logo

ҳукумат

СТРАТЕГИЯИ РУШДИ НИЗОМИ ПАРДОХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАСДИҚ ШУД

29 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлиси навбатии Ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Ҷобиров Иброҳим директори генералии КВД Тоҷикаэронавигатсия, Анвар Махсудов ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шуҷоат Сироҷов директори иҷроияи маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар ва Сафар Каримов директори маркази татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона таъйин шуданд.
Ректори қаблии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Ғафурҷон Усмонов бо сабаби беморӣ аз вазифа озод карда шуд. Ҳамчунин аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Дар идомаи маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 ва 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин бора нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъмини рушди муътадили иқтисодиёти кишвар ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро аз вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодӣ ва молиявии Тоҷикистон номид.
Тавре зикр гардид, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба соли 2014-ум 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10% зиёд аст.
Чунонки таъкид гардид, Буҷети давлатӣ дар соли 2015 хусусияти иҷтимоии худро нигоҳ медорад, зеро беш аз 50% хароҷоти умумии он ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар рост меояд ва ин нисбат ба соли равон 17% зиёд мебошад. Танҳо барои афзоиши музди меҳнат, нафақа ва стипендия зиёда аз 400,0 миллион сомонӣ равона мегардад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 мувофиқи дурнамо ба андозаи 52 миллиарду 821 миллион сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи воқеӣ 7,2%, меъёри таваррум 7,5% ва индекси дефилятор 6,3% ба нақша гирифта шудааст.
Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015 ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 ва 2017 ба таври муфассал вазири молия Абдусалом Қурбонов гузориш дод. Дар баррасии ин масъала, ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок намуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015” бо назардошти таклифу пешниҳодҳои муфид ва хулосаҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Сипас ҳисоботи президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ оид ба рафти корҳои селексионӣ ва минтақабобкунӣ дар истеҳсоли тухмии картошка шунида шуд.
Чунонки зикр гардид, майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон ба маълумоти 1 сентябри соли равон 36,3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва аз ҳар гектар аз 160 то 400 сентнерӣ ҳосил бояд ҷамъоварӣ шавад. Тайи 9 соли фаъолияти илмию тадқиқотии пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ 8 навъи нави картошка эҷод шудааст.
Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки корҳоро барои эҷоди навъҳои нави пешпазак ва миёнапазаки картошка, васеъ намудани майдони кишти тирамоҳӣ, баҳорӣ ва такрории ин зироат чораҳои муассир амалӣ намоянд.
Бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025, Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2015, нақшаҳои генералии маркази ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони ҷаҳонии савдо ва дигар санадҳо тасдиқ карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои додани шиносномаҳои хориҷӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар ва омодагӣ ба мавсими зимистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, доир ба ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар ин самтҳо дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2014    №: 211    Мутолиа карданд: 9392

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед