logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ - САРЧАШМАИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Бузургмеҳр АСОЗОДА,
прокурори калони Раёсати Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд. Яъне дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мустақили мо муайян гардида, асосҳои конститутсионии ташаккул ва инкишофи минъбадаи он гузошта шуданд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Бист сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, аввалин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки ин падида дар таърихи давлатдории мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои сарнавиштсоз буд.
Конститутсия санади воқеан ҳам таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи муносибатҳои муҳими ҷомеа маҳсуб меёбад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навини тоҷикон омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши муассир дорад. Конститутсияи мо ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъиятӣ, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудудии давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд.
Яке аз нишонаҳои асосии ҳамагуна давлату давлатдорӣ соҳибихтиёрӣ - истиқлолияти он мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар воқеияти истиқлолияти миллиро сабт намуда, рушди озодонаи давлатдории тоҷиконро таъмин менамояд.
Давлатдории муосири тоҷикон анъанаҳои ниёгони худро идома дода, бунёди давлати соҳибистиқлолро дар асоси таҷзияи ҳокимият, анъана ва арзишҳои ҷаҳонӣ дар шакли давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафолати озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон таъмин мекунад.
Тӯли бист сол рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ таҳкиму такмил ёфта, барои мустаҳкам гардидани истиқлолияти воқеии кишвар шароити мусоид фароҳам омад. Бо гузашти солҳо бори дигар собит гардид, ки ба шарофати Конститутсия ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ комилан таъмин гардид. Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳояшон ба ин нукта ишора намуда гуфтаанд: «Шарти асосии шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар пайвастан бо ҷаҳони мутамаддин ва дар ҷомеаи башарӣ мақоми шоиста пайдо кардани миллати бостонии мо, эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо, таҳкими қонуният, садоқату вафодорӣ ба ватани аҷдодӣ ва заҳмати содиқонаю софдилона ба хотири ободии он мебошад».
Дар ҳақиқат имрӯз мо ҳаёти худро бе арзишҳои умумибашарӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тасаввур карда наметавонем. Конститутсияи навини Тоҷикистон муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро ба куллӣ тағйир дода, арзишҳои умумибашариро ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон ба сифати узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ояндадор эътироф гардидаст.
Ба шарофати ҳамин арзишҳои бузурги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷик баъди садсолаҳо давлати мустақилу соҳибихтиёр барпо намуда, ба субъекти мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Бо саъю кӯшиш ва талошу ҷонфидоиҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таклифу пешниҳодҳои Тоҷикистон дар умдатарин масъалаҳои байналмилалӣ қабул гардида, мақоми созанда ва нақши шоистаи он дар ҷаҳони муосир пайваста меафзояд.
Дар давоми 23 соли Истиқлолият давлати ҷавони мо ба мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ нигоҳ накарда, дар пешрафти босуръати сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба муваффақиятҳои калон соҳиб гашта, дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор ва боварибахш гузошт. Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат намуда, баҳри баланд бардоштани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам орад. Дар ҳамин замина, эҳтироми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бешубҳа Бахтномаи миллатамон аст, барои ҳар як шаҳрванди кишвар вазифаи ҷонӣ ва муқаддас мебошад.
Дар моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Аз ҳамин лиҳоз, дар ташаккули давлати нави ҳуқуқбунёд нақши мақомоти прокуратура ниҳоят муҳим аст, чунки фаъолияти онҳо аз назорати иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад.
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мақомоти прокуратура ва салоҳияти прокурорҳо боби алоҳида бахшида шудааст. Мутобиқи моддаи 93-и Сарқонун назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.
Назорати риоияи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо чӣ маънӣ дорад? Пеш аз ҳама, ин чунин маъно дорад, ки мақомоти прокуратура барои таъмини қонуният, яъне риояи якхелаю бечунучарои талаботи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии дигари амалкунанда аз ҷониби ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида масъул мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто зикр намуданд, ки: «Прокуратура яке аз сохторҳои муҳимтарини низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад».
Бо ин мақсад, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо; назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун аризиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдор; назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд, инчунин ниҳодҳое, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд; ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ; назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад; назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни суд ва дигар мақомоти салоҳиятнок; тафтиши ҷиноятҳо; таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм  ва  дигар  ҳуқуқвайронкуниҳо  якҷо бо  дигар  мақомоти  давлатӣ; иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо; ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо; иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо; эътироз, шикоят ва ариза овардан нисбат ба фармон, ҳалнома, ҳукм, таъйинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд, ба ҳисоб мераванд.
Яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти прокуратура ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб меёбад. Ҳамоҳангсозӣ амали мувофиқашуда буда, мақомоти прокуратура онро дар асоси салоҳият, ваколат, вазифа ва таҷрибаи худ ба амал мебароранд. Инчунин, ҳамкории соҳаи назорати прокурорӣ, робитаи доимии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ғайриҳуқуматиро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ пешбинӣ менамоянд. Омили зикршуда мавқеъ ва нақши мақомоти прокуратураро дар низоми ягонаи мақомоти давлатӣ муайян мекунад. Аз ин нуқтаи назар, мақомоти прокуратура ҷараёни риояи қонуниятро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ низ назорат намуда, барои бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси халалдор гардидани манфиатҳои давлат ва поймол шудани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандон мегарданд, чораҳо меандешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ 10 июли соли 2014 фаъ-олияти мақомоти прокуратураро ҳамаҷониба таҳлил намуда, дар назди кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, зикр карданд, ки мақомоти прокуратура дорои неруи бузурги кадрӣ ва сифатҳои баланди ахлоқиву касбӣ буда, қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд.
Вазифаҳое, ки Сарвари давлат дар назди кормандони мақомоти прокуратура гузоштаанд, ҳар яки моро водор менамоянд, ки фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, ба Ватан содиқонаю софдилона хидмат намоем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2014    №: 210    Мутолиа карданд: 609

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед