logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

Пиралӣ НАЗАРОВ,
 мудири кафедраи таърихи умумӣ ва
методикаи таълими таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, номзади илмҳои сиёсӣ


6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, таърихӣ ва ҳуқуқии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин санади олии ҳуқуқӣ Тоҷикистонро ба сифати давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Дар ин рӯзи таърихӣ маъракаи муҳими сиёсии дигар, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки ба раванди демократисозии ҷомеа дар марҳалаи нав такони ҷиддӣ бахшид. Дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон, новобаста аз вазъияти иҷтимоӣ - сиёсии кишвар, аз ҳамин давра сар карда, ба иҷрои чунин вазифаҳои аввалиндараҷа оғоз намуд:
- бедории маънавии халқ;
-пурра муътадил гардондани вазъияти иҷтимоӣ - сиёсӣ дар дохили кишвар;
-таъмини фазои ягонагӣ ва якдигарфаҳмӣ дар ҷомеа.

Чунон ки роҳи минбаъдаи инкишофи Тоҷикистон дар раванди демократисозӣ ва таҳкими низоми давлатдорӣ нишон медиҳад, қабули Конститутсия ва ташкили дигар институтҳои сиёсии кишвар, мисли институти президентӣ ва парламентӣ, аз бисёр ҷиҳат барои пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии давлат заминаи боэътимод гузошт. Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодагари орзую омол ва иродаи тамоми халқҳои кишварамон, таҷассумгари сохтори нави ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд қабул гардид. Он асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлати тозаистиқлоли моро дар шароити нави ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян намуд.
Конститутсияҳо ба сифати қонуни асосии давлатҳо дар марҳалаҳои алоҳидаи инкишофи ҷомеа, вобаста ба заруратҳои таърихӣ метавонанд тағйир ёбанд. Сарқонуни ҷумҳурии мо низ ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари баъди даврони шӯравӣ дар давраи гузариши ҷомеа аз сохти сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, иқтисоди бозорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият аз ҷониби халқ қабул гардидааст. Маълум, ки дар ин давра дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Маҳз бо ҳамин асос минбаъд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Тағйиру иловаҳои соли 1999 ба Конститутсия воридшуда, пеш аз ҳама, аз талаботҳои Комиссияи оштии миллӣ бармеомаданд, ки то андозае барои муътадил гардидани вазъи сиёсии Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 мусоидат намуданд. Гузашта аз ин, дар асоси ин тағйиру иловаҳо дар кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт, муҳлати ваколатҳои Сарвари давлат ба ҳафт сол, судяҳо ба даҳ сол расонда шуд. Тағйиру иловаҳое, ки дар соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, аз талаботи ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардондани қонуни асосии ҷумҳурӣ бармеоянд. Дар ин росто, заминаи асосии сохтори иқтисодии давлат - гуногуншаклии моликият роҳандозӣ гардид. «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад, ки дар заминаи он давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад». (Моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Вобаста ба ин, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, роҳандозии шаклҳои гуногуни моликият, дастгирии соҳибкории хусусӣ дар истеҳсолот, таълими ройгон ва шаклҳои дигари он, дар доираи санадҳои байналмилалӣ моратория эълон намудан ба ҳукми қатл амалӣ гардиданд.  
Таърихи навини кишварамон собит месозад, ки баъди қабули Конститутсия дар Тоҷикистон корҳои бузурги созандагӣ оғоз ёфтанд. Илова бар ин, дар кишвари соҳибистиқлоламон зарурати такмил ва қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба миён омад. Воқеаҳои аввали солҳои 90 - уми  асри XX, ҳаводиси  маълуми ҷанги шаҳрвандӣ,  ки   дар  натиҷаи онҳо фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ шуда, дар ҷомеа бенизомӣ ва қонуншиканиҳо ҳукмфармо буд, моро ҳушдор медиҳад, ки эҳтиром ва риояи қонунҳоро дар мадди назари аввал қарор диҳем.
Бо назардошти ин, баҳри амалисозии принсипҳои демократӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баъд аз қабули Конститутсияи нав, масъалаҳои таблиғоти донишҳои ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ба миён омад. Ҳамин буд, ки як қатор санадҳои муҳим, мисли Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 сентябри соли 1997, «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, аз  22 августи соли 1997, «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ба тасвиб расиданд. Мутобиқи ин санадҳо барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон тасдиқ шуда, вазорату идораҳо, иттиҳодияю ташкилотҳо ва корхонаҳои ҷумҳу-риявӣ уҳдадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо ҳуқуқшиносон, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешанд. Дар ин раванд корҳои зиёде ба сомон расида бошанд ҳам, сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Чӣ бояд кард, ки ҷомеа ба арзишҳои ҳуқуқӣ арҷ гузорад? Ин суолест, ки пайваста диққати моро ба худ мекашад.
Тавре маълум аст, мустаҳкам гардидани низоми давлатдорӣ бештар ба ташаккули фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон иртибот дорад. Имрӯзҳо асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояҳои таҳкими соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдату худшиносии миллӣ, арҷгузории арзишҳои миллӣ ташкил медиҳад. Дар ин раванд эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва умумидавлатӣ, соҳибистиқлолии кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллию сиёсӣ боло мегирад, ки дар амалигардонии ин сиёсатҳо тарбия ва донишҳои ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозанд.
Қобили зикр аст, ки татбиқи сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Тоҷикистон, беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва некуаҳволии аҳолӣ моро ба он ҳидоят менамояд, ки ба арзишҳои миллии давлат, бахусус ба масъалаи омӯзиш, эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунандаи кишварамон таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем. Бо назардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд, ки: «Эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар, таъмини волоияти қонун кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори осоишта, ободу осудагии ҳар як хонадон аст».
Чуноне ки ишора намудем, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар шароити печида гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон хеле муҳим мебошад. Бесабаб нест, ки ҷомеаи мутамаддин аз назари арҷгузории арзишҳои миллию фарҳангӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад. Ва мо аминем, ки маҳз ҳамин рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба қонунҳо, аз ҷумла ба Конститутсия метавонад маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардошта, ҷавононро аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ки суботу оромии ҷомеаро халалдор месозанд, боз дорад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2014    №: 209    Мутолиа карданд: 666

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед