logo

ҳуқуқ

НАҚШИ ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ ДАР ТАЪМИНИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ

Аъзам БОБОҶОНЗОДА, 
судяи Суди ноҳияи Ишкошим

Моҳияти Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳифзи манфиат ва иродаи халқи Тоҷикистон буда, мувофиқи он меъёрҳое муқаррар шудаанд, ки таркиби сохтори ҷамъият, давлат ва низоми мақомоти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии шахсони мансабдор ва доираи салоҳиятҳои онҳоро муайян менамояд.
Дар маҳалҳо дар асоси  боби шашуми  Конститутсияи Тоҷикистон ҳокимияти маҳаллӣ бо ду низом: иҷроия ва намояндагӣ таъсис дода шудаанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ яке аз намудҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо буда, он дар ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Мутобиқи Конститутсия  мақомоти маҳаллии давлатӣ вазифадоранд, ки иҷрои якхела ва дақиқи Қонуни асосӣ, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои якҷояи онҳо, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.
 Вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 76,77,78,79,80 ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳоки-мияти давлатӣ» муайян месозад. Ма-қомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро тибқи Конститутсия ба роҳ монда, дар амалӣ намудани меъёрҳои он ба принсипҳои қонуният, ошкоро, демократӣ, масъулият дар назди аҳолӣ, мустақилият дар ҳалли масъалаҳо вобаста аз салоҳият, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастаҷамъӣ ва яккасардории фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ такя менамояд.
Дар маҳалҳо яке аз шохаҳои ҳо-кимияти маҳаллӣ мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар маҳал ба ҳисоб рафта, онҳо дар низоми мақомоти намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва ҷойи махсусро доро мебошанд. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ма-қомоти олии намояндагӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҳалҳо маҷлиси вакилони халқи вилоят, ноҳия ва шаҳр аст.
Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия мақоми интихобӣ буда, аз ҷониби интихобкунандагон бо роҳи интихоботи озод бо риояи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб  шуда,  ба он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, молу мулк, нажод ва мансубияти миллӣ, ҷинс, забон, маълумот, эътиқоди динӣ ҳуқуқи интихоб шудан ва интихоб  карданро доранд.
Салоҳият ва ваколатҳои раиси ҳокимияти маҳаллиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия, қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, танзим ва мустаҳкам намуда, имкон медиҳад, ки вазъи ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллиро дар низоми ҳокимияти давлатӣ муайян созанд. Раисони вилоят, шаҳр, ноҳия новобаста аз низоми ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои марзиву маъмурӣ мебошанд . Мақомоти намояндагӣ ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тибқи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар шакли қарор қабул менамоянд, ки онҳо дар воҳидҳои марзиву маъмурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Яке аз аломатҳои ҳокимияти халқӣ ҳамчун асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатию ҷамъиятӣ аст. Дар ин асно худидоракунии маҳаллӣ бошад, ҳамчун шакли баамалбарории ҳокимияти ба халқ тааллуқдошта эътироф гардидааст. Иштирок дар идоракунии корҳои давлат ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон буда, онҳо метавонанд танҳо бо шаклҳои муқаррарнамудаи Сарқонун дар он иштирок намоянд.  
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия гардид, зеро он аз ҷониби олимону коршиносони  Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳон эътироф шудааст.
Аз ин нуқтаи назар тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 20 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлат гардидааст, натиҷаи хирад ва заковати азими халқи Тоҷикистон меҳисобем. Зеро маҳз бо иродаи аксари  мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демократӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи  байналмилалӣ ба инобат мегиранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.2014    №: 213    Мутолиа карданд: 518

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед