logo

ҳуқуқ

Мактабу маориф - омили муҳимтарини амнияти миллӣ

Амонулло САЛИМОВ,
ректори ДАТ ба номи
Шириншоҳ Шоҳтемур,
доктори илмҳои кишоварзӣ,
профессор

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул гардид,  барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Дар Сарқонуни кишвар инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардидааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд, ки: «Қонун бояд, пеш аз ҳама, ба ҳифзу ҳимояи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ равона карда шавад, мавқеи шахсро дар ҷомеа мустаҳкам намояд ва барои истифодаи неруи моддиву маънавии вай, зиндагии осуда ва озоду шоистаи шаҳрвандон дар ҷомеа мусоидат намояд».
Ҳуқуқ доштани ҳар як инсон ба таҳсил, интихоби навъи таҳсил, иштироки озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеаро низ Сарқонуни давлатамон муқаррар намудааст. Дар моддаи 41-уми Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон нисбат ба таҳсил омадааст:  «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои  таълимии давлатӣ кафолат медиҳад». Қабули Конститутсияи Тоҷикистон барои рушди низоми маориф заминаи боэътимод гузошт, ки мисоли равшани онро дар фаъолияти бомароми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дидан мумкин аст.
Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, зеро таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум ба сатҳи инкишофи он вобастагии  зич дорад. Дар амалӣ гардидани ин ҳадафи муҳим ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони баландпояи ба меъёрҳои  бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Ҳамин гуна мутахассисонро Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тайёр менамояд.
Донишгоҳи аграрӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба як қатор дастовардҳои назарраси таълимию услубӣ, илмӣ, фарҳангию тарбиявӣ ноил гардид.  Ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати татбиқи барномаву стратегияҳо ва риояи дигар санадҳои меъёрии соҳаи маориф ва кишоварзӣ ҳамчун муассисаи такягоҳӣ фаъ-олият карда, дар таҳияи китобу дастурҳои дарсӣ, барномаҳои таълимию илмӣ ва тарҳрезии тавсияномаҳои технологияи парвариши зироату чорво корҳои назаррасро ба сомон расондааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз 23 апрели соли 2014, аз ҷумла  таъкид шудааст, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Бо ин мақсад дар ҳафт соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин ба он мусоидат менамояд, ки муассисаҳои таълимии кишвар ба талаботи ҷаҳонӣ наздик шаванду боз ҳам муҷаҳҳазтар гардида, шароити мусоиду муосирро барои илмомӯзии шогирдон муҳайё намуда, то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилотро таъмин кунанд. Хушбахтона, дар иҷрои ин банди Паём Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон пешсаф буда, дар соли таҳсили 2014 - 2015 ба куллӣ ба низоми кредитии таҳсил мегузарад. Тайёр намудани кадрҳои илмӣ - омӯзгорӣ дар асоси «Дурнамои тайёр кардани кадрҳои илмӣ - омӯзгорӣ дар ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур барои солҳои 2012-2020» ба роҳ монда шудааст.
  Соли 2011 Тоҷикистон ба «Конвенсия оид ба эътирофи дараҷаҳои тахассусии таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупо» ҳамроҳ шуд ва ин яке аз муҳимтарин рӯйдоди соҳаи маориф мебошад, ки барои рушди фазои ягонаи таҳсилоти олӣ, байни давлатҳои минтақаҳои гуногуни  олам равона шудааст. Дар ин самт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ таъкид намуданд, ки ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии мо ҳоло дар кишварҳои аврупоӣ эътироф мегарданд. Аз ин рӯ, дар раванди таълим омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ гардондани барномаю нақшаҳои таълимӣ барои гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот замина фароҳам меорад. Вобаста ба ҷорӣ намудани воситаҳои технологии муосир ва шаклҳои инноватсионии идоракунии раванди таълим ва боз ҳам ривоҷ бахшидани ҳамкориҳои тарафайн бо муассисаҳои таълимию илмии кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисону кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ раёсати донишгоҳ тадбирҳои судманд ва саривақтӣ меандешад. Ҳоло донишгоҳ бо 82 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 20 мамлакати хориҷӣ ва 16 ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар бахши таълиму илм созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Тайи солҳои таҳсили 2011 - 2014 тибқи созишномаҳои имзошуда дар Федератсияи Русия, Ҳолланд, Ирландия, Словакия, Юнон, Италия, Чехия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Маҷористон 307 нафар устодону олимони ҷавон сафари илмӣ  ва такмили ихтисос намуданд. Гузашта аз ин, 24 донишҷӯ мубодилаи таҳсил, 86 нафар таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ гузаронда, 56 нафар дар магистратура, 2 нафар дар аспирантура ва 3 нафар дар докторантура таҳсил  карданд. Дар донишгоҳ шаҳрвандони  Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар зинаи бакалавр, магистратура ва аспирантура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бо мақсади роҳандозии робитаи мустақим миёни донишҷӯёну омӯзгорон ва таъмини шаффофият ва воқеъбинонаи қабули имтиҳонҳо раёсат қабули имтиҳонҳои ҷориро  бо усули хоси тести анъанавӣ ва  тибқи барномаи махсуси компютерӣ  ба роҳ мондааст. Аз ҷониби ҳайати омӯзгорони донишгоҳ доир ба тамоми фанҳои таълимӣ барномаҳои намунавӣ, силлабусҳо (барномаҳои васеи корӣ), матни васеи лексияҳо, махзани саволҳои тестӣ, мавзӯъҳои корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор  дар шакли электронӣ мураттаб гардидаанд.
Аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои ҳайати омӯзгорон ва кормандон курсҳои такмили ихтисос аз рӯи низоми таҳсилоти кредитӣ, истифодаи технологияи муосир дар ҷараёни таълим ташкил ва гузаронда мешаванд. Бо мақсади тадриҷан вусъат бахшидан ба истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ - иртиботӣ дар раванди таълим ва дастрасии омӯзгорону кормандон ба маводи электронии иттилоотию таълимӣ, илмию методӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии раванди таълим семинарҳои омӯзишии усули таҳияи рӯнамоии (презентатсияи) дарсҳо барои омӯзгорон роҳандозӣ гардидааст. Инчунин, ҷиҳати татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар раванди таълим, фаҳмидани моҳияти низоми кредитии таҳсилот ва шаффофонаю воқеъбинона баҳо додан ба сатҳи дониши донишҷӯён семинарҳои омӯзишӣ барои тамоми ҳайати устодону омӯзгорон гузаронда мешаванд.
Профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ  якчанд китобу дастурҳои таълимиро ба нашр расонданд. Раёсати донишгоҳ барои ҳайати омӯзгорон ва кормандон курсҳои такмили ихтисос оид ба истифодаи технологияи муосир дар ҷараёни таълим ва низоми кредитии таҳсилот ташкил намуд.  Дар мавзӯи  «Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот бо назардошти иқтидори пойгоҳӣ ва ҳувияти миллии таълимгирандагон»  конфронси байналмилалии таълимӣ - методӣ баргузор гардид. Аз рӯи ихтисоси «Геоинформатика» магистратураи байналмилалӣ кушода шуд ва  ифтитоҳи магистратураи байналмилалӣ аз рӯи ихтисоси «Сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ» дар назар аст.
Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардондани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути ёриҳои суроғавии иҷтимоӣ чораҳои муассир андешида мешаванд. Масъалаи бархӯрдор будани омӯзгорон (хусусан омӯзгорони ҷавон) аз имтиёзоти муқарраргардида дар  мадди назари аввал қарор гирифтааст. Яке аз ин гуна имтиёзот, бо замини наздиҳавлӣ таъмин намудани устодону омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   замини наздиҳавлӣ дар масоҳати 10 гектар аз ҳисоби заминҳои лалмии мавзеи «Шоҳамбарӣ» -и  Корхонаи воҳиди таълимию таҷрибавии «Ҳисор»-и донишгоҳ  дар ноҳияи Ҳисор барои бунёди шаҳраки «Омӯзгорон» ҷудо гардидааст. Дар давраи аввал 33  устод ва 4 корманди ёрирасони донишгоҳ ва  дар давраи дуюм,  мутаносибан 47 ва 6 нафар соҳиби қитъаи замин гаштанд.
Дар сохтори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  парки технологӣ фаъолият менамояд, ки мақсади он  пайвастани илм бо истеҳсолот мебошад. Дар дохили парки технологӣ якчанд озмоишгоҳҳои  илмӣ - таълимӣ мутаҳҳид шудаанд, ки метавонанд дар асоси шартнома ҷиҳати санҷиши сифати тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дон, баҳодиҳии сифати хок ва мавҷудияти макро ва микроэлементҳо, тарҳрезии харитаҳои истифодаи замин, технологияи парвариши растаниҳои ситрусӣ, дарахтони сӯзанбарг, муайян намудани касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ дар шароити лабораторӣ хизмат расонанд. Ҳамзамон, дар парки технологӣ ба парвариш ва зиёд намудани зотҳои гуногуни моҳӣ машғул мебошанд.
Донишгоҳ дар баробари  он ки дар ҷумҳурӣ ягона мактаби олии кишоварзист, дар як вақт  яке аз марказҳои боэътимоди илмӣ низ ба шумор меравад. Бинобар ин,  раёсати донишгоҳ дар баробари дигар самтҳои фаъолият ба раванди корҳои илмию тадқиқотӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар Паёми Президент,  аз ҷумла омадааст, ки дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодии кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ба сатҳи рушди соҳа вобастагии мустақим дорад. Аз ин лиҳоз,  аҳли донишгоҳ тамоми неруи зеҳнӣ ва малакаи касбии хешро ҷиҳати таъмини иҷрои барномаҳои рушди соҳа ва баҳри васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ равона менамояд. Мавзӯъҳои банақшагирифташуда ба омӯзиши масъалаҳои муҳими истеҳсолот, ки аз талаботи иқтисоди бозорӣ ва шаклҳои гуногуни истифодаи замин бармеоянд, иборатанд.Ҳоло аз рӯи 10 лоиҳаи фармоишӣ ва 17 мавзӯи сарбории маҷмӯӣ тадқиқот гузаронда мешавад. Барои солҳои 2016 - 2020-ум  11 лоиҳа пешниҳод шудааст. Омӯзгорони майлу хоҳиши дифои рисолаҳои илмидоштаро раёсат ҳаматарафа  дастгирӣ намуда, фаъолияташонро дар ҳама зинаҳои тайёрӣ ва дифоъ зери назорат қарор медиҳад. Маҳз ҳамин ғамхориҳо боис гашт, ки 5 нафар  олими ҷавон бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ сазовор дониста шуданд.
Имрӯз беш аз пеш собит мегардад, ки тарбияи инсони  муосиру ояндасоз, соҳибмаърифат хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш дар рушди иқтидори иқтисодӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоли худ ҳиссаи муносиб гузоранд.
Забондонӣ ва санъати сухан дар инкишофи олами рӯҳии шогирдон нақши муҳим мебозад. Ҳар фарде, ки мехоҳад ҳамқадами замон бошад, бояд дар баробари забони модарӣ, ақаллан як забони хориҷиро донаду васоити технологияи иттилоотиро ба хубӣ азбар намояд. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани маърифати касбии устодон дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ, воридшавӣ ба системаи байналмилалии таҳсилот, татбиқи пурраи низоми кредитӣ, таъминот бо китобу дастурҳои дарсӣ, вобаста ба ихтисос донистани забонҳои хориҷӣ аҳамияти калон дорад. Раёсати донишгоҳ бо ин мақсад курсҳои омӯзиши забонҳои русиву англисиро ба роҳ мондааст ва ба хатмкунандагон ҳуҷҷат - сертификат дода мешавад. Дар соли таҳсили 2015 - 2016 аҳли донишгоҳ бо ҷалби бештари хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба курсҳои тайёрӣ, аз рӯи барномаҳои ММТ, омодагиро барои қабули довталабон амалӣ менамояд.
Мо барои тақвият бахшидани робитаи мустақим бо падару модарон ҷиҳати риояи муқаррароти  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  мунтазам суҳбату вохӯриҳо мегузаронем. Дар ҳамаи факултетҳо ассосиатсияи падару модарон ва омӯзгорон амал мекунад ва аксар масъалаҳои доғи рӯз дар онҳо баррасӣ мешаванд. Аз  ҷумла, бо зиёда аз 1200 волидайни донишҷӯён  вобаста ба раванди таълиму тарбияи фарзандон, қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, сару либоси тавсиявӣ мулоқот анҷом додем.
Баъзан сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон,  ноогоҳӣ аз муқаррароти Сарқонун  ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боиси пайдоиши омилҳое мегарданд, ки ба халалдор гаштани суботу оромии ҷомеа  мусоидат менамоянд. Бо мақсади пешгирии  амалҳои номатлуб миёни ҷавонон ва ҳамроҳ нашудани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ғаразноку ифротгаро дар мувофиқа бо вазорату мақомоти дахлдор вохӯриҳои судманди тарбиявӣ гузаронда шуданд ва минбаъд низ гузаронда хоҳанд шуд.
Таҷрибаҳои давлатдорӣ собит намудаанд, ки риояи ҳама гуна қонунҳо,  ҳуҷҷатҳои меъёрии дохиливу байналмилалӣ,  пеш аз ҳама, барои осудагӣ  ва  оромӣ дар ҷомеа замина мегузоранд.  Ҳар фард бояд дарк намояд, ки  тинҷиву амонӣ дар ҷомеа аз ҳар ҷиҳат ба риоя ва эҳтироми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як нуктаи қонунҳои амалкунанда вобаста буда, боиси пойдории давлат, таъмини субот  ва осудагии хонадону амнияти фарзандонамон мегардад.
Дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи илму маориф дар оянда низ мақоми калидии худро нигоҳ медорад, - омадааст дар Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чунин муносибат ба соҳаи маориф моро вазифадор менамояд, ки барои дар амал татбиқ намудани чунин сиёсати маорифпарварона якдилона саҳмгузор бошем.
Мо тамоми неруи зеҳнӣ ва малакаи касбии хешро баҳри амалишавии таъкидҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона месозем. Истиқлолияту соҳибихтиёрии давлати хешро муқаддас мешуморем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, мутахассисони ватандӯст, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир тарбия менамоем. Барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2014    №: 212    Мутолиа карданд: 643

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед