logo

ҳуқуқ

ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН – ҲАДАФИ ОЛИИ САРҚОНУН

Аслам ХОЛОВ,
раиси суди шаҳри Ваҳдат

Пас аз мустақил эълон гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ба таври куллӣ аз нав сохтани тамоми пояҳои ҳуқуқие, ки дар асоси онҳо давлати соҳибихтиёр ташкил ёфта, шаҳрвандонаш умр ба cap мебаранд, ба миён омад. Дар солҳои аввали таъсиси давлати соҳибихтиёри тоҷикон бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли ин масъала тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, ки ба рушди иқтисодиёт, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамуданд, ба тасвиб расиданд. Дар таҳияи лоиҳаи ҳамаи қонунҳои қабулшуда олимон, коршиносон, ҳуқуқдонҳои шинохтаи ҷумҳурӣ ширкат варзида, санадҳо аз ташхиси мустақилу боэътимоди созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони хориҷӣ гузаштаанд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ Конститутсияи худро дошта бошад ҳам, дар баробари тағйир ёфтани сохтори давлатӣ зарурати аз нав қабул намудани Сарқонун ба миён омад. Аз ин лиҳоз, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Инчунин, 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Конститутсия азму ирода ва мақсаду мароми халқи Тоҷикистонро таҷассум менамояд. Дар он халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардидааст.
«Мо халқи Тоҷикистон, - гуфта мешавад дар Сарқонуни ҷумҳурӣ,- қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди насли гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ карор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Мувофиқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикис¬тон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам меорад. Дар ҷумҳурӣ мувофики Конститутсия забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад. Забони русӣ бошад, ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Дар Сарқонун омадааст, ки: «Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизби сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд». Дар моддаи 8-уми ин санади олии ҳуқуқӣ гуфта шудааст: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳ наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад».
Қобили зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёр эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ба воситаи Сарқонун, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси Сарқонун қабулшуда бевосита ё бавосита ба ҳаёти шаҳрвандон, ба зиндагии ҳар як инсон дахл доранд. Мувофиқи меъёрҳои Сарқонун ва қонунҳои қабулшуда манфиати тифлон, фарзандони синни томактабӣ, мактабхонҳо, донишҷӯён, хизматчиёни ҳарбӣ, волидон, маҷрӯҳони ҷангу меҳнат, нафақагирон, камбизоатон, бекорон ҳифз мешавад. Сарқонуни Тоҷикистон ҳаёт, саломатӣ, озодӣ, шаъну шарафи инсон ва шаҳрвандро ҳимоя менамояд.
 Дар моддаи 42-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд». Барои ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ниҳоят муҳим мебошад.
Вале, вақте мо бо хонандагони мактабҳо, донишҷӯён, коргарону деҳқонон дар бораи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат мешавем, дармеёбем, ки аксари онҳо аз донишҳои ҳуқуқӣ чандон бархӯрдор нестанд, ба бисёр масъалаҳо сарфаҳм намераванд. Зарурият ва аҳамияти қонунҳои Тоҷикистонро дуруст дарк намекунанд. Аз ин лиҳоз, тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ ва Сарқонуни Тоҷикистон дар айни замон барои мардум аҳамияти хоса касб кардааст. Махсусан дар даврае, ки мо 6-уми ноябри соли ҷорӣ 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн мегирем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2014    №: 208    Мутолиа карданд: 584

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед