logo

ҳуқуқ

ПОЯГУЗОРИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Шуҳратҷон СОДИҚОВ,
судяи суди шаҳри Ваҳдат

Конститутсия дар баробари муқаррар намудани сохти идоракунӣ, шакли давлатдорӣ ва низоми сиёсӣ, инчунин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро чун омили муҳими муносибатҳои ҷамъиятӣ кафолат медиҳад.

Ба таърихи гузаштаи давлатдории тоҷикон назар карда, мо пайдоиши аввалин Конститутсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин асос муқаррар кардани кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар ибтидои асри ХХ мебинем. Баъдтар бо тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ, дигаргуншавии вазъи сиёсӣ-иқтисодии давлат аз солҳои 20-ум то аввали солҳои 90-уми қарни гузашта тоҷикон панҷ маротиба Конститутсия қабул кардаанд. Чор Конститутсияи қаблие, ки дар Тоҷикистон амал мекарданд, дар замони шӯравӣ қабул шудаанд. Аз ин рӯ, дар конститутсияҳои пешин масоили ҳуқуқу озодиҳо ва кафолати онҳо низ дар як сатҳи муайян муқаррар гардида буданд. Аз сабаби он, ки ҳамон вақт низоми демократӣ вуҷуд надошт, ҳуқуқу озодиҳое, ки конститутсияҳо муайян менамуданд, аз татбиқи пурраи амали худ дар канор мемонданд.
Дар Конститутсияи нави Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ якдилона қабул гардид, дар муайян намудани низоми ҳуқуқу озодиҳо ва кафолату вазифаҳои асосӣ аз талаботу арзишҳои пешинаи моҳиятан сотсиалистӣ худдорӣ шудааст. Масалан, Конститутсияи нав акнун бартарии манфиатҳои ҷамъиятиро нисбат ба манфиатҳои шахсӣ ва моликияти сотсиалистиро вобаста ба дигар шаклҳои моликият бевосита эълон накард. Конситутсияи давраи истиқолол ба масъалаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеъ ва заминаҳои дигарро муайян намудааст. Тибқи талаботи Конститутсия давлат уҳдадор аст, ки ҳуқуқу озодиҳои ҳар як аъзои ҷомеаро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Мувофиқи талаботи моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва моликияти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд, тавассути ҳокимияти судӣ таъмин мегардад.
Дар баробари Конститутсия инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати онҳо нақши муҳим мебозанд. Кафолатҳои конститутсионии ҳуқуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар моддаҳои 14 ва 84 Конститутсия оварда шудааст. Тибқи талаботи ин моддаҳо ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд. Самти муҳими фаъолияти ҳокимияти судӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, дар ҳамин меъёрҳои моддаҳои мазкур ифода ёфтааст.
Ҳимоя ва кафолати ҳуқуқу озодиҳо на танҳо вазифаи ҳокимияти судӣ, балки дигар ниҳодҳои давлатӣ низ мебошад. Аз ҷумла, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», аз 17 майи соли 2004, ба сифати яке аз самтҳои асосии фаъолияти милитсия ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз кирдорҳои ғайриқонунӣ мебошад.
Бояд зикр кард, ки тағйироту иловаҳое, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид шудаанд, фарогири масоили мазкур низ мебошанд. Чунончи, мутобиқи талаботи моддаи 5-и Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ эътироф шудаанд. Ин тағйиру иловаҳо боз ҳам дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти мақомоти давлатиро баландтар бардошт. Дар баробари ҳимояи судии ҳуқуқу озодиҳо, қонунгузории кишвар ҳимояи ғайрисудии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро низ муқаррар намудааст. Ҳамин тавр, Конститутсия ҳамчун поягузори асосии кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меъёрҳоеро муайян намудааст, ки аз арзиши олӣ доштани ҳукуқу озодиҳо шаҳодат медиҳад.
Амалан, то чи андоза, дар кадом сатҳ ин муқаддасоти олӣ ҳифз ва татбиқ мешаванд, аз сатҳи донишу ҷаҳонбинии мутахассисон, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо вобаста аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2014    №: 210    Мутолиа карданд: 662

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед