давлат, бемайлон инкишоф ёфтани асосҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва пойдории арзишҳои он ба Конститутсия вобаста аст. Бо тақозои замон ва фароҳам омадани шароити таърихӣ илҳомбахш ва ташаббускори бевоситаи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари хирадманду сиёсатмадори дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Маҳз, бо саъю талошҳои пайвастаи Сарвари давлат моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав ташкил намуд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ олимон, коршиносон ва ҳуқуқшиносони шинохта дохил шуданд. Дар аввали моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи кории Комиссияи конститутсионӣ ду лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуд. Як лоиҳа ба шакли идораи президентӣ ва лоиҳаи дигар ба шакли идораи парламентӣ дахл дошт. Аъзои Комиссияи конститутсионӣ баъди омӯхтану баррасии лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба хулоса омаданд, ки шакли идораи президентӣ мувофиқ ва боэътимод буда, ба шароити мушаххаси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад. Раёсати Шӯрои Олӣ Комиссияи конститутсиониро вазифадор намуд, ки таклифу пешниҳодҳои мардумро оид ба такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирад ва ба он тағйироти лозимӣ дароварда, то 1 июли соли 1994 ба раёсат пешниҳод намояд. Лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-22 апрели соли 1994 дар матбуоти даврӣ интишор гардид ва баррасии он оғоз ёфт.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар раъйпурсӣ 2535437 нафар ё ки 94,4 дарсади аҳолӣ ширкат варзида, ба тарафдории қабули он 2352554 нафар ё 87,59 фоиз раъй доданд. Баъдан бо тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии ҷомеа 26 сентябри соли 1999 ва 21 июни соли 2003 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар асоси онҳо Тоҷикистон соҳиби порлумони касбӣ гардида, муҳлати ваколатҳои Президенти кишвар ба ҳафт сол ва судяҳо ба даҳ сол расонда шуд. Мутобиқи ҳамин тағйиру иловаҳо Шӯрои адлия таъсис ёфта, ҳокимияти судӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баромад.
Бо қабули Конститутсия Тоҷи-кистони соҳибистиқлол роҳи демократии инкишофро пеш гирифт. Ба тамоми ҷаҳон эълон намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимиятҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон нишон дода шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.
Ба назари мо, яке аз дастовардҳои бузурги Конститутсия, дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, ба рукни алоҳида ва мустақили ҳокимият ҷудо кардани ҳокимияти судӣ мебошад. Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаҳои асосӣ, усулҳои ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти судиро ба танзим дароварданд. Мувофиқи талаботи боби 8-и Сарқонун ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсия, дигар қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ҳифз менамояд. Ба ҳамин васила суд вазифаи конститутсионии худро ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ анҷом медиҳад. 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2014    №: 208    Мутолиа карданд: 488

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед